logo

фарҳанг

НАТИҶАИ ТАДҚИҚОТ: "ҶУМҲУРИЯТ" ПЕШСАФ МОНД!

Натиҷаи муаррифии ҳисоботи тадқиқотии «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо» нишон дод, ки имсол ҳам дар бахши ВАО - и чопӣ рӯзномаи серхонанда Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» аст.

2500 нафар аз аҳолии се вилоят, шаҳри Душанбе  ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ изҳор доштаанд, ки дар як ҳафта 3 - 4 маротиба рӯзнома мехонанд, ки он «Ҷумҳурият» мебошад. Дар ҷойҳои дувуму сеюм мутаносибан ҳафтаномаи соҳавии «Маориф» ва «Минбари халқ» қарор гирифтанд.
Дар муаррифӣ намояндагони Вазорати фарҳанг, масъулони Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало», Ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ», раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, коршиносон ва намояндаи бахши ВАО - и Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷефф Райденауэр иштирок ва суханронӣ карданд.
- Матбуот аз оғози пайдоиш замонсозу чеҳрасозу таҳрикдиҳанда буд. Хушҳолем аз он ки дар Тоҷикистон низ рушди ин самти пешбаранда хуб ба роҳ монда шудааст. Махсусан, ҷараёни тоза пайдо кардани  дастрасӣ ба иттилооти саривақтии интернет фараҳафзост, - баён кард Ҷефф Райденауэр, сардори бахши ВАО - и Сафорати ИМА дар Тоҷикистон
Ҳисоботи тадқиқотӣ дар ҳаҷми 70 саҳифа бо сифат ва диаграммаву муқоисаҳои илмӣ интишор ёфта, ба кормандони ВАО ва дигар мутахассисон пешниҳод шуд.
- Пурсиши мазкур марҳилаи дуюми лоиҳа аст. Соли гузашта мо чунин тадқиқотро гузаронда, моҳи апрел муаррифӣ карда будем. Дар тадқиқоти нав мо на танҳо ВАО, балки абзорҳои нави дастрасии иттилоот - интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳоро ҳам фаро гирифтем. Натиҷаҳои порсоларо бо имсол муқоиса карда, муайян намудем, ки вазъ то кадом андоза тағйир ёфтааст ва тамоюли аҳолӣ ба кадом навъи иттилоъ афзудааст, - гуфт Қаҳрамон Бақозода, директори Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало».
Зикр гардид, ки истифодаи ВАО дар шабакаҳои интернетӣ афзудааст. Чунин пурсишҳо, ки хоси сотсиология аст, имкон медиҳад то роҳҳои рушди минбаъдаи ВАО-и анъанавӣ муайян шаванд ва самтҳои афзалиятноки он муҳокимаву пешниҳод гарданд.
- Гарчанде ки истифодаи интернет, махсусан мессенҷерҳо, дар байни аҳолӣ зиёд шудааст, аммо ҳадафҳои истифода оқилона нест. Маърифати истифодабарии онҳоро аҳолӣ бояд донанд ва онро барои на танҳо вақтхушиву иттилоъгирӣ, балки ҷиҳати фановариҳо, рушди соҳаҳои гуногун, дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷи кишвар, пешбурди иқтисоду савдо ва монанди инҳо истифода баранд, - изҳор дошт коршинос Набӣ Юсуфов.
Аз хулосаву баррасиҳо маълум шуд, ки таваҷҷуҳи мардум ба масъалаҳои ахлоқӣ ва варзиш афзудааст. Онҳо бештар шунидану дидани барномаҳои адабӣ доир ба тарбияи ҷавонону кӯдакон, ҳамчунин, варзиширо меписанданд. Дар рафти пурсиш ҳам махсус зикр кардаанд, ки шумораи чунин барномаҳо ва мақолаву ҳикояҳои тарбиявӣ бештар бошад. Дастандаркорон ин падидаро бисёр аҷибу ғайриинтизор баҳогузорӣ карда, сабабу омилҳо ва амалкарди чунин пешниҳодҳоро муҳокима намуданд.
Аммо, бо вуҷуди ин, шумораи шунавандагони радио ва хонандагони моҳномаҳо коҳиш ёфтааст. Аз 2246 пурсидашуда ҳамагӣ 8,6 дарсад маҷалла мехонанду бас.
Вобаста ба ин, пешниҳод гардид, ки дар ҳамкорӣ бо сардабирони нашрияҳои давлативу хусусӣ мизи гирд ташкил шавад, то сабабу омилҳои раванди мазкур рӯшан гардад. Изҳори бовар карда шуд, ки натиҷаҳои бадастомада ВАО – ро дар самтҳои гуногун рушд бахшида, ба ҷоннок шудани фаъолияти иттилоърасонӣ мусоидат мекунад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2019    №: 109    Мутолиа карданд: 210

22.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 интихоб шуд

ММД Тоҷикистон 7,4 дарсад боло рафт

Путин бо шоҳзодаи саудӣ ҳамла ба иншооти нафтиро баррасӣ намуд

Сӯхтор дар Малайзия боиси бастани яку ним ҳазор мактаб гашт

Дар Ӯзбекистон сабти телефонҳои мобилӣ пулакӣ мешавад

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед