logo

Хабарҳо

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

Бо қарори ЮНЕСКО 400 – солагии милоди суханвари тавонои тоҷик Миробид Саййидои Насафӣ таҷлил гардид. Ӯ бо мероси адабии гаронбаҳои худ дар адабиёт мавқеи хоссаро касб кардааст. Агарчи аз Насафу Бухоро ба ҷое нарафт, шеъраш ва шуҳраташ оламгир шуданд.
Ҳанӯз соли 1947 академик Абдулғанӣ Мирзоев бо таҳқиқоти бисёр арзишмандаш, ки дар шакли китоб бо номи «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» нашр гардид, ин суханвари асилро ба хонандагону ҳаводорони адабиёти тоҷик беҳтару бештар шиносонда буд.
Аз ашъори ӯст, ки ҳақиқатро дар замони зиндагии худ рӯшану возеҳ баён доштааст:
Дафтари ашъори худро беҳ, ки андозам ба об,
Баски имрӯз имтиёз аз нуктадонон бурдаанд.
Албатта, шоир мақому манзалати худро дар он рӯзгор хуб мешинохт ва беҳуда ба таъкид намегуфт:
Надорад, Саййидо, гулзор чун ман сарви озоде,
Ба рӯйи сафҳаи айём байти фардро монам.
Дар нашри осори ин шоири шаҳир пештар Ҷамшед Шанбезода ва Ҷобулқо Додалишоев саҳми чашмрас гирифта буданд. Ин бор иҷрои чунин хидмати арзишмандро адабиётшиносони маъруфи кишвар Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ ва Асрори Раҳмонфар ба уҳда гирифтанд ва «Куллиёт» - и Миробид Саййидои Насафиро барои чоп омода сохтанд.
Тавре мураттибон нигоштаанд: «…тамоми имкониятро барои нигаҳдории матни асилу саҳеҳи «Куллиёт» - и Саййидои Насафӣ истифода бурданд. Ҳамин тариқ, замону шароите мусоид фаро расидааст, ки минбаъд мероси боқимондаи шоири бузурги тоҷик аз куллияи сарчашмаҳои хаттии ватаниву хориҷӣ ҷамъ оварда, дар сатҳу савияи академӣ ва илмии оммавӣ дар ихтиёри ҳамзабону ҳамдиёрон ва шеъри тоҷикдӯстони саросари ҷаҳон гузошта шавад».
Мавриди зикри махсус аст, ки чунин як «Куллиёт» - и боарзишу муҳим бо теъдоди бисёри бисёр кам, яъне 200 нусха ба табъ расидааст. Ҳол он ки бояд онро чандин ҳазор нусха нашр ва дастраси алоқамандону ҳаводорони каломи бадеъ мегардонданд. Албатта, сари ин масъала масъулон ҳарчи зудтар тадбирҳои заруриро меандешанд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 258

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед