logo

иқтисод

ЗАМИНҲОИ ДОМАНАКӮҲ ВА КӮҲИСТОН. ИМКОНИЯТИ ВАСЕЪ БАРОИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ

Афзоиши босуръати аҳолӣ ҳамеша хавфи норасоии маҳсулоти ғизоиро дар пай дорад. Дар шароити камзаминӣ, ки  Тоҷикистон ба он мувоҷеҳ аст, ин мушкил бештар мешавад. Дар чунин вазъ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва ба кор ҷалб намудани сокинони маҳаллӣ роҳҳои асосии ҳалли масъала мебошанд.

Дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, ки  вазъи демографӣ мураккаб аст, барои бо кори доимӣ таъмин намудани сокинон азхудкунии заминҳои бекорхобидаи доманакӯҳ ва кӯҳистон  аҳамияти вижа дорад. Яъне, дар деҳот заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро мавриди истифода қарор додан ва боғу  токпарвариро дар мавзеъҳои кӯҳистон ва доманакӯҳ ба роҳ мондан зарур аст. Зиёд намудани масоҳати заминҳои кишоварзӣ дар шароити кӯҳистон ва доманакӯҳ ба рушди истеҳсолот, равнақ ёфтани иқтисоди минтақа ва пешравии комплекси озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард.
Айни ҳол яке аз сабабҳои боқӣ мондани мушкилӣ таҳия нашудани Консепсияи истифодаи самараноки замин дар доманакӯҳҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ буда, ҳалли пурраи масъаларо сиёсати дурбинонаи истифодаи замин, ки ҳадафи он  таъмини имконият ва шароити афзал барои пешрафт аст, низ тақозо мекунад. «Ба фардо» - и номуайян вогузор намудани ҳалли масъала оқибатҳои манфӣ дорад. Истифодаи дастовардҳои илм дар истеҳсолот ва  баҳрабардории босамар аз имконияту захираҳои минтақаҳои кӯҳистон боиси рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шуда метавонад.  Дар ин самт мавқеи ҷуғрофии ҳар минтақа, аз ҷумла Рашт, Ҳисор, Кӯлоб, ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аҳамияти муҳим доранд, чунки  дорои неруи азиму беназири агросаноатӣ ва озуқаворӣ мебошанд. Як ҷиҳати афзали ин минтақаҳо намнокии қариб ҳамешагии заминҳост.
Барои ба ҳадаф ноил шудан, дар доираи комплекси озуқаворӣ беҳтар сохтани сохтори хоҷагиҳои кишоварзӣ  ва соҳаҳои иқтисодӣ дар доманакӯҳҳо ва кӯҳистон муҳим аст. Ин минтақаҳо, бо назардошти табиат ва иқлим, барои парвариши зироатҳои бисёрсола мувофиқанд. Барои афзоиши фонди озуқавории мамлакат бояд иқтидорҳои мавҷуда ва роҳҳои рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои номбурда муайян карда шаванд. Ҳамчунин, омӯзиши захираҳои замин ва хусусиятҳои иқлимию биологии қитъаҳои алоҳидаи он шарти муҳим аст, яъне тақозо карда мешавад, ки ҳангоми омӯзиш  имконияту хусусиятҳои иқлимию биологӣ аз назар дур намонанд ва дурнамои ин мавзеъҳо дар  асоси илм вобаста ба фаслҳои сол санҷида шавад.
Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмӯъ, барои мувофиқ ба талаботи меъёрҳои физиологӣ қонеъ кардани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, беҳсозию  густариши ҳамаи соҳаҳои агробизнес, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва рақобатпазирии  маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ шартҳои пешравианд. Ташкили механизми иқтисодии ҳавасмандгардонии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нав барои истеҳсолгарони ватанӣ шароит фароҳам меоварад, ки  корхонаҳои нави  саноатӣ таъсис ёбанд, соҳибкории хурду миёна рушд намояд ва, ба ин васила, сатҳи зиндагии мардум баланд гардад.
Фаррух AБДУВОСИЕВ, корманди
Институти демография ва иқтисоди
Академияи илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2019    №: 112    Мутолиа карданд: 198

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд

Ҳукуматдорони Ироқ сарҳад бо Сурияро кушоданд

Дар Ӯзбекистон дар ду соли охир 238 мактаби нав бунёд ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

30.09.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Антониу Гутерриш

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлосияи солонаи вазирони корҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед