logo

иқтисод

ДАНҒАРА. ДАВОМИ СЕ СОЛ 300 ИНШООТ БУНЁД МЕЁБАД

Сокинони бунёдкори ноҳияи Данғара, аллакай, сохтмони 84 иншооти бузургро ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ноҳия бунёди беш аз 300 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст.

- Иншооти номбурда мактаб, боғчаи бачагона, беморхона, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, савдо ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, меҳмонхона, коргоҳи дӯзандагӣ, корхонаи истеҳсолӣ, майдончаҳои варзишию бозии кӯдакон, боғи фарҳангу фароғатӣ, биноҳои маъмурӣ, аквапарк, ҳавзи шиноварӣ, сохтмони хати оби нӯшоӣ, чоҳҳои амудии об, клуб, кашидани хати барқ ва иваз кардани симчӯбҳои куҳна, ҳамчунин, таъмиру навсозии роҳу пулҳо мебошанд, - гуфт Бахтиёр Ашӯрзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия.
То имрӯз дар доираи нақшаи корҳои созандагӣ бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст терминали мусофиркашонӣ, марказҳои сайёҳӣ – иттилоотӣ, савдо ва хизматрасонӣ, меҳмонхона, майдонҳои варзишӣ ва иншооти дигари ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, симои зоҳирии ноҳияро куллан дигаргун намуданд.
Терминал барои 150 воситаи нақлиёт пешбинӣ гашта, дорои ошхона, сартарошхона, нуқтаҳои дандонпизишкӣ, чиптафурӯшӣ, суратгирхона, чопи реклама, мағозаи тиҷоратӣ ва хонаи модару кӯдак мебошад.
- Терминал дар маркази ноҳия ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Фирӯз Раҷабов навсозӣ шуда, дар он 36 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд, - гуфт Бобомурод Муродов, директори терминал.
Ба наздикӣ маркази савдо ва хизматрасонии “Набиҷон” дар деҳаи Нурбахши деҳоти Лолазор бо тамоми шароити замонавӣ дари худро ба рӯи мизоҷон боз кард. Ин марказ дуошёна буда, дар таҳхонаи он бунгоҳи тиббии дорои таҷҳизоти муосир мавҷуд аст.
Ноҳия бо табиати зебо ва мавзеъҳои тамошобоб дорои имкониятҳои васеи рушди сайёҳист. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 дар деҳаи Ғарғара бо ташаббуси соҳибкорон Акмал Чиллазода ва Комил Назирзода меҳмонхонаи замонавии сеошёна, маркази сайёҳӣ – иттилоотӣ қомат афрохтанд. Меҳмонхона дар  як вақт барои 30 нафар хизмат мерасонад. Маркази сайёҳӣ – иттилоотӣ бо лавозимоти муосиру зарурии истироҳату фароғат таъмин мебошад.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои созандагӣ сокинони деҳаи Ҳусейн Шайхи деҳоти Корез соҳиби майдони футболу волейбол гардиданд. Варзишгоҳ аз ҷониби соҳибкори деҳа Шокир Гулов бунёд ёфт.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2019    №: 110    Мутолиа карданд: 328

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд

Чин бори нахуст аз ҷиҳати миқдори сафорат дар хориҷа ИМА - ро пас гузошт

Сарвазири Украина ба мардуми кишвар тибби ройгонро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2019. Бонувони тоҷик соҳиби медали биринҷӣ шуданд

28.11.2019


НОҲИЯИ АЙНӢ. Боз як маркази нав дар хизмати мардум

27.11.2019


Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ду чорабинии сатҳи байналмилалӣ

Медали биринҷии Сомон аз Ҷопон

Бишкек. Дар ҳамоиши СААД 21 масъала баррасӣ мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед