logo

фарҳанг

ШОҲКОРИИ ТАЪРИХ. БАРДОШТ АЗ КИТОБИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН "ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ"

Солҳои охир донишмандони зиёде доир ба забон ва масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ, аз ҷумла таъсири забон ба бунёди давлати навини тоҷикон, изҳори назар намуда, рисолаҳои илмӣ навиштанд. Аммо таълиф шудани асари пурқимате чун «Забони миллат – ҳастии миллат»  бо қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтани нозуктарин ҷанбаҳои забони тоҷикӣ ва сайри таърихии он боиси хушҳолист. Дар  ин маврид суҳбате доштем бо Ҳоким Қаландариён, доктори илми филология, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он чи давоми камтар аз сӣ сол барои бедории миллати тоҷик кардаанд, шоистаи таҳсин ва мояи ифтихор аст ва ин ҳам бо вуҷуди имконоте, ки на ҳамеша барояшон фароҳам буд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон масъалаи эҳёи фарҳанги миллӣ, махсусан масъалаи забон яке аз вазифаҳои муҳими ҳаётӣ гардид. Сарвари давлат эҳсос менамуданд, ки яке аз ҷойҳои заъфи забоншиносии имрӯзаи тоҷик ин надодани аҳамияти ҷиддӣ ба мушкилоти методологӣ ва назариявии рушди забон, ҷойгоҳ ва нақши он дар таҳаввули фарҳанг ва тафаккури миллат мебошад.
Асари «Забони миллат – ҳастии миллат» бо сабки бисёр ҷолиб, расо ва муҳтавои дақиқ офарида шудааст.  Сарвари давлат бо баёни ноби тоҷикӣ ва дар такя ба сарчашмаҳои таърихӣ изҳор медоранд, ки тоҷикон тӯли зиёда аз ҳазор сол дар таъйини сарнавишти худ озод набудаанд. Ҳамакнун аз нав номи тоҷикон бо давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард.
Муаллиф изҳори хурсандӣ аз он мекунад, ки на танҳо тоҷикони қаламрави таърихӣ, балки кулли тоҷикону тоҷикзабонони ҷаҳон ин дастоварди бузурги сиёсиро хуш пазируфтанд ва тоҷик ба гунаи як миллати том тамоми аломату нишонаҳоро доро гардид. «Миллати деринатаърих» «парчами озодӣ ва истиқлолро дар қалби Осиё» барафрохт.
Пешвои миллат хуб дарк кардаанд, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолият «нахустин масъалаи пешомада он буд, ки Тоҷикистон бо он сармоя ва мероси моддиву маънавие, ки аз даврони шӯравӣ мондааст, барои бунёди давлати мустақил чи имконоти сиёсӣ ва заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ихтиёр дорад». Муаллиф бо чанд ҷумлаи пурмуҳтаво аз мушкилиҳои расидан ба истиқлоли воқеӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлол шудан сухан мекунад.
Дар ин замина, Сарвари давлат сабабҳои рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоти дар солҳои аввали ба истиқлол расиданро борикбинона ба надоштани таҷрибаи амалии давлатдорӣ, ақибмондагии ақидавӣ, буҳрони сахти фикрӣ, суст будани пояҳои идеологӣ рабт медиҳанд, ки ҳақ асту рост.
Муаллифи китоб мушкилоти ҷодаҳои паймудашударо чунин шарҳ медиҳанд: «Бо азму иродаи мардуми сулҳдӯсту таҳаммулпазири худ дар андак замон кишварро аз вартаи нобудиву парокандагӣ раҳоӣ бахшида, дар пайи ободии харобиҳо ва дармони дардҳо афтода, халқи аз сиёсат рондашударо дар масири сиёсати ҷаҳонӣ қарор додем, иқтидори иқтисодии мамлакат ва сатҳи зиндагии сокинони онро ба қадри имконоти замон ва бардошти захираҳои табиӣ ва инсонии кишвар баланд бардоштем, ба миллатҳои ҷаҳон дасти дӯстӣ ва ҳамкорӣ дароз намуда, худро ба ҳамчун миллати бофарҳанг, созанда ва сулҳдӯст муаррифӣ кардем».
Асари пурқимати Ҷаноби Олӣ «Забони миллат – ҳастии миллат» дорои маълумоти фаровон буда, таҳлилҳои амиқи илмии он китобро ба як ганҷинаи бебаҳои  миллат  табдил кардааст.
Раҳмони  ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2019    №: 110    Мутолиа карданд: 84

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед