logo

сиёсат

ИНСОНДӮСТӢ Ё ИҚДОМИ БЕНАЗИРЕ, КИ МАВРИДИ СИТОИШУ ПАЙРАВӢ ШУД

Иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баргардондани 84 кӯдак ва ноболиғи тоҷик, ки бо волидони гумроҳшудаи худ дар Ироқ қарор доштанд, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар таассуроти амиқеро дар дили миллионҳо нафар боқӣ гузошт. Зеро кӯдакону наврасони ба Ватан овардашуда, фарзандони аъзои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна, бахусус Ироқ, кушта ва ё зиндонӣ шуда, то ин дам дар шароити ногувор ба сар мебурданд.

Ин ташаббуси инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди ситоишу пайравӣ қарор гирифта, бори дигар гуманизму инсондӯстии дараҷаи олии Сарвари давлатро собит сохт. Гузашта аз ин, исбот шуд, ки Президенти маҳбуби кишвар нисбат ба тақдири ҳеҷ як нафар шаҳрванди ин сарзамин бетараф нестанд ва дар идомаи талошҳои босамари худ, иқдомеро рӯи даст гирифтанд, то тифлони маъсуму бегуноҳ дар паноҳи давлат бошанд.
Ман аз бардоштҳои шахсии худ дар баробари ин иқдоми башардӯстона бовар ҳосил намудам, ки чунин муносибати некбинонаи Сарвари давлат эътиқоду ихлоси ҳамагонро як бар чанд меафзояд ва дар таърих бо хотираҳои нек сабт мешавад.  Мо  ибораҳои халқии  “дар сояи давлати касе будан”, “дар паноҳи давлати касе будан” - ро бисёр истифода мебарем, ки рамзист. Вале, борҳо амалан дидем, ки  “соя”- ву  “паноҳ”- и Сарвари ғамхори кишварамон барои ҳама аст. Ин арзиши воло дар вуҷуди Пешвои ҳақиқие буд, ки баробари ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ дар давраи басо мушкили таърих роҳи фардои миллатро рӯшан сохт.
Агар ба таърихи кушишу талошҳои Пешвои муаззами миллат назар андозем, ҳайрати абармардоне чун Раиси вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон марҳум Бурҳониддини Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳи  Масъуд нисбат ба корномаҳои бебоконаи Сарвари мо ба хотир меоянд. Онҳо аз он дар ҳайрат буданд, ки замоне Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф гирифта, ба муқобили тиру туфанг бо дасти холиву дили пок барои мулоқот бо мухолифон ба Афғонистон рафтанд. Ин ду марди бузург, ки таҷрибаи зиёди ҷангиву муоҳидавӣ доштанд, бовар накарданд, ки вохӯрӣ хуб меанҷомад. Вале иродаи қавиву беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастболо шуд ва ниҳоят мо ба сулҳу ваҳдати комил даст ёфтем. Ҳамчунин, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда, ба зиндагии осоишта фаро гирифта шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фарзонагону шахсони номвари миллат таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, онҳоро ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Ин аст, ки ҳамеша дар сафарҳои дохиливу хориҷиашон бо онҳо дидору мулоқотҳои хоса анҷом медиҳанд. Мо дар ёд дорем, Сарвари давлат зимни сафаре ба Федератсияи Россия бо Нависандаи халқии Тоҷикистон марҳум Сотим Улуғзода мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи эшон пурсиданд ва зери парастории Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доданд.  Барои аз ИМА ба зодгоҳ баргаштани Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир мусоидат намуданд. Академик Акбар Турсонро низ аз Амрико ба Ватан оварданд. Ба ин монанд, даҳҳо мисол метавон овард, ки аз Сарвари ғамхору Пешвои ҳақиқии халқ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд.
Инак, рӯйдоди мавриди назар касеро бетараф гузошта наметавонад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фарзандони шахсони гумроҳу фирефташудае, ки ба номи давлату миллат иснод оварданд, чи амали хайреро раво диданд. Ин аст мақоми олии Сарвари халқ будан, ки барҳақ, боиси ифтихору сарфарозии мо мардуми Тоҷикистон аст, ки чунин Пешвои оқилу ботадбир дорем.
Туғрал ШОКИРОВ, сокини шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2019    №: 112    Мутолиа карданд: 601
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед