logo

иқтисод

АТЛАС. ГУФТАНИҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ!

Атласи тоҷик аз замонҳои қадим миёни мардуми минтақа ва берун аз он шуҳрат дошту шаҳри Хуҷандро ҳамчун маркази истеҳсоли абрешиму абрешимбофӣ мешинохтанд. Дар замони шӯравӣ низ талабот ба атласи Тоҷикистон хеле зиёд буд ва корхонаҳои мо бозори як қатор кишварҳои собиқ шӯравиро низ бо ин навъи матоъ таъмин мекарданд. Мутаассифона, имрӯз корхонаҳои атласбофӣ иқтидору эътибори пешинаашонро аз даст додаанд. Оё имкони эҳёи дубораи корхонаҳо ва бо ин роҳ барқарор сохтани шуҳрати пешин мавҷуд аст? Тадқиқоти хабарнигори рӯзнома кӯшишест барои посух ёфтан ба ин ва саволҳои дигари вобаста ба мавзӯи мавриди назар.

“ТОҶИКАТЛАС” АЗ БАЙН РАФТ, “ХУҶАНДАТЛАС” ЧӢ ҲОЛ ДОРАД?
“Тоҷикатлас” - и  як замон маъруф соли 2010 ба низоми нави иқтисоди бозаргонӣ тоб наоварда, барҳам хӯрд. “Хуҷандатлас” низ, ки аз таъсири ин раванд фаъолияташро қатъ карда буд, баъд аз бозистии тӯлонӣ танҳо соли 2005 боз бо номи “Атласи Хуҷанд” ба кор шурӯъ кард. Ва айни замон дар ҷумҳурӣ ягона корхонае мебошад, ки ба истеҳсоли атлас машғул аст. Вале “Атласи Хуҷанд” ҳоло ҳам ба мушкилиҳои зиёде рӯбарӯст. Корхонаи азиме, ки солҳои 70 – 80 - уми асри гузашта, бо беш аз 2 ҳазор коргар соле зиёда аз 2 миллион метри мураббаъ атлас истеҳсол мекард, феълан буду шуд 50 коргар дораду соле ҳамагӣ 50 ҳазор метр матоъ мебарорад.

ДАСТГОҲҲО ФАРСУДАВУ НАРХИ АБРЕШИМ ГАРОН...
Аз суҳбат бо Азимҷон Ғафуров, директори генералии ҶДММ “Атласи Хуҷанд”, маълум гашт, ки яке аз мушкилоти асосии корхона дастрас намудани таҷҳизоти муосир аст. Дастгоҳҳои фарсудаи корхона мероси замони шӯравианду бо онҳо 70 дарсади кор дастӣ анҷом мегирад. Таҷҳизоти нав бошад, хеле гаронарзиш ва камёфтанд. Мушкили дигар гаронии нархи абрешим мебошад, ки барои ривоҷ бахшидани атласбофӣ монеаи асосист.
– Нархи атлас аз арзиши абрешим вобастагӣ дорад, лекин абрешимро мо бо нархи гарон дастрас мекунем. Аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам “ВТ – СИЛК” ҳар килограмм абрешимро бо нархи ҷаҳонӣ – 55 доллар мехарем, ки бо чунин ҳол пешбурди кор хеле душвор мегардад. Гузашта аз ин, атласи мо аз абрешими тоза омода мешавад ва арзишаш баландтар аст. Атласҳои пастсифате, ки аз нахи сунъӣ истеҳсол ва бо нархи арзон ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, бозори моро танг кардаанд, -  баён дошт А. Ғафуров. 

АТЛАСБОФОН БА ЧӢ МИҚДОР ПИЛЛА НИЁЗ ДОРАНД?
Як шарти ҳатмии афзунсозии истеҳсоли атлас рушди соҳаи пиллапарварист. Мутаассифона, айни замон ин соҳа низ дар ҳолати таназзул қарор дорад. Матлуба Киромова, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияи нав, иброз дошт, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри барқарорсозӣ ва рушди кирмакпарварӣ, таъмини соҳа бо тухмии хушсифати ватанӣ, мустаҳкам намудани пойгоҳи хӯроки кирмак, афзун кардани ҳаҷми истеҳсол ва таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом Ҳукумати мамлакат “Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020” - ро қабул намудааст. Алҳол маъракаи нави ҷамъоварии пилла дар ҷумҳурӣ идома дорад. Тибқи дурнамо, имсол истеҳсоли пилла ба 904 тонна расонда мешавад. Ба таъкиди масъулон, ин миқдор эҳтиёҷи корхонаҳои мавҷудаи атласбофиро пурра таъмин месозад. Зимнан, то 20 май 495 тонна пилла ҷамъоварӣ шуда, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён ва Кӯшониён нақшаро аллакай иҷро кардаанд. Вале, ба гуфтаи масъулони корхонаи “Атласи Хуҷанд”, онҳо барои дастрас кардани ашёи хом танқисӣ мекашанд ва ин проблема аз саддҳои асосии рушди корхона маҳсуб мегардад.

УСУЛИ ПАРВАРИШИ КИРМАК БОЯД ТАҶДИД ГАРДАД
Бино ба андешаи мутахассисони соҳа, як қатор мушкилиҳое ҳастанд, ки монеи рушди пиллапарварӣ мегарданд. Аз ҷумла, кирмакро маъмулан дар хонаҳои истиқоматӣ парвариш мекунанд, ки хилофи қоидаҳои технологист. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои санҷиши сифати пилла мавҷуд нестанд.
Дастрас кардани ғизои кирмак, яъне барги тут, паҳлуи дигари ташвишовари масъала ба шумор меравад.
Устоди кафедраи физиологияи рустанӣ, биотехнология ва пиллапарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Соҷида Мирзоева, андешаю пешниҳодоти худро дар ин бора чунин баён дошт:
– Ба манфиати кор мебуд, агар дар минтақаҳои кирмакпарварӣ аз ҷониби сохторҳои марбута як навъ фермаҳои пиллапарварӣ ташкил мешуданду пиллапарварон на дар хонаҳои худ, балки дар ҳамин фермаҳо кирмакро парвариш менамуданд. Ҳамчунин, ба ин фермаҳо барои бунёди тутзорҳо замин ҷудо кардан лозим. Бо ин роҳ ду проблемаи асосӣ ҳалли худро пайдо мекунад.
Ин таҷрибаро кишварҳои рушдёфтаи саноатии Осиё (Чин, Кореяи Ҷанубӣ) кайҳо рӯи даст гирифтаанду дар Ӯзбекистони ҳамсоя низ аз ҳамин усули кор истифода мекунанд ва ба натиҷаҳои хуб ноил мешаванд, яъне таҷрибаи санҷидашуда аст.  

ВАҚТЕ ФОИДА НОЧИЗ АСТ...
Ё ДАХЛ НУЗДАҲУ ХАРҶ БИСТ
Ин масъала низ дар қатори  омилҳои дигар садди  ривоҷ ёфтани соҳа гаштааст, ки кирмакпарварон аз маҳсули заҳматашон даромади ночиз мегиранд. Ба гуфтаи баъзе кирмакпарварон, ин даромад ҳатто хароҷоташонро пӯшонда наметавонад. Фақат ҳамчун ҳезум чанд баста шохаи тут ва чанд сомонӣ мемонаду бас, ки барои нав кардани либоси ҳангоми парвариши кирмак нокорашуда кифоят намекунад. Дар ҳақиқат, тавре ба мо дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав гуфтанд, кирмакпарвар баъди машаққати зиёди беш аз якмоҳа як кило пилларо вобаста ба сифату навъ бо нархи 5 -10 сомонӣ (тақрибан 0,5 – 1 доллари ИМА) ба нуқтаҳои қабул месупорад. Яъне, агар 50 кило пилла супорад, тахминан 450 сомонӣ (ҳамаи он навъи аъло нест) мегирад. Магар ин маблағ барои таъмири хонаи дар он кирмак парваришёфта басанда аст? Ҳаққи заҳмати моҳона куҷо мемонад?
Яъне кирмакпарварон аз арзонии нархи пилла шикоят мекунанду дар “Атласи Хуҷанд” аз гаронии нархи абрешим.
Чӣ тавр пиллаи якдоллара ба абрешими 55 – доллара табдил меёбад, муаммои саноатист, зеро ба гуфтаи мутахассисони соҳа, (камобеш) аз 2,8 кило пиллаи тар як кило пиллаи хушк ва аз 3 кило пиллаи хушк 1 кило абрешим омода мегардад. Агар ба ҳисоби дағал ҳам гирем, барои истеҳсоли як кило абрешим ҳамагӣ 80 – 85 сомонӣ харҷ мешавад, на 55 доллар. Воқеан, афзалияти саноатикунонӣ ҳам баъди коркард (ё нимкоркард) маҳз чандин карат боло рафтани нархи маҳсулот аст. Дар ҳамин ҳол, бирешим ҳанӯз ашёи хоми нимтайёр аст, на маҳсулоти саноатӣ. Пас чӣ бояд кард? Саволест, ки аз масъулон посухи бетаъхир мехоҳад. Фақат посух на ба хотири посух!
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2019    №: 109    Мутолиа карданд: 169

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед