logo

иқтисод

ПАХТАКОРӢ. ЧӢ ГУНА НУФУЗИ РАФТАРО БАРҚАРОР КУНЕМ?

Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмин намудани бахши саноат бо ашёи хоми зарурӣ, фаро гирифтани мардум бо ҷойи кор ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат  нақши калидӣ дорад, бавижа вақте ки дар мамлакат саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудааст. Мутаассифона, сарфи назар аз тадбирҳои роҳандозишуда, соли гузашта низ истеҳсоли пахта назар ба соли пешӣ кам шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ аз майдони  185817 гектар 300359 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 16, 2 сентнериро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ 6, 2 - сентнерӣ кам аст. Хабарнигори рӯзнома оид ба шарҳи сабабҳои кам шудани ҳаҷми истеҳсол, роҳҳои боло бурдани ҳосилнокӣ ва қоидаҳои асосии агротехникаи парвариши пахта ба  Саидҷамол Саидзода, ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи АИКТ, муроҷиат кард.

- Яке аз сабабҳои асосии паст шудани ҳосилнокии пахта дар соли гузашта ин дар давраи гулу шонабандии пахта баланд шудани ҳарорати ҳаво ва таъсири гармии аз меъёр зиёди тӯлонӣ мебошад. Риоя нагардидани қоидаҳои агротехникии парвариш, нарасидани нуриҳои минералию органикӣ (махсусан, нуриҳои фосфору калийдор), заҳрхимикатҳо, тухмиҳои хушсифат ва ҳолати мелиоративии ғайриқаноатбахши заминҳо сабабҳои субъективиеанд, таъсири зиёни табииро бештар намуданд. Камбориш омадани моҳҳои марту апрели соли гузашта - мавсими асосии кишти пунбадона дар вилояти калонтарини пахтакори кишвар – Хатлон ва ҳарорати баланди ҳаво дар моҳи июл, ки 43 - 45 дараҷаро ташкил дода, зиёда аз 18 - 20 рӯз идома ёфт, ба нашъунамои ниҳолҳои  пахта таъсири манфӣ расонд.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии кишвар, ки пайваста бо кишоварзон, аз ҷумла пахтакорон ҳамкории зич доранд, барои боло бурдани ҳосилнокии пахта ва ба каф овардани дурри мақсуд, қабл аз ҳама,  пеш аз кишт тахту ҳамвор  намудани заминҳои обиро тавсия медиҳанд. Ҳамворӣ  барои саросару якхела сабзидани пунба, беҳтар шудани сифати обмонӣ ва ба роҳ мондани тадбирҳои дигари агротехникии фаровонҳосилӣ мусоидат мекунад. Исбот шудааст, ки барвақт ва саросар сабзидани чигит на фақат ба сифати тайёр кардани замин ва кишт, балки ба сифати чигити тухмӣ низ вобастагии қавӣ дорад. Тухмӣ бояд ба тарзи мутамарказ бо заҳрҳои кимиёии «Бронотак»  (7 – 8 кг-тонна) ва «Витавакс» (5 кг-тонна) заҳролуд карда, дар халтаҳои коғазии чорқабата ба хоҷагиҳои пахтакор тақсим шавад.
Мутахассисон бояд нешзанӣ, қувваи сабзиш, патнокӣ, осеби механикӣ (шикастан), намнокӣ, пуррагии тухмӣ (вазни 1000 дона) ва тозагии навъро ба назар гиранд. Меъёри кишти чигит аз рӯи хусусиятҳои навъи пахта, якхелагӣ, ҳаҷм (вазни 1000 дона), усул ва муҳлати кишт, инчунин, шароити хок муқаррар мешавад. Селексионерони кишвар ба пахтакорон коштани навъҳои беҳтарини чигит - «Гулистон», «Меҳргон», «Ҳисор», «Суғдиён-2»,  «Сорбон», «Назирӣ», «Ориёӣ», «Ирам -1МН», «Зарафшон», «Хуҷанд - 67», «Ҳулбук», «Дӯстӣ - ИЗ», «Хатлон - 2014», «Тоҷикистон», «Шарора - 1020», «9326 - В», «750 - В», «Авесто» - ро пешниҳод мекунанд.
Беҳтар аст, ки дар ҳар як ноҳия як ё ду навъи пумбаи (чигити) тавсияшуда кишт шавад. Бисёрнавъӣ ба он оварда мерасонад, ки навъҳо аз ҷиҳати гетерогенӣ хусусияти биологии худро гум карда, ба камҳосилӣ мубтало мешаванд. Дар асоси таҷрибаи олимон ва мутахассисони соҳа, ҳисоби миёнаи муҳлати оптималии кишти пунба дар вилоятҳои Хатлон аз 25 март то 20  апрел, Суғд ва водии Ҳисор аз 5 апрел то 25 апрел муқаррар шудааст.
Агар кишт дар муҳлати мусоид гузаронда шавад, пунбаро дар чуқурии 3 см (дар хоки сабук дар чуқурии 4 см) зери хок кардан ба мақсад мувофиқ аст. Одатан дар давраи кишт ва баъди он бориши зиёд мешавад. Дар натиҷаи ин замини киштшуда сафолак мебандад, ки ғафсии он баъзан ба 3 – 4 см мерасад. Сафолак на танҳо ба сабзиши пунба халал мерасонад, балки чигити нешзадаро нобуд мегардонад. Бинобар ин, сафолакро баъди як - ду рӯзи пайдо шуданаш фавран бо хокнармкунак ё ситорачаҳои ротатсионӣ дар чуқурии 4 – 5 см шикастан даркор аст. Шикастани сафолак имкон медиҳад, ки намии хок напарад ва вуруди ҳаво ба решаи ниҳолҳо беҳтар гардад.
Барои сахт нашудани қабатҳои хок ва кам кардани хароҷоти коркарди байни қаторҳо нармкуниро бо ҷӯяккашӣ, ғизодиҳӣ ва заҳрпошӣ бар зидди касалию ҳашароти зараровар дар якҷоягӣ гузарондан хубтар аст. Усулҳои асосии мубориза бар зидди алафҳои худрӯй коркарди байни қаторҳо култиватсия мебошад. Маъмулан, дар майдони киштзори пахта алафҳои худрӯй аҷириқ, шӯрак, ғумай, печаки саҳроӣ, ангури сагак ва ғайра дида мешаванд. Барои нест намудани ин гуна алафҳо ғайр аз коркарди байни қаторҳо ва бо даст чидани алафҳо истифодаи гербисидҳои «Пантера» ва «Каторан»  тавсия дода мешавад.
Ба нашъунамою ҳосилгирии ниҳолҳои пахта вилти вертисилиозӣ дар навъҳои миёнанах ва фузариозӣ дар навъҳои маҳиннах, пӯсиши реша, гомоз, зараррасонҳои тортанаккана, кирми тирамоҳӣ, кирми пахта, шира, трипс, сафедболак, малах, карадрина ва ҳашароту касалиҳои дигар зарари бениҳоят калон мерасонанд.
Яке аз тадбирҳои  пурсамари агротехникӣ бар зидди чунин зараррасонҳо киштгардон ва сари вақт ғундоштани ғӯзапоя ба шумор меравад. Роҳи дигари эмин доштани буттаҳои пахта аз касалиҳо безараркунии пунбаи тухмӣ мебошад. Бо роҳи биологии истифодабарии энтомофагҳо муҳофизат кардани рустанӣ аз зараррасонҳо аҳамияти калон дорад. Барои нест кардани ҳашароти пахта феромонҳоро низ истифода бурдан мумкин аст. Хоҷагиҳои пахтакор метавонанд аз лабораторияҳои биологие, ки трихограмма, тиллочашмак ва хабрабраконро афзоиш медиҳанд, истифода баранд. Паҳн кардани онҳо дар пахтазор нисбат ба усули муборизаи химиявӣ хеле арзон ва ба муҳити зист безарар аст.
Дар натиҷаи иҷрои чунин чорабинӣ ва амалҳо ҳосилнокӣ баланд гардида, ҳосили барвақтии пахта меафзояд. Риояи қатъии агротехникаи парвариш имкон медиҳад, ки ҳосилнокии ин маҳсулоти пурқимат бамаротиб аз 35 то 40 сентнер афзояд. Таъмини дурнамои имсолаи истеҳсоли пахта дар ҳолати иҷрои қатъии комплекси тадбирҳои агротехникӣ комилан имконпазир аст.
Матлубаи  АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”     


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2019    №: 109    Мутолиа карданд: 142

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед