logo

ҳуқуқ

РАҶАБМО ҲАБИБУЛЛОЗОДА: "КӮДАКОНИ АЗ ИРОҚ ОВАРДАШУДА БА ҲАЁТИ МУҚАРРАРӢ БАРМЕГАРДАНД"

Ҳамасола дар ҷаҳон 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ин сана бо роҳандозии чорабиниҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин, суҳбате доштем бо Раҷабмо Ҳабибуллозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз аввалин кишварҳои пасошӯравӣ буд, ки Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонда, як қатор уҳдадориҳои байналмилалиро оид ба ҳифзи он ба зимма гирифт.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (ВҲК) аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими давлатӣ мебошад.
Ҳоло ВҲК як мақоми махсусгардондашуда, мустақил ва мусоидаткунанда буда, фаъолияти он пурра ба ҳифзу ҳуқуқи кӯдак равона гардидааст. Чунончи, давоми соли сипаригардида ваколатдор 185 муроҷиати шаҳрвандро вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон баррасӣ карда, дар ҳалли як қисми он мусоидат намуд.
Чанде пеш бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кишвари ҷангзадаи Ироқ 84 кӯдак ба Ватан баргардонда шуд, ки яке аз иқдоми шоиста дар ҷаҳон ба шумор меравад. Созмонҳои байналмилалӣ ташаббуси Пешвои миллатро ҳамчун таҷрибаи нодир ва ибратомӯз барои дигар кишварҳо эътироф намуданд. Баъзе давлатҳои пешрафтаи дунё аз баргардондани ин гуна  кӯдакон худдорӣ намуда, онҳоро барои амнияти кишвар хатарнок мешуморанд ё ин ки барояшон афзалият намедиҳанд.
Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат нагузошт, ки кӯдакони мо дар ин кишварҳо азобу шиканҷа кашанд. Онҳо баъди ба Ватан баргардондан, мавриди тавонбахшӣ қарор гирифтанд. Имрӯз, аллакай, вазъи кӯдакон аз он рӯзе, ки баргаштанд, ба маънии мусбаташ фарқ мекунад.  Бо онҳо равоншиносон, кормандони иҷтимоӣ, мутахассисони соҳаи тиб кор карда истодаанд. Барои кӯдакон тамоми шароити будубош таъмин шудааст.
Чанде қабл мо ба муассисаи ислоҳии занона, ки дар шаҳри Норак аст, сафар карда, аз шароити будубоши нуҳ кӯдаке, ки ҳамроҳи модарашон ба сар мебаранд, огаҳ шудем.
Бояд гуфт, ки  ин муассиса ҷои кӯдакон нест. Лекин бо сабаби он ки дар ин синну сол кӯдакон ба ғамхории модар ниёз доранд, имрӯз қонунгузорӣ ҳамин гуна имкониятро  фароҳам овардааст.
Зимнан, лозим ба зикр мебошад, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон занҳое, ки адои ҷазо менамоянд, бояд кӯдакони то синни сесолаашонро бо худ гиранд. Барои кӯдакон дар ин муассиса шароити зарурии моддиву маишӣ муҳайё буда, бо хизматрасонии табибу равоншинос таъминанд. Азбаски хурданд ва ба ғамхории модар эҳтиёҷ доранд, онҳоро дар бинои алоҳида ҳамроҳ бо модаронашон нигаҳ медоранд.
Воқеан, ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо дар маркази диққати  Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Онҳо аз ҷониби давлат бо ҷои зист, хӯрок, сарулибос, маблағ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин мегарданд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.
- Бо мақсади омӯзиши вазъи риояи ҳуқуқи ин гурӯҳи кӯдакон кормандони  Ваколатдор  оид  ба ҳуқуқи кӯдак пайваста аз хонаи кӯдакон, мактаб - интернатҳо дидан намуда, мониторинг мегузаронанд. Аз санҷишҳои тайи чанд соли охир гузаронда, маълум гардид, ки барои таъмини шароити хуби нигоҳубини кӯдакон дар ин муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд, - иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2019    №: 104    Мутолиа карданд: 196

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед