logo

номаҳо

СОЛИ ХОНИШ. ЯК ПЕШНИҲОД

Ман собиқадори соҳаи маорифам. Тайи 60 сол боз ба шогирдон аз фанни география дарс додаам. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониашон маорифро  дар сиёсати давлатӣ соҳаи афзалиятнок ҳисобида, ҳамеша кӯшиш  ба харҷ медиҳанд, ки  сол ба сол нисбати омӯзгорон бештар ғамхорӣ намоянд. Ҳамин тавр, зина ба зина музди маоши кормандони ин соҳаро чандин маротиба баланд бардоштанд. Албатта, ин боиси ифтихори мо - омӯзгорон аст.
Яке аз чунин иқдомҳои некашон ба тасвиб расондани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, № 207 оид ба давомнокии рухсатӣ барои собиқаи кории давомнок мебошад. Дар ин асос рухсатии омӯзгорон вобаста ба собиқаи кориашон (5 - 20 сол) аз 3 то 10 - рӯз илова карда мешавад. Бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз 17 майи соли 2019, №2702 соли таҳсили 2018-2019 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 14 июни соли 2019  анҷом дода мешавад. Дар ин сурат, рухсатии як гурӯҳи омӯзгорон то 8 сентябр давом мекунад. Бо андешаи мо чун солҳои қаблӣ агар соли хониш 25 май анҷом ёбад, ба истироҳату системанокии таълим ва омодасозӣ ба соли нави хониш таъсири манфӣ намерасонад.
Саймурод  ОДИНАЕВ, собиқадори соҳаи маориф, ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2019    №: 109    Мутолиа карданд: 572

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед