logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Мардум рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандиро ба ҳукми таърих вогузошта, рӯ ба ободонию созандагӣ, бунёди пояи зиндагии шоиста ниҳодаанд. Мардуми ба ваҳдатомада шукронаи сулҳу амонӣ карда, бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар, яъне аз маркази шаҳру навоҳӣ то дурдасттарин деҳаву маҳалла корҳои ободониро вусъат бахшидаанд.
Дар тақвими охири садаи XX дар ҷомеаи ҷаҳонӣ табаддулоти куллии сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба амал омад. Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд ва ҷумҳуриҳои тобеи он роҳи мустақилиятро пеш гирифтанд. Дар харитаи ҷаҳон давлатҳои нави мустақил пайдо шуданд. Дар ин қатор Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҳи рушди озодонаро пеш гирифт. Ин роҳ барои давлати ҷавон роҳи осон набуд.
Мутаассифона, бо дахолати қувваҳои бадхоҳи беруна, ки рушди давлати тоҷиконро намехостанд, нақшаи аз байн бурдани он ва миллати тоҷикро тарҳрезӣ карданд. Дар натиҷа дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Ҷанг бадбахтиҳои зиёд овард. Бародар бо бародар ва писар бо падар душман шуда, ҷониби якдигар тир холӣ мекарданд. Осмони кишвар тираву замини зархези он оғӯштаи хун гардида буд. Ғорату дуздӣ, қатлу куштор ва гаравгонгирии одамони бегуноҳ оғоз ёфт. Молу дороии солҳои зиёд ҷамъовардаи мардум ба яғмо рафт.
Ҷойи зикр аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар таърихи халқу миллатҳои ҷаҳон зуҳуроти нав нест ва онро халқи тоҷик низ аз сар гузаронд. Роҳи ваҳдати миллӣ аз 26 ноябри соли 1992 оғоз ёфт ва дар ҳамин рӯзи тақдирсоз дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуданд: “Ман ба шумо сулҳ меоварам”.
Пешвои миллат аз раванди пур аз мушкилоти музокироти тӯлонии давлат бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин борҳо ёдрас шуда, чунин гуфтаанд: “Маҳз бо талабу дархост ва майлу иродаи мардуми кишвар ва танҳо ба хотири аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест нашудани давлати соҳибистиқлоламон ва пароканда нагардидани миллатамон мо бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин музокиротро оғоз кардем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, мо чил санади барои миллат муҳимро ба имзо расондем. Ниҳоят, баъд аз мухолифоти мусаллаҳонаи зиёда аз панҷсола Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ин рӯ, 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ба ҳисоб меравад”.
Соли 2015 аз тарафи мардуми Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат эътироф шудани Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қадрдонии хизматҳои бузурги фарзанди фарзонаи миллат дар роҳи бастани сулҳи тоҷикон ва хизматҳои давраи баъдиҷангиашон мебошад. Тавре маълум аст, баъди бастани созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон давраи нави сулҳсозӣ оғоз гардид, ки барои татбиқи он Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) таъсис ёфт. Фаъолияти комиссия 4 июни соли 1997 оғоз гардида, аз 4 зеркомиссия: сиёсӣ, муҳоҷират, низомӣ ва ҳуқуқӣ иборат буд. Фаъолияти комиссия то 31 марти соли 2000 давом кард.
Яке аз масъалаҳои асосии дар назди комиссия гузошташуда ин ба Ватан, ба ҷойҳои зисти аввала баргардондани гурезаҳо буд. Пӯшида нест, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ қариб як миллион ҳамватанонамон ҷойҳои зисти доимиашонро тарк карда, иҷборӣ ба хориҷи кишвар (асосан, ба давлатҳои Эрон, Афғонистон, Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳои дуру наздик) рафта буданд ва баъди чандин солҳои муҳоҷират ба диёри худ баргаштанд.
Аксарияташон хонаю дари худро аз тарси ҷон партофта рафтанд, ки онҳо аз тарафи шахсони алоҳида ғасб гардиданд. Қисми дигаре бо маблағи ночиз манзили истиқоматӣ ва молу ҳолашонро фурӯхта буданд. Пас аз ин воқеаҳо дар судҳои ҷумҳурӣ баҳсҳои гражданӣ оид ба манзил ва характери амволидошта бамаротиб зиёд шуданд. Чунин баҳсҳо, асосан, дар ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи (ҳозира Бохтар)  вилояти Хатлон бештар мушоҳида мешуданд. Парвандаҳои гражданӣ сари вақт баррасӣ гашта, хонаҳои гурезагон аз шахсони бегона холӣ ва ба соҳибонашон баргардонда шуданд. Ин ҳолат умеди гурезаҳоро ба фардои нек дучанд мекард ва яке аз пайи дигаре ба Ватан бармегашт.
Маҳз барои чунин фаъолияти пурсамар ва нақши фаъол доштан дар таҳкими ғояҳои ваҳдати миллӣ дар он солҳо як қатор судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо мукофотҳои давлатӣ қадр гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб фармудаанд: “Истиқлолиятро ба даст овардан ҳанӯз кам аст. Мо бояд истиқлолият ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем”.
Сайдалӣ Сироҷиддин САЙВАЛӢ, раиси суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2019    №: 107    Мутолиа карданд: 270

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед