logo

иҷтимоиёт

ҲАДАФИ МО - БЕҲСОЗИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ

Ҳифзи сиҳатии мардум, ба камол расондани насли солим яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ба хотири беҳдошти саломатии аҳолии кишвар бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмону таъмир  ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардондани муассисаҳои тиббӣ, дар шаҳру навоҳии дурдаст фароҳам овардани шароитҳои беҳдоштӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони соҳаи тиб идома дорад. Дар ин самт  ба шарофати сиёсати сулҳдӯстонаи Пешвои муаззами миллат, дар доираи ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ мегарданд. Яке аз онҳо Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии  молиявии Бонки ҷаҳонӣ аз моҳи ноябри соли 2013 ба фаъолият оғоз намуд. Барои равшанӣ андохтан доир ба рафти иҷрои лоиҳа суҳбате доштем бо хонум Кейт Мандевилл, мутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба тибби  ҷамъиятӣ.
- Қаблан, мехостем дар бораи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” мушаххас маълумот диҳед. Татбиқи натиҷаҳои лоиҳаи мазкурро чӣ гуна баҳо медиҳед ва кадом беҳбудии мушаххасро шумо дар ноҳия ё минтақаҳои зерҳадафи таҷрибавӣ метавонед зикр намоед?
- Лоиҳа ба натиҷаҳои хеле хуб муваффақ шудааст. Феълан, 37 маркази нави саломатии деҳот дар саросари кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Фархор, Ёвон,  Ҷалолиддин Балхӣ, Данғара, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Файзобод ва Ишкошим бунёд шуда истодааст. Зиёда аз 10000 корманди тиб оид ба масъалаи нигоҳубини самарабахши модарон, кӯдакон ва калонсолоне, ки фишори баланд доранд, аз омӯзиш гузашт. Ҳиссаи занҳои ҳомилае, ки духтурони табобатӣ ба онҳо ёрии тиббӣ расондаанд ва он раванди ҳомиладорӣ ва таваллудро нисбатан бехатар намуд, дар ноҳияҳои таҷрибавӣ тақрибан 100 фоизро ташкил медиҳад. Сифати ёрии тиббӣ ба ҳисоби миёна дар марказҳои саломатии деҳот 20 фоиз ва дар бунгоҳҳои саломатӣ 30 фоиз беҳтар гардид. Дар маҷмӯъ, зиёда аз як миллион нафар ё 14 фоиз аҳолии Тоҷикистон, бахусус занҳо ва кӯдакон, аз фаъолияти лоиҳа манфиат бардоштаанд.
Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими соҳаи тандурустӣ зиёда аз 25 сол боз ҳамкорӣ доранд. Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” мисоли хубест дар шоистатар намудани хизматрасонӣ дар самти ёрии аввалияи тиббӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот. Лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди мақсадноки натиҷаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи 33 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад ва аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Бо омӯзондани кормандони тиб, сохтмон ва ҷиҳозондани муассисаҳои тиббӣ ва, аз ҳама муҳим, бо пешниҳоди тавсияҳои мушаххас ва ҳавасмандгардонии моддии кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои беҳтар тавассути равиши “маблағгузории натиҷаи фаъолият”, лоиҳа ба боло бурдани сатҳи фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии ёрии аввалияи тиббию санитарӣ нигаронда шудааст. 
Бо дарназардошти он ки зиёда аз 75 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, муҳим аст, ки хизматрасониҳои тиббии босифат дар муассисаҳои тандурустии деҳот пешниҳод гарданд, то ки мардум ба марказҳои саломатӣ ё беморхонаҳои ноҳиявӣ барои ёрии тиббии босифат зиёд муроҷиат накунанд.
- Мо медонем, ки механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) дар доираи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизмат-расонии тиббӣ” (ЛБХТ) ҷорӣ гардид: МАНФ механизми беназири маблағгузорӣ маҳсуб меёбад, ки дар кишварҳои зиёд бомуваффақият ҷорӣ шудааст. Хоҳиш мекунем ба таври мухтасар дар бораи МАНФ маълумот диҳед.
- Механизми ба истилоҳ “маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият” (МАНФ) бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ барои фаъолияти хуби онҳо истифода мешавад. Аммо, танҳо пас аз тасдиқ намудани он ки ба ҳадафҳои пешакӣ ҳамоҳангшуда аз ҷониби онҳо ноил гаштаанд, кормандони мазкур бо маблағи пулӣ ҳавасманд мегарданд. Натиҷаҳое, ки муассисаҳои тиббӣ пешниҳод мекунанд, пеш аз гирифтани пардохтҳои ҳавасмандгардонӣ ҳар семоҳа мавриди санҷиш ва баррасии бодиққат қарор дода мешаванд.
МАНФ барои беҳтар намудани сифати ёрии тиббию санитарӣ кормандонро ҳавасманд мекунад. Ин як воситаест барои ҳавасмандкунии кормандони клиникие, ки ба таври истисноӣ зиёд заҳмат мекашанд  ва ба беморон ёрии беҳтар ва бештар пешниҳод месозанд. Ин барои он кишварҳоест, ки музди миёнаи меҳнати кормандони бахши давлатии он нисбатан паст аст, аҳамияти хосса дорад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур 450 муассисаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ дар даҳ ноҳияи вилояти Суғд ва Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷалолидин Балхӣ, Қубодиён, Фархор, Ёвон, Данғара ва Файзобод механизми МАНФ - ро татбиқ мекунанд. 70 фоиз мукофотпулие, ки муассиса гирифтааст, метавон ҳамчун пардохт ба кормандони тиб тақсим кард ва 30 фоизи онро менеҷерҳо метавонанд барои беҳтар намудани шароити муассиса, масалан барои гузарондани таъмири ҷорӣ ё хариди дору ва таҷҳизоти зарурӣ истифода баранд.
- Чанде пеш Бонки ҷаҳонӣ арзёбии таъсири маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолиятро дар Тоҷикистон ба итмом расонд ва он чӣ натиҷа бахшид?
- Натиҷаҳо беҳбудии назаррасро дар ҷанбаҳои зиёди сифати ёрии тиббию санитарӣ дар ноҳияҳое, ки МАНФ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардид, нишон доданд. Масалан, ҳиссаи муассисаҳои дорои шабакаи оби нӯшиданӣ бо ҷорӣ намудани механизми МАНФ тақрибан ба панҷяк афзоиш ёфт. Муассисаҳои баҳрабарандаи МАНФ бо таҷҳизот ва доруворӣ дастрасии бештар доштанд. Кормандони  муассисаҳои баҳрабарандаи МАНФ бо эҳтимолияти бештар ёрии нисбатан босифатро пешниҳод мекунанд. Ҳамшираҳо ва духтурони ёрии аввалияи тиббӣ аз кори худ бештар қаноатманд буданд. Оилаҳо болоравии сифати ёрии тиббиро мушоҳида намуда, зикр карданд, ки марказҳои саломатии деҳот дар ҳамкории зич бо аҳолии маҳаллӣ фаъолият мекунанд ва дорои кормандони соҳибихтисос мебошанд.   
- Омилҳои муваффақшавии механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият дар баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ кадомҳоянд?
- Механизми МАНФ кормандони соҳаи тибро ба истифодаи малакаву дониши худ барои дастёбӣ ба натиҷаҳои бештар ҳавасманд мекунад, он дар беҳтар намудани сифати ёрии тиббию санитарӣ муваффақ шуд. Ғайр аз ин, чунин намуди маблағгузорӣ ба менеҷерҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, сардухтурони марказҳои саломатӣ имкон дод, ки дар  хариди маводе, ки барои пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ заруранд, мустақил бошанд. Ниҳоят, азбаски буҷети ба ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ҷудошуда дар Тоҷикистон  кофӣ нест, механизми мазкур захираҳои умумиро барои хизматрасониҳои афзалиятноки тиббӣ афзоиш медиҳад.
- Ба фикри Шумо, ояндаи механизми МАНФ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Оё он дар дигар ноҳияҳои кишвар ҷорӣ мешавад?
- Айни замон, Ҳукумати Тоҷикистон роҳҳои маблағгузории ёрии аввалияи тиббиро тавассути ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ такмил дода истодааст. Ин маънои онро дорад, ки ба ҷои буҷети бетағйир ба ҳар ноҳия буҷети муассисаҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ вобаста аз шумораи аҳолие, ки ба он муассиса хизмат мерасонад, пешниҳод мегардад. Ҳамин тавр, муассисаҳои ёрии аввалияи тиббии дорои аҳолии бештар ё воқеъ дар минтақаи дурдаст барои муолиҷаи беморони худ маблағҳои бештарро дар ихтиёр хоҳанд дошт, ки он усули беҳтарин маҳсуб меёбад.
- Барои соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ чӣ нақшаҳо дорад?
- Азбаски дар доираи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд, мо идомадиҳии лоиҳаро дар самти солимии кӯдакон мавриди баррасӣ қарор додаем.
Тоҷикистон дорои аҳолии аз ҳама ҷавон ва босуръат рушдёбанда дар Осиёи Марказӣ мебошад, аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба солимии кӯдакон ва ҷавонон аҳамияти бузург дорад.
Индекси Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба сармояи инсон нишон медиҳад, ки маҳсулнокии меҳнати кӯдаки имрӯз дар Тоҷикистон таваллудшуда ҳангоми расидан ба синни балоғат 53 фоизро аз сатҳи эҳтимолӣ ташкил медиҳад, ки он дар сурати ба даст овардани маълумоти пурра ва саломатии мукаммал, имконпазир мебошад. Ин маънои онро дорад, ки барои таъмини инкишофи солимии кӯдакон, соҳибмаълумот намудани онҳо ва таъмини маҳсулнокӣ барои дар оянда рақобатпазир будан ва ба муваффақият ноил гардидани онҳо, корҳои бештареро бояд анҷом дод. Далелҳои қатъии дар кишварҳои ҷаҳон мавҷудбуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки сармоягузорӣ дар солҳои аввалини зиндагии кӯдакон яке аз сармоягузориҳои самарабахштарине мебошад, ки кишвар метавонад баҳри шукуфоии оянда равона созад. Бинобар ин, мо бо Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи наверо оид ба инкишофи бармаҳали кӯдак таҳия намуда истодаем.
Ба қарибӣ гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон стратегияи нави ҳамкориро барои солҳои 2019 - 2023 роҳандозӣ намуданд, ки он ба таъмини сармоягузорӣ ба сармояи инсон равона мегардад. Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷонибдори идомадиҳии дастгирии кишвар мебошад, зеро Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда, талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2019    №: 106    Мутолиа карданд: 253

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед