logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӣ ВА ДАВЛАТӣ"

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, шахсони воқеию  ҳуқуқӣ, тартиби таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, инчунин манбаъҳои маблағгузории онҳоро  муайян мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода  мешаванд:
- нафақагир - шахсе, ки ба ӯ нафақа таъин ва пардохт мегардад;
- нафақаи заминавӣ – қисми нафақаи суғуртавии аз ҷониби давлат кафолатдодашуда, инчунин меъёри ҳисоби андозаи дигар намудҳои нафақа, ки дар  Қонуни мазкур  пешбинӣ шудаанд;
- нафақаи суғуртавӣ – пардохти пулие, ки барои шахси  суғурташуда дар низоми давлатии суғуртаи нафақавӣ таъин гардидааст; 
- нафақаи давлатӣ - пардохти ҳармоҳаи дарозмуддат, ки  ба сифати манбаи асосии  воситаи  зиндагӣ ба гурӯҳи шахсони  бо Қонуни мазкур муқарраргардида  таъин карда мешавад; 
-   нафақаи иҷтимоӣ - маблағи ҳар моҳ мунтазам пардохтшаванда, ки бо мақсади таъминоти иҷтимоии шаҳрвандон ба сифати дастгирии моддии гурӯҳи муайяни аҳолӣ мутобиқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад;
- суғуртаи ҳатмии нафақавӣ - шакли танзими давлатии муносибатҳои нафақавӣ, ки ба ташкили баҳисобгирии пардохти саҳмияи нафақавӣ асос ёфтааст;
- баҳисобгирии инфиродӣ - тартиби ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумоте, ки барои таъини нафақа дар низоми суғуртаи  нафақавӣ зарур мебошад;
- маҳрум шудан аз саробон -  ҳолати аз даст додани манбаи даромад  вобаста ба фавти саробони оила, ки аъзои корношоями он таҳти саробонии ӯ қарор доштанд;
- таъмини нафақаи  касбӣ – шакли таъмини нафақае мебошад, ки ба   кормандони кироя аз ҳисоби маблағи корфармо вобаста ба шароити махсуси меҳнат барои тадриҷан гум кардани қобилияти корӣ то расидан ба синну соли нафақавӣ пардохта мешавад; 
- иловапулӣ ба нафақа – маблағе, ки бар иловаи андозаи муқарраршудаи нафақа дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур таъин карда мешавад;     
- стандартҳои иҷтимоии давлатӣ - номгӯи нишондиҳандаҳое, ки андозаи ҳадди ақал ва меъёрҳои пардохтҳои иҷтимоии аз тарафи давлат кафолатдодашударо муқаррар менамоянд;
- индексатсияи андозаи нафақа – тағйир додани андозаи нафақаҳои таъиншуда бинобар дигар шудани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- захираи нафақавии инфиродӣ – маблағи дар суратҳисоби фардии захиравии шаҳрванд дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ё фонди ғайридавлатии нафақа мавҷуда;
- коэффитсиенти собиқаи суғуртавӣ – коэффитсиенте, ки давраи иштироки шахси суғурташударо дар низоми  суғуртаи нафақавӣ инъикос менамояд;
- маъюбӣ – нуқсёбии устувори саломатии инсон, ки аз  фаъолияти номӯътадили ҷисм дарак дода, ба қисман ё пурра гум кардани қобилияти корӣ оварда расонидааст;
- собиқаи суғуртавӣ - даврае, ки  шаҳрванд ё корфармо бо тартиби муқарраргардида саҳмияи суғуртавиро супоридааст ва он дар низоми суғуртаи давлатии  нафақавӣ ба назар гирифта шуда, барои таъин ва пардохти нафақа ҳуқуқ медиҳад;
- сармояи шартии нафақавӣ –  ҳаҷми умумии саҳмияҳои суғуртавие, ки ба ҳисоби мақомоти ваколатдори давлатӣ барои шахси суғурташуда гузаронида шудааст. 
Моддаи 2.  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва  давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳо ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- давра ба давра ташкил кардани низоми нафақаи бисёрсатҳие, ки сатҳи аз ҷониби давлат кафолатдодаи даромади шаҳрвандони ба нафақа ҳуқуқдоштаро таъмин менамояд;
-  муқаррар намудани нафақаҳои суғуртавӣ  ва давлатӣ, муайян намудани тартиби пардохти онҳо; 
-     бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин намудани сатҳи ба ҳадди ақалли зиндагӣ нигаронидашудаи пардохтҳои нафақавӣ;
- муайян намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои суғуртаи нафақавӣ;
- муқаррар кардани манбаъҳои маблағгузорӣ аз рӯи намудҳои таъминот ва гурӯҳҳои нафақагирон;
- фароҳам овардани шароит барои иштироки шаҳрвандон дар ташаккули маблағи нафақа ва идораи ҷамъиятии низоми таъминоти нафақа.
 2. Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде дахл дорад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд ва бо суғуртаи иҷтимоии нафақавӣ фаро гирифта шудаанд.
Моддаи 4. Принсипҳои  таъминоти  нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ
Низоми таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад: 
- танзими давлатии сатҳи даромади суғурташаванда ва пардохтҳои минбаъдаи суғуртавӣ ба шаҳрвандон;
- мутобиқати андозаи нафақаҳои суғуртавии таъиншаванда ба  ҳуқуқҳои андӯхтаи нафақавии шаҳрванд, собиқаи суғуртавӣ ва ҳаҷми даромади   суғуртагардида дар низоми суғуртаи нафақа;
 -масъулияти баробари давлат, корфармо ва шаҳрванд барои таъминоти нафақаи  шаҳрванд дар пиронсолӣ, маъюбӣ ва дигар ҳолатҳое, ки  Қонуни мазкур  пешбинӣ менамояд;
 - мутобиқгардонии механизми шарикии иҷтимоӣ ва танзими бевоситаи давлатӣ дар идоракунии низоми таъминоти нафақаҳои  суғуртавӣ  ва давлатӣ;
- таъминоти нафақаи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур муайян намудааст;
- бисёрҷанбагии манбаъҳои маблағгузорӣ ва ҳавасмандии иштироки  бахши ғайридавлатӣ дар таъминоти иҷтимоӣ ва нафақавии шаҳрвандон;
- аз нав тақсим кардани маблағ дар байни  шахсони суғурташуда.
Моддаи 5. Ҷалб намудани шаҳрвандон ба идораи  низоми таъминоти нафақа
Ҷалб намудани  шаҳрвандон ба раванди  таҳиясозӣ ва татбиқи сиёсати давлатии нафақа дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад.                 
Моддаи 6.  Низоми  таъминоти нафақа
 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  низоми ягонаи таъминоти нафақа иборат аз намудҳои зерин амал мекунад:
   -  таъминоти нафақаи  суғуртавӣ;
   -  таъминоти нафақаи давлатӣ.
Моддаи 7.  Намудҳои нафақа  ва таркиби  онҳо
1.Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои зерини нафақаҳои суғуртавӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:   
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ;
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон.
2.  Таркиби нафақаи суғуртавӣ  аз рӯи синну сол ва маъюбӣ аз қисмҳои заминавӣ, суғуртавӣ ва захиравӣ иборат мебошад.  
3. Қисми заминавии нафақа  – қисми нафақаи суғуртавии аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ба шахсоне, ки собиқаи суғуртавӣ доранд ва ба шартҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ҷавобгӯ мебошанд.  Қисми заминавии нафақа мувофиқи моддаи 12 Қонуни мазкур мутаносибан бо ҳадди ақалли зиндагӣ муайян ва муқаррар карда мешавад.
4. Қисми суғуртавии нафақа  –  қисми асосии нафақа буда, вобаста ба ҳаҷми сармояи шартии нафақавӣ бо назардошти собиқаи суғуртавӣ, музди миёнаи меҳнат ё дигар даромадҳои ба он баробаркардашудаи суғурташуда дар низоми суғуртаи давлатии нафақавӣ ба шахси суғурташуда муқаррар карда мешавад.
5. Қисми захиравии нафақа - иловапулӣ аз ҳисоби захираҳои инфиродии нафақавии шаҳрванд буда, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» дар асоси маълумоти дар суратҳисоби инфиродии захиравии шахс мавҷудбуда, ҳисоб карда мешавад.
6.  Нафақаи  суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аз қисмҳои заминавӣ ва суғуртавӣ иборат мебошад.
7. Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои зерини нафақаҳои давлатӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:
-  нафақаи иҷтимоӣ;
- нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нафақа барои собиқаи дарозмуддат дар хизмати давлатӣ.
8. Нафақаи давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда  мешавад.
Моддаи 8. Ҳуқуқ ба интихоби нафақа
Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани нафақаҳои гуногунро  доранд, аз рӯи интихобашон як намуди нафақа таъин карда мешавад.
Моддаи 9.  Салоҳияти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти нафақа
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи таъминоти нафақа салоҳиятҳои зеринро дорад:
- феҳристи шахсонеро, ки ба гирифтани нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
- мувофиқи феҳристи тасдиқнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муқаррар  менамояд;
- салоҳият, вазифа ва сохтори мақомоти давлатиро, ки суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, таъин, индексатсия, пардохт ва  дастрас кардани нафақаҳоро таъмин менамоянд, муайян мекунад;
- андозаи пардохтҳоро аз рӯи таъминоти давлатии нафақавӣ муайян менамояд. 
Моддаи  10.  Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа
Ба  салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа инҳо мансубанд:
-  ташкили таъин ва  пардохти  нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ;
- нигоҳдории маблағи барои пардохти нафақаҳо пешбинишуда, аз ҷумла саҳмияҳои суғуртавии нафақавӣ, захираҳои нафақавӣ ва даромад аз нигоҳдории онҳо, маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо пешбинӣ гардидаанд;
-  пешбурди суратҳисобҳои инфиродии захиравии  нафақавӣ;
- муайян намудани андозаи сармояи шартии нафақавӣ, ҳаҷми ҳисобномаҳои инфиродии нафақавӣ, коэффитсиенти собиқаи суғуртавӣ  ва дар асоси онҳо таҳия намудани дурнамои талабот ба маблағҳо барои пардохти нафақаҳои суғуртавӣ;
- ҳисоб ва муайян намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ.
 
БОБИ 2. ТАЪМИНОТИ НАФАҚАИ СУҒУРТАВӣ

Моддаи 11.  Ташаккул ва  таъминоти нафақаи  суғуртавӣ
1. Нафақаи суғуртавӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ба таври доимӣ дар ҷумҳурӣ истиқоматдошта, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошта,  бо суғуртаи ҳатмии нафақавӣ фаро гирифта шудаанд, таъин ва пардохт карда мешавад.
2. Пардохти саҳмияҳои суғуртавӣ барои  нафақаи  суғуртавӣ ҳатмӣ буда, аз ибтидои фаъолияти меҳнатӣ оғоз  мегардад.
3. Шартҳо ва тартиби суғуртаи нафақавиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Моддаи 12. Тартиби муайян намудани андозаи нафақаи заминавӣ
Андозаи нафақаи заминавиро ҳар сол  мутобиқи нишондиҳандаҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 13. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол
1. Нафақаи суғуртавӣ ба шахсони суғурташуда барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58  бо шартҳои зерин таъин карда мешавад:
- иҷрои ӯҳдадориҳо аз рӯи супоридани саҳмияи суғурта барои тамоми давраи он аз ҷониби суғуртакунандагон (корфармоён) ё бевосита аз ҷониби шахсони суғурташуда;
-  доштани собиқаи суғуртавии пардохтшуда на камтар аз 300 моҳ- барои мардҳо ва 240 моҳ- барои занҳо.
2. Ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол  бо истифодаи имтиёзҳои зерин ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд ва доимӣ истиқомат мекунанд:
- мардҳо – пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занҳо – пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
б) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд:
- мардҳо- пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи умумии корӣ на камтар аз 25 сол, аз ҷумла на кам аз 10 сол дар ноҳияи Мурғоб;
- занҳо- пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи умумии корӣ  на камтар аз 20 сол, аз ҷумла на кам аз 8 сол дар ноҳияи Мурғоб;
в)  шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизарӣ (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
г) маъюбони гурӯҳи I аз ҷиҳати биноӣ:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 10 сол;
д) иштирокчиёни рафъи оқибати фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
е) занҳое,  ки 5 ва ё зиёда аз он  кӯдак таваллуд карда, онҳоро то 8- солагӣ тарбия намудаанд ё кӯдаки имконияташ маҳдуд (маъюб аз кӯдакӣ) доранд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ  доштан,  ҳуқуқи дар синни   53 ба нафақа баромаданро доранд. 
3. Гурӯҳҳои алоҳидаи кормандони муассисаҳои шароити корашон зарарнок ва вазнин, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, бо мавҷудияти собиқаи пардохтгардидаи суғуртавии на камтар  аз 300 моҳ барои мардҳо ва на камтар аз 240 моҳ барои занҳо ҳуқуқ доранд, ки дар синни 53  (занҳо)  ва  58 (мардҳо) ба нафақаи касбӣ бароянд.
 4. Дар тамоми ҳолатҳои дигар нафақаи суғуртавии нопурра таъин карда мешавад.
Моддаи 14. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавии нопурра
1. Нафақаи суғуртавии нопурра ба шахсоне, ки ба гирифтани нафақаи пурраи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд, вале дар маҷмӯъ собиқаи суғуртавии пардохтшудаи на камтар аз 60-моҳа доранд, таъин карда мешавад.
2. Нафақаи суғуртавии нопурра ҳангоми фарорасии ҳолати суғуртавӣ мутобиқи Қонуни мазкур таъин ва пардохт карда мешавад.
Моддаи 15. Шартҳои таъини нафақаи  суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ
1.  Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ ҳангоми фарорасии гурӯҳҳои I, II ва III маъюбӣ, бо назардошти дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян кардааст, таъин карда мешавад.
2. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ новобаста ба сабабҳои маъюбшавӣ, давом ёфтани фаъолияти меҳнатии маъюб, инчунин новобаста ба он ки маъюбӣ ҳангоми кор, то фарорасии вақти кор ё баъди хотима ёфтани кор расидааст, таъин карда мешавад.
3. Барои таъин намудани нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ собиқаи суғуртавии на камтар аз 60-моҳа зарур мебошад.
4. То расидан ба синни муқарраргардидаи нафақа,  нафақа аз рӯи маъюбӣ барои давраи муайяннамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ  таъин карда мешавад. Ба шахсони маъюби аз синни дар моддаи 13 Қонуни мазкур муқарраргардида  боло нафақа аз рӯи маъюбӣ бе маҳдудияти мӯҳлат (якумра) таъин карда мешавад.
 5. Дар ҳолати вуҷуд доштани захираи нафақавӣ дар суратҳисоби махсуси инфиродии захиравии шахси суғурташуда, ки маъюб дониста шудааст, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ баъд аз расидани ӯ ба синни нафақавӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 16. Шартҳои таъини нафақаи давлатии суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон
1. Ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи саробони фавтида, ки дар таъминоти ӯ қарор доштанд, ҳуқуқ доранд. Оилаи саробони бе ному нишон гумшуда ба оилаи саробонаш фавтида баробар дониста мешавад, ба шарте ки бе ному нишон гум шудани саробон бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошад. 
 2. Аъзои ғайриқобили меҳнати саробони фавтидаи оила инҳо эътироф карда мешаванд:
- фарзандон, бародарон, хоҳарон ва наберагони ноболиғе, ки падару модари қобили меҳнат надоранд ва  дар шӯъбаи рӯзонаи муассисаҳои таълимии тамоми намудҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии маълумоти иловагӣ таҳсил менамоянд, то анҷом додани таҳсил, аммо на калонтар аз синни 23  ё калонтар аз ин синну сол, агар онҳо то расидан ба синни 18 маъюб гардида бошанд;  
 - яке аз падару модар, бобо ё бибии саробони фавтида, новобаста ба синну сол ва қобилияти меҳнатӣ, инчунин бародар, хоҳар ё фарзанди саробони фавтида, ки ба синни 18 расидааст, ба шарте ки онҳо  фарзандон, бародарон, хоҳарон ё наберагони ба синни 14 нарасидаи саробони фавтидаро нигоҳубинӣ кунанд, ба гирифтани нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд;
- падару модар ва ҳамсари саробони фавтида, ки ба синни  муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни мазкур  расидаанд ё маъюб мебошанд ва  ба нафақаи  суғуртавӣ ҳуқуқ надошта бошанд;
- бобо ва бибии саробони фавтида, ки ба синни  нафақа  расида, нафақаи суғуртавӣ намегиранд ё маъюб мебошанд ва шахси тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро таъминкунанда надоранд.
3. Аъзои оилаи саробони фавтида ба шарте дар таъмини ӯ дониста мешаванд, ки қаблан дар таъминоти пурраи ӯ қарор дошта ё аз ӯ мунтазам кӯмаке мегирифта бошанд, ки барои онҳо манбаи асосии рӯзгузаронӣ ҳисоб меёфт. 
4. Падару модар ва ҳамсари ғайриқобили меҳнати саробони фавтида ба шарте ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд, ки  новобаста ба давраи баъди даргузашти саробон бе манбаи рӯзгузаронӣ монда бошанд.       
5.  Аъзои оилаи саробони фавтида, ки кӯмаки ӯ барои онҳо доимӣ ва  манбаи асосии рӯзгузаронӣ буд, вале худашон ҳам ягон намуди нафақа мегирифтанд, ҳуқуқ  доранд, ки ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон гузаранд.
6. Фарзандхондагон дар баробари падару модар ва ба фарзандӣ қабулшудагон дар баробари фарзандони ҳамхун ба гирифтани нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд. Фарзандони ноболиғ, ки аз рӯи маҳрум шудан аз саробон нафақа мегиранд, дар ҳолати ба фарзандӣ қабул шуданашон низ аз ин ҳуқуқ бенасиб намегарданд.
7. Нафақае, ки бинобар вафоти ҳамсар таъин гардидааст, баъд аз ақди никоҳи нави нафақагир ҳам боқӣ мемонад.
8. Дар сурати мавҷуд будани собиқаи камтар аз 60-моҳаи суғуртавии саробони фавтида ба оила мутобиқи Қонуни мазкур  нафақаи иҷтимоӣ таъин карда мешавад.
9. Дар ҳолати фавтидани шахси суғурташуда то ба ӯ таъин гардидани нафақаи суғуртавии аз рӯи синну сол ё то бозҳисобӣ кардани андозаи нафақаи мазкур маблағи дар суратҳисоби инфиродии ӯ ба ҳисоб гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» пардохт карда мешавад. 
Моддаи 17. Ҳисоби собиқаи суғуртавӣ барои  таъини нафақаи суғуртавӣ
1. Барои муайян намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ дар собиқаи суғуртавӣ давраҳои фаъолияти корие ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки дар ин муддат шахси суғурташуда (ё ба ҷои ӯ) саҳмияи суғуртаи ҳатмии нафақавиро  супорида бошад.
2. Собиқаи суғуртавӣ аз рӯи моҳи пурра ба ҳисоб гирифта мешавад. Моҳи собиқаи суғуртавӣ моҳи тақвимие дониста мешавад, ки  (барояш) шахси суғурташуда (ё ба ҷои ӯ) саҳмияи суғуртавӣ супоридааст ва маълумот дар бораи музди меҳнати (даромади) моҳи мазкур пешниҳод гардидааст.
3. Агар маълумот дар соли тақвимӣ барои 10 ва аз он зиёдтар моҳҳои суғуртавӣ пешниҳод гардида бошад, собиқаи суғуртавӣ барои соли пурра ба ҳисоб гирифта мешавад.  Дар сурати  барои камтар аз 10 моҳи соли тақвимӣ пешниҳод  гардидани маълумот собиқаи суғуртавӣ аз рӯи маълумоти моҳҳои воқеии пешниҳодгардида ҳисоб карда мешавад.
4. Ба собиқаи суғуртавӣ дар баробари давраи корӣ ё фаъолияте, ки дар тӯли он мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмияи суғурта супорида шудааст, инчунин давраи фаъолияти меҳнатие ба ҳисоб гирифта мешавад, ки дар давоми он саҳмияи суғурта супорида нашудааст, аз он ҷумла:
- давраи хизмат дар  сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизмати дигари ба он баробаркардашуда тибқи даъват;  
- давраи таҳсил дар шӯъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти  олӣ ва миёнаи махсус, дар мавриди мавҷуд будани собиқаи меҳнатӣ (суғуртавӣ) на камтар аз панҷ соли баъди анҷоми таҳсил;
- таҳсил бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот дар курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзии мутахассисон, ординатура, аспирантура ва докторантура дар сурати кафолати давом додани муносибатҳои меҳнатӣ бо суғуртакунандагон (корфармоён) ё  надоштани танаффус дар фаъолияти меҳнатӣ  баъди анҷом додани таҳсил;
- давраи корношоямии муваққатии дар давраи кор оғозшуда, аммо на бештар аз 4 моҳи тақвимӣ дар як сол, ба истиснои шахсони гирифтори бемории сил;
- давраи гирифтани кӯмакпулӣ аз рӯи бекорӣ, аммо на бештар аз 24 моҳ дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ;
- давраи фарзандони хурдсолро нигоҳубин кардани падар ё модаре, ки муваққатан кор намекунанд, аммо то ба синни  3  расидани ҳар як кӯдак дар ҳудуди  36 моҳ  ва на бештар аз 60 моҳ барои тамоми давраи суғуртавӣ;
- давраи дар маҳбас будани шахсоне, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, беасос таъқиб гардидаанд ва баъдан сафед карда шудаанд.
5. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқаи суғуртавӣ метавонад ба тариқи имтиёзнок зиёд карда шавад.
6. Давомнокии давраи бе пардохти саҳмияи суғурта ба собиқаи суғуртавӣ дохилшуда дар маҷмӯъ набояд аз 60 моҳ зиёдтар бошад.
7. Дар вақти таъини нафақаи суғуртавӣ собиқаи суғуртавӣ ҳамчун маҷмӯи моҳҳои суғуртавие, ки мутобиқи асосҳои қисми 1 ҳамин модда тавассути ширкати ҳарсолаи шаҳрванд дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ба даст оварда шудааст, ҳисоб карда мешавад.
8. Собиқаи суғуртавӣ дар асоси маълумоти  суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда воридгардидаи низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва маълумоти пешниҳоднамудаи корфармо ё супорандаи саҳмияи суғуртавӣ ҳангоми баҳисобгирии инфиродии шахсӣ ҳисоб карда мешавад.  
Моддаи 18. Тартиби  тасдиқи  собиқаи суғуртавӣ
1. Ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ дар давраи  фаъолияти меҳнатӣ  то 1 январи соли 2011 дафтарчаи меҳнатии шаҳрванд  ба ҳисоб меравад.
2. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ баъди 1 январи соли 2011  маълумоти мақомоти ваколатдори суғуртаи давлатии нафақавии дар асоси  нишондиҳандаҳои баҳисобгирии  инфиродии корманд таҳиягардида маҳсуб меёбад.
3. Бо мақсади таъини нафақаи суғуртавӣ шаҳрванд дафтарчаи меҳнатӣ (нусхаи аслӣ) ва маълумотномаеро, ки корфармо (суғуртакунанда) дар бораи даромадҳои пардохтгардида ба шахси суғурташуда дар давраи суғуртавӣ додааст, инчунин ҳуҷҷати ҳамчун шахси суғурташуда ба қайд гирифташудааш ва маълумотномаро аз суратҳисоби инфиродии захиравӣ пешниҳод мекунад.
4. Давраҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва панҷуми  қисми  4 моддаи 17 Қонуни мазкур номбаршуда аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаи муассисаҳои дахлдор, бо нишон додани асос барои додани онҳо ба ҳисоби собиқаи суғуртавӣ дохил карда мешаванд.
5. Собиқаи суғуртавии (ба истиснои кор дар назди шахсони алоҳида) дар моддаи 22 Қонуни мазкур  нишондодашуда,  дар давраи то 1 январи соли 1999 метавонад бо муқаррароти судӣ, нишондодҳои ду нафар шоҳид ё бештар аз он муқаррар карда шавад, ба шарте ки ҳуҷҷатҳои фаъолияти меҳнатӣ бар асари  оғози амалиёти ҳарбӣ ва  офатҳои табиӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гум шуда бошанд ва имконияти барқарор намудани онҳо мавҷуд набошад.
 6. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар  давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2011 ҳуҷҷатҳои боэътимоди тасдиқкунандаи пардохти саҳмияи суғуртавӣ дар ин давра доранд, аммо фаъолияти кории онҳо дар дафтарчаи меҳнатӣ қайд нагардидааст, метавонанд барои ворид намудан ба собиқаи суғуртавӣ онҳоро пешниҳод намоянд.
Ин давра барои ҳисоби нафақа аз рӯи тасдиқи далели мақомоти ваколатдори суғуртаи иҷтимоӣ дар хусуси супоридани саҳмияи суғуртаи иҷтимоӣ аз ҷониби корфармо (суғуртакунанда) ба номи шаҳрванд ё худи шахси суғурташуда ба ҳисоб гирифта мешавад.
7. Ҳангоми  нокифоя будани собиқаи суғуртавӣ барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ба шаҳрванди ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ расида баъди 1 январи соли 2011 ҳуқуқ дода мешавад, ки дар як вақт (як бор барои тамоми давраи суғуртавӣ) даромади худро аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2011  суғурта кунонад.
Ҳаққи суғурта барои давраи нишондодашуда аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
Моддаи  19. Тартиби баҳисобгирии (барқароркунии) собиқаи суғуртавӣ барои давраҳои меҳнатӣ ва хизмати давлатӣ, ки барои онҳо ҳаққи суғуртавӣ пардохта нашудааст
1.  Ҳангоми  муроҷиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъини нафақа, ки қисми собиқаи меҳнатиашро  хизмати давлатӣ, аз он ҷумла берун аз ҳудуди мамлакат ё  фаъолият дар ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад ва дар ин давра ҳаққи суғуртавӣ пардохта нашудааст, инчунин дар ҳолатҳое, ки онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ҳуқуқи гирифтани нафақаро пайдо накардаанд, бо мақсади дохил намудани ин давраҳо ба собиқаи суғуртавӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ маблағи умумии ҳаққи суғуртавӣ бо ҳисоби зайл пардохта мешавад: музди миёнаи меҳнат ба теъдоди моҳҳои ба собиқаи суғуртавӣ дохилшаванда зарб зада шуда, ба тарифи муқарраргардидаи саҳмияи суғуртавии соли дахлдор зарб зада мешавад.
2. Пардохти маблағро бояд корфармо барои даврае, ки шаҳрванд фаъолият дошт, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ созад. 
Моддаи 20. Манбаъҳои маблағгузории пардохти нафақаи суғуртавӣ
1. Пардохти нафақаи суғуртавӣ аз манбаъҳои зайл маблағгузорӣ карда мешавад:
- қисми  заминавии нафақа – аз маблағи буҷети давлатӣ;
- қисми суғуртавии нафақа – аз маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
-қисми захиравӣ – аз маблағи дар суратҳисоби захиравии инфиродӣ  мавҷудбуда.
 2. Маблағи пардохти қисми суғуртавии нафақа аз ин ҳисоб ташаккул меёбад:
- саҳми нафақавие, ки суғуртакунандагон барои шахсони суғурташуда пардохт кардаанд;
- маблағи саҳмияи суғуртаи нафақавие, ки худи шахсони суғурташуда пардохт намудаанд.
Моддаи 21. Кафолатҳои давлатии таъминоти нафақа
Ба шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ пайдо накардаанд, давлат таъминоти нафақаи давлатиро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур кафолат медиҳад.
Моддаи 22. Ҳисоби нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол
1. Барои таъини нафақаи пурраи суғуртавӣ мавҷуд будани 300 моҳи собиқаи суғуртавӣ барои мардҳо ва 240 моҳи собиқаи суғуртавӣ барои занҳо, ба истиснои шахсони дар зербандҳои «в» ва «г» қисми 2 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда  зарур аст.
2. Дар мавриди  таъин  намудани  нафақаи суғуртавӣ маълумот оид ба  собиқаи суғуртавӣ, даромади суғурташуда, ҳаҷми сармояи шартии нафақавӣ ва андӯхти захираҳои нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии захиравӣ ҷамъ шудаанд, инчунин дигар маълумоте, ки мувофиқи  Қонуни мазкур  пешниҳод мегарданд,  истифода бурда мешаванд.
3. Нафақаи суғуртавӣ метавонад иловапулиҳои тибқи моддаи 39 Қонуни мазкур аз ҳисоби маблағи буҷети  давлатӣ таъингардидаро дар бар гирад.
4.  Барои муайян намудани андозаи қисми суғуртавии нафақа ҳаҷми ӯҳдадориҳои нафақавии мақомоти суғуртаи давлатии нафақа – сармояи шартии нафақавӣ, бо тартиби зерин ҳисоб карда мешавад:
- ӯҳдадории нафақавии бо пул ифодагардида то давраи ҷорӣ намудани баҳисобгирии инфиродӣ тибқи муқаррароти моддаи 58 Қонуни мазкур;
- пардохти саҳмияи суғуртавии дар низоми баҳисобгирии инфиродӣ ба назар гирифташудаи шахси суғурташуда бо роҳи индексатсияи он бо нишондиҳандаҳои афзоиши музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ.
5. Қисми суғуртавии нафақа бо роҳи зарб задани коэффитсиенти собиқаи суғуртавӣ ба маблағи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташудаи барои нафақа муроҷиатнамуда  ва тақсим намудан  ба  миқдори моҳҳои   давраи пардохти эҳтимолӣ, ки  ба 240 моҳ баробар мебошад, муайян карда мешавад.
 Давраи пардохти эҳтимолӣ метавонад вобаста ба дигар шудани  нишондиҳандаҳои демографӣ ва коэффитсиенти сарбории нафақавӣ тағйир ёбад.
6. Қисми суғуртавии нафақа ба шахсоне, ки собиқаи зарурии суғуртавӣ надоранд, аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 23. Тартиби ҳисоби коэффитсиенти собиқаи суғуртавӣ

1. Коэффитсиенти собиқаи суғуртавӣ бо роҳи тақсими собиқаи  суғуртавии шахси суғурташуда ба собиқаи меъёрии суғуртавӣ  барои мардҳо 300 моҳ  ва барои занҳо 240 моҳ муайян карда мешавад.
2. Барои шахсоне, ки дар зербандҳои «в» ва «г» қисми 2 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, собиқаи меъёрии суғуртавӣ ба собиқаи ҳатмии суғуртавии онҳо баробар карда мешавад.

Моддаи 24. Зиёд намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо сабаби ба таъхир афтодани  муроҷиат барои таъини нафақа

1. Ба шахсоне, ки вобаста ба фарорасии синну соли нафақавӣ тибқи моддаи 13 Қонуни мазкур  ба  нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд, аммо фаъолияти меҳнатиро давом дода, саҳмияи суғуртаро пардохт менамоянд,  ҳангоми  мавқуф гузоштани муроҷиат барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз ҷониби онҳо, қисми суғуртавии нафақа баъди муроҷиат дар асоси маълумоти инфиродӣ  бо назардошти давраи муроҷиат ҳисоб карда мешавад ва тибқи шартҳои дар ҷадвал нишондодашуда бо фоизи алоҳида баланд бардошта мешавад:

№ Миқдори солҳои
мавқуф гузоштани муроҷиат Баланд бардоштани
андозаи қисми суғуртавии нафақа
(ба ҳисоби фоиз) Давраи пардохти эҳтимолӣ
(моҳ)
1 1 1 228
2 2 2 216
3 3 3 204
4 4 4 192
5 5 5 180
6 6 6  168
7 7 7 156
8 8 8 144
9 9 9 132
10 10 ва беш аз он 10 120


2. Барои шахсони муайяннамудаи моддаи мазкур барои ҳар соли мавқуф гузоштани муроҷиат ҷиҳати таъин намудани нафақаҳои суғуртавӣ аз давраи эҳтимолии пардохт 12 моҳ бароварда мешавад.
3. Моддаи мазкур нисбат ба шахсони воқеие, ки ба таъини нафақа аз рӯи  синну сол дар мавриди расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ  ҳуқуқ доранд, татбиқ мегардад. Муроҷиати шаҳрванд барои таъини нафақа дар асоси аризаи хаттии ӯ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи  таъминоти нафақа мавқуф гузошта мешавад.

Моддаи 25. Ҳисоби нафақа аз рӯи маъюбӣ

1. Қисми заминавии нафақа аз рӯи маъюбӣ вобаста ба гурӯҳи маъюбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
-  ба маъюбони гурӯҳи I - ба андозаи 200 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида;
-  ба маъюбони гурӯҳи II - ба андозаи 150 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида;
-  ба маъюбони гурӯҳи III - ба андозаи 120 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида.
2. Андозаи қисми суғуртавии нафақа аз рӯи  маъюбӣ тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 22 Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 26. Ҳисоби андозаҳои нафақа аз рӯи маҳрум
шудан аз саробон

1. Барои ҳар як узви оилаи бе саробонмонда, ки ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ дорад, нафақаи иборат аз қисмҳои зерин таъин карда мешавад:
-  нафақаи заминавӣ; 
- қисми нафақаи суғуртавӣ.
2. Қисми нафақаи суғуртавӣ  бо ҳиссаи баробар (вобаста ба теъдоди аъзои оила, ки талаби гирифтани нафақаро доранд) аз нафақаи суғуртавӣ, ки саробон дар ҳолати суғуртавӣ ба гирифтани он ҳуқуқ дошт, ҳисоб карда мешавад.
3. Қисми нафақаи суғуртавии ятимони бекас аз ҳисоби нафақаи суғуртавие, ки ҳар ду саробон дар ҳолати суғуртавӣ ба гирифтани он ҳуқуқ доштанд, ҳисоб карда мешавад.

БОБИ 3. ТАЪМИНОТИ НАФАҚАИ ДАВЛАТӣ

Моддаи  27.  Пардохтҳо аз рӯи таъминоти нафақаи
давлатӣ

 1. Таъминоти нафақаи  давлатӣ намудҳои зерини  пардохтҳоро дар бар мегирад:
- нафақаи иҷтимоӣ;
- нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нафақа барои собиқаи дарозмуддат дар хизмати давлатӣ.
2. Дар ҳолатҳои алоҳида аз рӯи имкониятҳои молиявӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон аз маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба нафақаҳои таъингардида иловапулиҳо муқаррар кардан мумкин аст.

Моддаи 28. Ҳуқуқ ба таъминоти нафақаи давлатӣ

Ба таъминоти  нафақаи  давлатӣ  бе назардошти  собиқаи суғуртавӣ шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
- шахсоне, ки ба  онҳо меъёрҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нагардидаанд ва татбиқ намегарданд;
 - аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсоне, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоён доранд;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хизмати давлатӣ мебошанд;
- шахсоне, ки нафақаи онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» таъмин карда мешавад.
  
Моддаи  29. Намудҳои нафақаи иҷтимоӣ

 Дар асоси Қонуни мазкур ба шаҳрвандон намудҳои зерини нафақаи иҷтимоӣ таъин ва пардохт карда мешавад:
- аз рӯи пиронсолӣ;
- аз рӯи маъюбӣ;
- бо сабаби маҳрум шудан аз саробон.

  Моддаи 30. Ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ

  1. Ба  нафақаи иҷтимоӣ шахсоне ҳуқуқ доранд, ки тибқи Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд, аз ҷумла:
- маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, аз ҷумла маъюбон аз овони кӯдакӣ;  
- кӯдакон ва наврасоне, ки то синни 18  (барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шакли рӯзона то синни 23) аз як ё ҳарду саробон маҳрум шудаанд ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифтани нафақаи суғуртавии бо сабаби маҳрум шудан аз саробонро надоранд;
- шахсоне, ки ба синну соли дар моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда расидаанд ва мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани нафақаи суғуртавиро надоранд;
- хизматчиёни ҳарбие, ки мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани  нафақаҳои суғуртавӣ ва дигар кӯмакпулиҳоро надоранд;
- кӯдакони  маъюби то 16–сола.
Номгӯи нишондодҳои тиббие, ки ба кӯдакони маъюби то 16-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Шахсоне, ки доимӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқомат мекунанд ва мувофиқи Қонуни мазкур  ҳуқуқи гирифтани  нафақаи суғуртавиро надоранд,  нафақаи иҷтимоӣ ба онҳо дар сурати расидан ба синни 58 ва 53 (мутаносибан мардҳо ва занҳо) таъин ва пардохт мешавад. 

           Моддаи 31. Андозаи  нафақаи иҷтимоӣ

 1. Нафақаи иҷтимоӣ ба шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани онро доранд, ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
а) ба маъюби гурӯҳи I ва ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз овони кӯдакӣ калонтар, ноболиғони маъюби то 18-сола, ноболиғони то 18-солаи пурра ятим (хонандагони муассисаҳои таълими  рӯзона то хатми таълимгоҳҳои мазкур, вале на калонтар аз синни 23)  - ба андозаи 200 фоизи  андозаи нафақаи заминавии муқарраршуда;
б) ба маъюбони гурӯҳҳои II ва III, маъюбони аз овони кӯдакии гурӯҳи III ва шахсони ба синни пешбининамудаи моддаи 13 Қонуни мазкур расида, кӯдакони то 18-солаи бесаробон (донишҷӯёни муассисаҳои таълимии рӯзона то хатми таълимгоҳҳои мазкур, вале на калонтар аз синни 23)   - ба андозаи 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраршуда.
2. Нафақаҳои  иҷтимоӣ  аз  рӯи маъюбӣ,  аз  саробон  маҳрумшуда  ба  хизматчиёни  ҳарбии  даъватӣ ва аъзои оилаи ғайриқобили меҳнати онҳо ба андозаи пурра - 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраршуда таъин карда мешавад.
3. Андозаи  нафақаҳои иҷтимоӣ мутобиқи банди а) қисми 1 моддаи мазкур ба истиқоматкунандагони ноҳияҳое, ки ба музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, дар тамоми давраи зиндагӣ дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявии муқарраршуда муайян карда мешавад.

Моддаи 32.  Тартиби таъин кардан ва аз нав дида
баромадани  нафақаи иҷтимоӣ

1. Таъин кардан,  аз нав дида баромадани нафақаи иҷтимоӣ ва аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани он аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ  амалӣ мегардад.
2. Барои таъин кардани нафақаи иҷтимоӣ шаҳрванд ба мақомоти ваколатдори давлатии маҳалли зисте, ки расман ба қайд гирифта шудааст, бо ариза муроҷиат менамояд.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадор аст, ки шартҳои таъин намудани  нафақаҳои иҷтимоиро ба шаҳрвандон пурра фаҳмонад, инчунин ба ҷамъ овардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба онҳо мусоидат намояд.
 4. Мақомоти  ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки аз аризадиҳанда ва ё шахсе, ки ӯро намояндагӣ мекунад, дар мӯҳлати муайян пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои заруриро барои муқаррар намудани  нафақаҳои иҷтимоӣ талаб намояд, дар ҳолатҳои зарурӣ санҷиши мутақобила гузаронад, санҷиши воқеият ва асоснокии ҳуҷҷатҳоро анҷом диҳад.
5. Ҳуҷҷатҳо барои муқаррар намудани  нафақаи иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар давоми сӣ рӯзи бақайдгирии ариза баррасӣ карда мешаванд.
6. Ҳангоми таъин намудани  нафақаҳои иҷтимоӣ қарори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ қабул карда, ба шаҳрвандон  шаҳодатномаи шаклаш муқарраргардида дода мешавад.
7. Дар сурати рад шудани таъини нафақа ҷавоби хаттӣ бо нишон додани сабабҳои он ба аризадиҳанда пешниҳод мешавад.
8. Нафақаи иҷтимоӣ вобаста ба тағйир ёфтани дараҷаи маҳдудияти қобилияти корӣ, сабабҳои маъюбӣ, шумораи аъзои корношоями оилаи саробони фавтида (ҳалокгардида), дар сурати аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани  нафақаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, аз нав дида баромада мешавад.
9. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои таъини  нафақаи иҷтимоӣ заруранд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.
10. Шаҳрвандон метавонанд аз қарори мақомоти  ваколатдори давлатӣ ба мақомоти судӣ  шикоят намоянд. 

 Моддаи 33. Мӯҳлати таъин ва пардохти нафақаи
иҷтимоӣ
 
1. Нафақаи  иҷтимоӣ аз рӯзи аввали пайдо намудани ҳуқуқ ба гирифтани он, ба истиснои ҳолатҳои зерин, таъин ва пардохт  карда мешавад:
 - ба маъюбон аз рӯзи муқаррар намудани маъюбӣ, ба шарте ки барои таъини нафақа дар давоми 3 моҳ муроҷиат карда бошанд;
- барои маҳрум шудан аз саробон аз рӯзи пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа, аммо на дертар аз 6 моҳ.
2. Аз як намуд ба намуди  дигар гузаронидани нафақаи иҷтимоӣ, дигар шудани андозаи он, маҳдудияти қобилияти корӣ ва ё шумораи аъзои корношоями оилаи саробони фавтида аз рӯзи аввали моҳ, ки шаҳрванд муроҷиат намудааст, баррасӣ мешавад.
3. Нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол умрбод, аз рӯи маъюбӣ дар давраи маъюбӣ ва барои маҳрум шудан аз саробон дар тамоми даврае, ки узви оилаи фавтида (ҳалокшуда) корношоям маҳсуб мешавад, таъин ва пардохт мегарданд.
4. Ба шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, мумкин аст аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ иловапулӣ муқаррар  карда шавад.

 Моддаи 34. Таъини нафақа барои хизмати шоён дар
назди Ҷумҳурии Тоҷикистон

      1. Нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати шоён доранд, мувофиқи Феҳристи тасдиқнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
2. Нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва ба занҳо ҳангоми расидан ба  синни 58 ё дар ҳолатҳои дигаре, ки мутобиқи Қонуни мазкур нафақа мегиранд, таъин карда мешавад.
3. Тартиби таъин, пардохт ва андозаи нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 35. Шартҳои таъини нафақа барои собиқаи
дарозмуддат дар хизмати давлатӣ

1. Хизматчиёни давлатие, ки собиқа дар  хизмати давлатӣ на камтар аз 15 сол ва собиқаи кории умумии на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва 20 сол барои занҳо доранд, ҳангоми озод шудан аз хизмати давлатӣ ба гирифтани нафақа аз рӯи собиқаи  дарозмуддат дар хизмати давлатӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд.
2. Нафақа барои собиқаи хизмати дарозмуддати давлатӣ барои  мардҳо ҳангоми расидан ба синни 58 ва барои занҳо ба синни 53, ба истиснои шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида маъюб дониста шудаанд, таъин карда мешавад.
3. Шахсони аз хизмати давлатӣ озод кардашуда ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳангоме ҳуқуқ доранд, ки агар онҳо бевосита  мансаби хизмати давлатиро на камтар аз 36 моҳи пурраи  пеш аз озодшавӣ аз вазифа ишғол карда бошанд.   
 4. Нафақа барои хизмати дарозмуддат барои давраи то расидан ба синни нафақа тибқи Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.
5. Ба хизматчии давлатие, ки дар мавриди барҳам хӯрдани мақомоти давлатӣ, ихтисор гардидани теъдод ё воҳидҳои кории хизматчиёни давлатӣ аз хизмати давлатӣ озод карда шудааст, бо доштани  собиқаи кории  умумии 25 - сола барои мардҳо, 20 - сола барои занҳо ва на камтар аз собиқаи кории 10-сола дар хизмати давлатӣ, ду сол  пеш аз расидан ба синни нафақа ҳуқуқи  баромадан ба нафақа барои собиқаи дарозмуддат  дар хизмати давлатӣ  дода мешавад.
6. Дар давраи хизмати давлатӣ нафақаи мувофиқи Қонуни мазкур таъиншуда  ба хизматчиёни давлатӣ  пардохт карда намешавад.

 Моддаи 36. Собиқаи хизмати давлатӣ

Собиқаи хизмати давлатӣ, ки барои таъини нафақа барои хизмати дарозмуддати хизматчиёни давлатӣ ҳуқуқ медиҳад, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатӣ ҳисоб  карда мешавад. 

Моддаи 37. Музди миёнаи меҳнате, ки аз он андозаи
нафақаи хизматчии давлатӣ ҳисоб карда  мешавад

Андозаи нафақаи хизматчиёни давлатӣ аз рӯи хизмати дарозмуддат   аз музди миёнаи меҳнати 24 моҳи пурраи пай дар пайи хизмати давлатӣ бо интихоби шахси барои таъини нафақа муроҷиаткарда, ки ба нафақаи давлатӣ ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карда мешавад.
 
Моддаи  38. Андозаи нафақаи хизматчиёни давлатӣ

1. Ба хизматчиёни давлатӣ нафақа барои  собиқаи дарозмуддат ба андозаи 60 фоизи музди миёнаи меҳнати воқеии моҳонаи хизматчии давлатӣ барои ду соли пай дар пайи собиқаи хизмати давлатӣ бо интихоби шахси барои нафақа муроҷиаткарда   таъин карда мешавад. Барои ҳар як соли пурраи собиқаи кории аз 15 сол зиёд дар хизмати давлатӣ нафақа барои собиқаи хизматӣ ба андозаи 2 фоизи  музди меҳнати миёнаи моҳона зиёд карда мешавад. Дар ин маврид маблағи умумии  нафақа барои собиқаи хизматӣ набояд аз 90 фоизи музди меҳнати миёнаи моҳона ё дигар даромади ба музди меҳнати хизматчии давлатӣ баробар ҳисобишаванда, ки барои ҳисоби андозаи нафақа пешниҳод гардидааст, зиёдтар бошад.  
2. Меъёрҳои Қонуни мазкур тамоми гурӯҳҳои хизматчиёни давлатиро, ки (дар давраи то ба синни нафақавӣ расидан) барои гирифтани нафақа барои хизмати дарозмуддат муроҷиат кардаанд, дар бар мегиранд.  

Моддаи  39. Шартҳои таъини иловапулӣ ба нафақаҳо 

1. Иловапулиҳо ба нафақаҳои  давлатӣ ба андозаи ду нафақаи заминавӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба гурӯҳҳои зерини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва пардохт карда мешаванд: 
 - иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  иштирокчиён ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар;
- иштирокчиён ва маъюбони рафъи оқибати садамаи  Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва минтақаҳои дигари олудагии радиоактивӣ;
- шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сукунати доимӣ доранд.
  Ба андозаи якунимкаратаи (150 %) нафақаи заминавӣ:
-  ба  шаҳрвандони  синнашон ба  80 расида;
-  ба  шахсони гирифтори Вируси масунияти норасоии бадан;
-  ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ва барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945) бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд;
- ба сокинони шаҳри Ленингради муҳосирашуда аз давраи 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 ва асирони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ, ҷойҳои ақаллиятнишин ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурии аз ҷониби фашистони олмонӣ ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон ташкилшуда;
- ба  шахсони унвони «Донори ифтихории Тоҷикистон» ё  «Донори фахрии СССР» дошта;
- ба нафақахӯроне, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзои корношоями оила доранд (моддаи 15 Қонуни мазкур) ба ҳар як узви оила, вале на зиёда аз се нафар;
-  ба маъюбони гурӯҳҳои I  ва II, маъюбон аз овони кӯдакӣ.
2. Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи гирифтани иловапулиҳоро доранд.


БОБИ 4. ТАЪИН, БОЗҲИСОБӣ, АЗ ЯК НАМУД БА
НАМУДИ ДИГАР ГУЗАРОНИДАН, ИНДЕКСАТСИЯ, ПАРДОХТ ВА ДАСТРАС  НАМУДАНИ НАФАҚА

       Моддаи 40. Тартиби таъин ва пардохти нафақа

Тартиби таъин ва пардохти нафақаҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.

Моддаи 41. Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа

1. Ариза барои таъини нафақа  ба шахси суғурташуда ё узви оилаи ӯ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳодатномаи суғуртаи нафақавӣ бо қайди рақами инфиродии шахсӣ аз ҷониби суғурташаванда ё корфармо ба мақомоти ваколатдори минтақавии ҷои зист пешниҳод мегардад.
 2. Барои таъини нафақа ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намудан зарур аст:
 -  дафтарчаи меҳнатӣ;
-  маълумотнома аз суратҳисоби инфиродӣ;
- маълумотнома аз мақомоти дахлдор оид ба тасдиқи давраҳое, ки ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ пардохт нашудааст.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки таъминоти нафақаро амалӣ мекунад, ҳуқуқ дорад аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоеро, ки барои таъини нафақа заруранд, талаб намояд, инчунин асоснокии дода шудани онҳоро санҷад.
4. Мӯҳлат барои таъини нафақа як моҳ пеш аз пайдо шудани ҳуқуқ ё дар муддати 60 рӯзи тақвимии баъди пайдо гардидани ҳуқуқ барои гирифтани он муқаррар карда мешавад. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки баъди ин мӯҳлат барои мавқуф гузоштани мӯҳлати таъини нафақааш мувофиқи моддаи 24 Қонуни мазкур муроҷиат намояд.
5. Мақомоти  ваколатдори давлатӣ дар муддати 30 рӯзи баъди қабули ариза масъалаи таъини нафақаро баррасӣ намуда, қарор мебарорад.
6.  Ҳангоми  рад гардидани ариза дар бораи таъини нафақа дар қарор сабабҳои рад гардидани таъини нафақа пурра нишон дода мешаванд. Мақомоти  ваколатдори давлатӣ вазифадор аст, ки дар давоми 10 рӯзи баъди қабули чунин қарор аз натиҷаи он аризадиҳандаро огоҳ намояд.
7. Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
 Моддаи 42. Мӯҳлати таъин ва пардохти нафақа

  1.  Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол якумра таъин мегардад.
 2. Нафақа аз рӯи  маъюбӣ барои   давраи корношоямии шахс, ки  мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, таъин  карда мешавад.
3. Нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба мӯҳлате, ки тӯли он узви оила  корношоям дониста мешавад, таъин мегардад.
4. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯзи муроҷиат, аммо на пештар аз ҳуқуқдор шудан ба гирифтани нафақа, ба истиснои ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
  - нафақа аз рӯи маъюбӣ аз рӯзи муқаррар гардидани гурӯҳи маъюбӣ, ки онро   мақомоти ваколатдори давлатӣ  муайян намудааст, дар ҳолате ки муроҷиат на дертар аз се моҳи баъди рӯзи маъюбии муқарраргардида сурат гирифта бошад, таъин мегардад;
- нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аз рӯзи пайдо шудани ҳодисаи  суғуртавӣ (фавти шахси суғурташуда), ки барои  нафақа ҳуқуқ медиҳад, дар ҳолате ки муроҷиат на дертар аз 6 моҳи баъди ҳодисаи суғуртавӣ сурат гирифтааст, таъин карда мешавад.
 Дар дигар ҳолатҳо нафақа аз рӯзи  муроҷиат таъин мегардад.
5. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъини нафақа бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.

Моддаи  43.   Аз нав  дида баромадани нафақаҳои
таъингардида

 Андозаи нафақа тибқи муқаррароти  Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин аз нав дида баромада мешавад:
- ба намуди дигари нафақа гузаштан;
- тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ;
- тағйир ёфтани теъдоди аъзои ғайриқобили меҳнати оила, ки бо нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон таъмин карда мешаванд.

Моддаи 44. Мӯҳлати  аз нав дида баромадани нафақаи таъингардида

Андозаи нафақа дар мӯҳлати зерин  аз нав дида баромада мешавад:
- дар ҳолати пайдо шудани ҳуқуқ барои баланд бардоштани андозаи нафақа - аз рӯзи якуми  моҳе, ки нафақагир барои бозҳисобӣ муроҷиат намуда, ариза ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро то рӯзи понздаҳуми  моҳ пешниҳод кардааст. Дар ҳолати баъди рӯзи понздаҳуми моҳ пешниҳод намудани асноди марбута он аз рӯзи якуми  моҳи дигар дида баромада мешавад;
-  ҳангоми  ба амал омадани вазъияте, ки дар натиҷаи он андозаи нафақа кам гардидааст - аз рӯзи  якуми моҳи дигари ба амал омадани чунин вазъият аз нав дида баромада мешавад.

Моддаи  45. Ташкили баҳисобгирии нафақахӯрон

1. Ба мақсади таъмини баҳисобгирии нафақахӯрон ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо ба таъминоти нафақавӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ  вазифадор аст, ки баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо барои таъини нафақа ҳамаи нишондиҳандаҳои онҳоро ба Феҳристи (рӯйхати)  ягонаи давлатии нафақахӯрон дохил намояд.
2. Ҷорӣ кардани Феҳристи ягонаи давлатии нафақахӯронро мақомоти ваколатдори  давлатӣ  амалӣ мегардонад. Тамоми мақоми дигари давлатӣ, ки ба зиммаи онҳо таъини нафақа вогузор мебошад, вазифадоранд мутобиқи ҳамин моддаи Қонун маълумоти қайдгардидаро дар муддати 30 рӯзи баъди таъини нафақа ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод кунанд. 

Моддаи 46. Таъин, бозҳисобӣ ва гузаронидани нафақа
аз як намуд  ба намуди дигар

1. Таъини нафақа, бозҳисобии андозаи он, гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар  дар асоси аризаи шаҳрванд сурат мегирад.
2. Муроҷиат барои таъини нафақа, бозҳисобии андозаи нафақа ва гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар дар ҳамаи ҳолатҳо баъди ҳуқуқдор шудан ба нафақа ва бозҳисобии андозаи он бе маҳдудияти мӯҳлат баррасӣ мешавад.
3. Андозаи нафақа дар мавриди тағйир ёфтани гурӯҳи  маъюбӣ, шумораи аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи саробони фавтида, инчунин дар ҳолати дигар шудани шартҳои таъминоти  нафақаи суғуртавӣ бозҳисобӣ карда мешавад.

Моддаи 47. Мӯҳлате, ки  нафақа таъин мегардад ва
андозаи он тағйир меёбад

1. Нафақа,  новобаста аз намуди он, баъди муроҷиати шаҳрванд,  аммо на пештар аз рӯзи пайдо гардидани ҳуқуқ ба нафақа таъин мегардад.
2. Андозаи нафақа аз рӯзи якуми моҳи дигари баъд аз муроҷиати шаҳрванд барои бозҳисобии андозаи нафақа, ба истиснои  ҳолатҳое, ки дар  қисмҳои  3 ва 4 ҳамин модда омадааст, бозҳисобӣ карда мешавад.
3. Дар мавриди тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ, ки ба зиёд шудани андозаи нафақа оварда мерасонад, нафақа бо андозаи нав аз рӯзи қабули қарор оид ба тағйир ёфтани  гурӯҳи маъюбӣ пардохт карда мешавад.
4. Дар мавриди бозҳисобии андозаи нафақа бо сабаби ба амал омадани вазъияте, ки ба кам шудани андозаи нафақа оварда расонидааст, нафақа бо андозаи нав аз рӯзи якуми моҳи ояндаи баъди вазъияти баамаломада пардохт мегардад.
5. Нафақа аз як намуд ба намуди дигар аз рӯзи якуми моҳи дигари баъди муроҷиати шаҳрванд гузаронида мешавад.
6. Мӯҳлати таъини нафақаи давлатӣ, аз он ҷумла  ҳангоми тағйир ёфтани андозаи нафақа, ба намуди нафақа вобаста мебошад:
-нафақаи давлатӣ аз рӯи синну сол якумра таъин мегардад;
-нафақа аз рӯи маъюбӣ   барои давраи муқарраргардидаи маъюбӣ таъин  карда мешавад;
-нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон барои тамоми давраи корношоям дониста шудани узви оилаи фавтида муқаррар карда мешавад.

Моддаи  48. Пардохт ва дастрас намудани нафақа

1. Нафақаро мақомоти ваколатдори давлатии ҷои истиқомати шахси барои нафақа муроҷиаткарда пардохт ва дастрас менамояд. Дар мавриди дигар шудани ҷои истиқомати нафақахӯр  нафақа дар ҷои истиқомати нав, дар асоси асноди нафақавӣ ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти бақайдгирӣ дода шудаанд, дастрас  ва пардохт карда мешавад. 
2. Нафақа шахсан ба нафақахӯр  ё ба суратҳисоби бонкӣ, ки  дар аризаи  нафақахӯр нишон дода шудааст, пардохт мегардад. Дар мавриди интиқол гардидани нафақа ба суратҳисоби бонкӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадор аст, ки на камтар аз як бор дар се моҳ бо ширкати нафақахӯр маблағи гирифта ва маблағи дар бонк ҳифзшудаи нафақавиро муқоиса намояд. Дар асоси муқоиса ҳуҷҷати дахлдор тартиб дода мешавад (санад, протокол ва ғайра).
3. Нафақа, аз ҷумла дар давраи будубоши нафақахӯр дар муассисаи давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дастрас намудани он бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
  
 Моддаи 49.  Боздошти нафақа
 
1. Нафақа метавонад дар асоси  санадҳои судӣ (дар қисмати ситонидани молу мулк), муқаррароти идораҳои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраргардида ба иҷро мерасанд, боздошта шавад.
2. Андозаи боздошти нафақа аз маблағи ба нафақахӯр барои пардохт ҳисобкардашуда, ҳисоб карда мешавад.
3. Барои таъмини аъзои оила (алиментҳо), ҷуброни зарари  ба молу мулки  ташкилоту корхонаҳо, маъюб кардан ё дигар хел осеб расонидан ба саломатӣ, инчунин бо сабаби фавти саробон, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бозгардонидани маблағи зиёдгирифта  на бештар аз 50 фоизи нафақа боздошт  шуда метавонад.
4. Дар тамоми ҳолатҳои боздошти нафақа барои нафақахӯрон на камтар аз 50 фоизи нафақаашон мононда мешавад.
5. Агар то пурра пардохт намудани қарзи барзиёд пардохтшудаи нафақае, ки дар асоси қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ қатъ мегардад (масалан, дар сурати барқаpopшавии қобилияти меҳнатӣ), қарзи боқимонда бо тартиби судӣ ситонида мешавад. 

Моддаи  50. Тартиби пардохти нафақаи шахсоне, ки ба берун  аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ кӯчидаанд

1. Нафақаи тибқи Қонуни мазкур  таъингардида ба шахсоне, ки ҷои зисти доимиашонро берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мекунанд, новобаста ба нигоҳ доштан ё тағйир додани  шаҳрвандӣ бо тартиби зерин пардохт карда мешавад:
- ба шахсоне, ки нафақаи давлатӣ барояшон дар асоси Қонуни мазкур таъин шуда бошад, он дар асоси хабарнома дар бораи кӯч бастани шахс аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон якбора барои шаш моҳи оянда пардохта, баъди он қатъ карда мешавад; 
- ба шахсоне, ки нафақаи суғуртавиро аз рӯи синну сол (якумра) мегиранд, пардохти нафақаи онҳо ба андозаи қисмҳои суғуртавӣ ва захиравии он дар ҷои истиқомати нав давом меёбад. Дар ин маврид хароҷоти интиқоли маблағи нафақа аз ҳисоби гирандагони нафақа аст. Тартиби ба хориҷа интиқол додани маблағи нафақаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Агар тибқи  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътироф намудааст, дар хориҷа қоидаҳои дигари пардохти нафақа  пешбинӣ гардида бошанд, қоидаҳои муқарраргардидаи  ин санадҳо мавриди амал қарор мегиранд.

Моддаи  51. Индексатсияи нафақа

 1. Нафақа дар ҳолатҳои зерин индексатсия карда мешавад: 
 - баланд бардоштани андозаи нафақаи таъингардида мутаносибан  бо индекси афзоиши нархҳо ва  ё музди меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  - бозҳисобии андозаи сармояи нафақавии шартӣ;
   - баланд  бардоштани андозаи муқарраргардидаи нафақаи заминавӣ.
2. Тартиби индексатсияи нафақаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
БОБИ 5. НАМУДҲОИ ДИГАРИ ТАЪМИНОТИ НАФАҚАВӣ

   Моддаи  52.  Таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ

Дар баробари суғуртаи ҳатмии  давлатӣ  шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ ҳуқуқ доранд. Тартиби амалӣ кардани таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ, ташкили фондҳои ғайридавлатии нафақа ва пардохтҳои нафақавӣ аз ин фондҳоро  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

 Моддаи 53. Таъминоти нафақавии касбӣ

1. Бо мақсади таъмини шахсоне, ки бар асари кор ё вобаста ба хусусияти махсуси меҳнати барои саломатӣ вазнин ва зарарноки шароити корӣ қобилияти меҳнатиро гум кардаанд ва ба синни нафақавӣ нарасида, фаъолияти меҳнатиро қатъ намудаанд, корфармо вазифадор аст, ки нафақаи касбии кормандони худро то расидан ба  синну соли   муқарраркардаи моддаи 13 Қонуни мазкур таъин ва пардохт кунад.
2. Тартиби таъминоти нафақавии касбӣ ва таъини нафақаҳои касбӣ, инчунин рӯйхати истеҳсолот ва намудҳои корҳои (касбҳои) дорои шароити вазнин, барои саломатӣ зараровари корҳо ва хусусияти махсуси меҳнатро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
3. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо (корфармоён), новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси шартҳои шартномаҳои дастаҷамъӣ вазифадоранд, ки  нафақаи касбии кормандонро то ба синни нафақаи аз рӯи синну сол расидани онҳо аз ҳисоби маблағҳои худи корхона таъин ва пардохт намоянд. 

БОБИ 6. ТАЪМИНОТИ ПАРДОХТҲО АЗ МАБЛАҒҲОИ АНДӯХТИ НАФАҚАВӣ

Моддаи 54. Пардохти иловапулиҳои нафақа аз ҳисоби
андӯхти нафақавӣ

1. Иловапулиҳои нафақаи суғуртавӣ аз ҳисоби   маблағи андӯхти нафақавӣ барои шахсоне таъин ва пардохт карда мешавад, ки онҳо дар суратҳисобҳои  андӯхтии инфиродӣ то расидан ба синну соли   муқарраркардаи моддаи 13 Қонуни мазкур маблағи андӯхти нафақавӣ ташкил намудаанд. Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои марбути ташаккулёбӣ, ҷудо кардани маблағ барои андӯхти нафақавии ҷиҳати ҷудо кардани маблағ барои қисми  андӯхтии  нафақаҳои суғуртавӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти субъектҳо,  иштирокчиёни ин муносибатҳоро қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон   муқаррар мекунад.
2. Маблағи аз суратҳисоби махсуси  андӯхти инфиродӣ ҳар моҳ пардохтшаванда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз маблағи умумии  андӯхти нафақавӣ, маблағи даромад аз ҳисоби сармоягузории онҳо  ва давомнокии давраи пардохти нафақа муайян карда мешавад. 

Моддаи 55. Тартиби пардохт ва баҳисобгирии саҳмияи нафақаҳои суғуртавӣ

   Саҳмияҳои  суғуртаи нафақаро корфармо барои  корманд ё худи корманд бо тартиби муқаррарнамудаи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман пардохт менамояд.

Моддаи 56. Ҳуқуқи моликият ба андӯхтҳои  нафақавӣ

1. Давлат ба шахсони суғурташуда ҳуқуқи моликиятро ба  маблағи  дар ҳисоби инфиродии  захиравии дар шакли  андӯхти нафақавӣ  мавҷуда кафолат медиҳад.  
2. Муассисаҳои суғуртакунанда  вазифадоранд, ки кафолати ҳифз ва ҳимоя кардани маблағи андӯхти нафақавии ба онҳо амонатдодаро аз беқурбшавӣ (таваррум) ва  зиёдкунӣ  (индексатсия) таъмин намоянд.

Моддаи 57. Шахсоне, ки ба иловапулӣ ба нафақа аз ҳисоби захираҳои нафақавӣ  ҳуқуқ  доранд

 1. Шарти асосие, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба қисми захиравии нафақа муайян мекунад, пардохти саҳмияи нафақавӣ мебошад.
2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва  шахсони  бешаҳрванде, ки дар ҳудуди   Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкориро анҷом медиҳанд, дар сурати риоя кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми захиравии нафақа  ҳуқуқ доранд. 

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

Моддаи 58. Бадалкунии (конвертатсияи) ҳуқуқҳои шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ
бо назардошти замонавигардонии даромадҳо

1. Ҳуқуқҳои нафақавии дар натиҷаи фаъолияти меҳнатии то соли 1999 бадастовардаи шаҳрвандон мӯҷиби аз нав арзёбии пулӣ ва бадалкунӣ ба сармояи шартии нафақавӣ мебошанд.
2. Арзёбии ҳуқуқҳои нафақавии шаҳрвандон бо роҳи конвертатсияи  (бадалкунии) онҳо ба даромади замонавигардида ва баҳисобгирии онҳо дар суратҳисобҳои инфиродӣ мутобиқи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда сурат мегирад.  
3. Замонавигардонии даромади шахсони суғурташуда бо назардошти  таносуби шохиси (индекси) афзоиши даромади миёнаи солона ва арзёбии инфиродии даромади шахси суғурташуда ба музди миёнаи меҳнати дар ҷумҳурӣ барои ҳар як соли собиқаи кории мавҷуда, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ тасдиқ гардидааст ё барои ҳадди ақали зиндагӣ  амалӣ мегардад.
4. Даромади миёнаи солона ва музди миёнаи меҳнати солона дар ҷумҳурӣ дар асоси таносуби муқарраргардидаи сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои давраҳои пеш аз ҷорӣ гардидани баҳисобгирии инфиродӣ ва баъди он муайян карда мешаванд.
5. Конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсоне, ки дар бораи даромадашон маълумот надоранд, аммо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 59. Қоидаҳои гузариш ва тартиби  муайян
намудани  андозаи сармояи шартии нафақавӣ

1. Бо мақсади таъмини  баҳисобгирии пурраи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда, муассисаи суғурта (мақоми ваколатдори давлатӣ) вазифадор аст, ки андозаи сармояи шартии нафақавии ҳар як шахси воқеии дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ суғурташударо то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур муайян намояд.
2. Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои эътимоднок дар бораи мавҷудияти собиқаи суғуртавӣ дар давраи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ва пардохти саҳмияи суғуртавӣ ба муассисаҳои дахлдори давлатии мамлакати будубош, ки ба масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) сарукор доранд, давраҳои номбаргардида ба собиқаи суғуртавӣ дохил карда мешаванд, ба шарте ки дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакати будубош қарордоди тарафайн, ки масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ  (нафақавӣ)-ро танзим мекунанд, ба имзо расида бошад.
3. Шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд ва дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ суғурта шуда, дар давраи то 1 январи соли 1952 (мардҳо) ва то 1 январи соли 1957  (занҳо) таваллуд ёфтаанд, ба  таъини  нафақа  аз  рӯи  синну  сол тибқи меъёрҳои Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давраи аз 1 январи соли 2011 то 1 январи соли 2015 ҳуқуқ доранд.
4. Дар ҳолати муроҷиат намудани нафақахӯре, ки ба ӯ аз рӯи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин гардидааст, бо мақсади индексатсия  ё  ба дигар намуди нафақа гузаштан, меъёрҳои Қонуни мазкур истифода бурда мешаванд.
5. Нафақа аз рӯи асосҳои (намудҳои) дигар мутобиқи Қонуни мазкур аз лаҳзаи мавриди амал қарор дода шуданаш таъин карда мешавад.
6. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди 1 январи соли 1952 (мардҳо) ва баъди 1 январи соли 1957 (занҳо) таваллуд ёфтаанд, тамоми намудҳои нафақа тибқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад.
7. То давраи муқаррар гардидани стандарту меъёрҳои давлатӣ, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои нафақавии гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон, дар давраи гузариш  нафақаи заминавӣ ба андозаи на камтар аз 60 фоизи ҳадди ақали музди меҳнат муайян карда мешавад.
 
Моддаи 60. Нигоҳ доштани андозаи нафақаҳои қаблан таъингардида

1.  Андозаи нафақаҳои  шаҳрвандоне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»  таъин гардидаанд,  нигоҳ дошта мешавад.
2. Андозаи нафақаи муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур мутобиқи моддаи 51  Қонуни мазкур индексатсия карда мешавад.

 Моддаи 61. Ҷавобгарӣ барои вайрон  намудани  Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани муқаррароти  Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 62. Тартиби мавриди  амал қарор додани  Қонуни мазкур

Қонуни мазкур  аз 1 январи соли  2011 мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 12 январи соли 2010, № 595


Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 январи соли 2010, № 1531

Қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 7 январи соли 2010, № 732


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1058

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед