logo

иҷтимоиёт

ИФРОТГАРОӢ. АЗ ШИНОХТИ РИСОЛАТ ТО ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТ

Ҷангҳое, ки дар асри навин рух додаанду медиҳанд, ба яқин, аз ҳамаи ҷангҳои асрҳои пешин даҳшатноктару ваҳшатзотар буданду хоҳанд шуд. Ба иловаи ин, вақте терроризму экстремизм густариш меёбад, ҳар сокини сайёра дар гӯшаи бас амни кишвараш низ эҳсоси хавфу хатар хоҳад намуд. Дар ин ҳолу вазъи мураккаби ҷаҳон дигар умед ба зиндагии осоишта намемонад.

Башар имрӯз хуб дарёфтааст, ки роҳандозии сиёсатҳои нодуруст, ҳирсу тамаъҷӯӣ, қудратхоҳиву намоиши тавоноӣ, зулму ситад ба ҳалокати инсонҳои рӯи дунё ва маҳви кураи Замин оварда мерасонад.
Тамоми васоити ахбори омма дар ҷаҳон аз ин хусус менависанду мегӯянду намоиш медиҳанд, то садду монеи густаришашон бишаванд, аммо натиҷаҳои назаррас камтар ба даст меоянд. Дар тамоми қитъаҳои олам, махсусан дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико, одамони бегуноҳ қариб ба ҳар рӯз қурбони ҷиноятҳои террористӣ мегарданд. Дигар возеҳу ошкор мебошад ва наметавон пинҳон кард, ки дар пушти ин амалҳову ҷиноятҳо киҳо ҷой доранду чӣ мехоҳанд. Ҳеҷ ҳаракату гурӯҳҳои ҷангҷӯву террористӣ бе пуштибониву дастгирии хоҷагони худ кореро ба анҷом намерасонанд. Муаммоҳои зиёди сарбастаи нокушуда дар арсаи байналмилалӣ вуҷуд доранд, ки таърифи ягонаи «терроризм»-у «террорист»-ро душвор мегардонад. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст».
Мавриди зикри махсус мебошад, ки Тоҷикистон ба эътирофи маъруфтарин коршиносони сатҳи байналмилалӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бо терроризму экстремизм фаъолу пешоҳанг аст. Президенти кишвар, барҳақ, чанд сол пештар ҷомеаи ҷаҳониро аз густаришу оқибатҳои фоҷиабори ин зуҳуроти номатлуб огоҳ карда буданд. Абарқудратон бо неруву тавоноии сиёсиву иқтисодиву ҳарбиву фарҳангие, ки доштанд, он замон хавфу хатари терроризму экстремизмро камтар эҳсос менамуданд. Баъдҳо дарёфтанд, ки зарари кишварҳои бузург аз ин зуҳуроти даҳшатзо бузургтару бештар хоҳад буд.
То ба ҳанӯз рӯйпӯш кардан мехоҳанд, ки ин гурӯҳҳову ҳаракатҳоро киҳо тавлид ва дастгирӣ намудаанд. Ва ҳам аз ҷониби кадом хоҷагон тарҳҳои муборизаҳои шадид кашида мешаванд. Барои мубориза бо терроризму экстремизм ва амалҳои ҷиноятии гурӯҳҳову ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла бояд пеши роҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва суистифодаи низомҳои молиявӣ гирифта шаванд. Инчунин, ҳамаи давлатҳо бояд уҳдадориҳои худро дар ин росто ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар чаҳорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ иҷро намоянд. Ин нукта дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи  мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил», ки дар шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, таъкид шуд. Албатта, вақт собит хоҳад сохт, ки, махсусан, абарқудратон ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар сатҳи баланд то кадом андоза ин нуктаҳои муҳимро ба инобат мегиранд ва дар амалисозии онҳо ба хотири пешгирии густариши терроризму экстремизм мусоидат менамоянд.
Имрӯз терроризму экстремизм дар шаклҳо ва либосҳои гуногун зуҳур мекунад, ки нахуст барои мубориза бо онҳо шинохташон бисёр зарур мебошад. Танҳо дар ин сурат роҳу шеваҳои мубориза бо он самараи дилхоҳ медиҳад. Сарвари давлат ба раҳнамоии шаҳрвандони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин маврид барҳақ иброз доштанд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи Замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».
Ба пиндори ин ҷониб ҳимояи сарҳади афкору андешаҳо аз ҳимояи ин сарҳад бо ҳама дарозиву паҳноияш мураккабтар мебошад. Чунонки пештар зикр шуд, ин вабои аср имкони убури ҳар гуна сарҳадро пайдо карда ва роҳҳову шеваҳои муборизаро дигар намудааст.
Ба иловаи ин, бо таъкиди Президенти кишвар «баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд».
Муайян гардидааст, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлубу даҳшатзо фароҳамоварии фазои эътимоду бовар, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва иттиҳоди ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро хостор мебошад. Ҳамзамон, мардум, хоса насли наврас ва ҷавонон бояд дуруст тарбия биёбанд ва зираку ҳушёр ба воя бирасанд.
Мо даврони муборизаи шадид бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратоварро ҳанӯз  солҳои аввали 90-уми асри гузашта, аз сар гузарондем. Даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ ва дигар  амалҳои тахрибкорона дар ин ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои баъдӣ барои ҳар кадоми мо сабақест. Андак ғафлат, ноогоҳӣ, ношукрӣ аз фазои ороми кишвар, соҳибистиқлолӣ ва манфиатҷӯӣ дар ин мубориза бо шикаст рӯбарӯямон месозад. Мубориза бо ин зуҳурот вазифаву рисолати ҳар шаҳрванд маҳсуб меёбад, зеро аз ин хавфу хатар ҳеҷ кас дар амон буда наметавонад. Пештар ҳар нафар аз худ мепурсид, ки имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардааст. Ҳолиё ба иловаи он бояд аз худ бипурсем, ки барои ҳифзу ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ва мубориза бо зуҳуроти даҳшатзо, садду монеи ин вабои аср чӣ кардем?
Дар баробари пурсиш посухамон бо шинохти вазифа ва рисолати инсониву шаҳрвандӣ бояд мусбат бошад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2019    №: 112    Мутолиа карданд: 316
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед