logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ ПЛАСТИКӢ. АЗ ВОРИДОТ БА СОДИРОТ

Солҳои ахир соҳаи кимиёи кишвар бо суръати баланд рушд меёбад. Корхонаҳои соҳа истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти мавриди ниёзи бозори дохилӣ ва содиротиро ба роҳ мондаанд.

Маҳсулоти пластмассӣ дар иншооти обрасонӣ, коммуналӣ, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, хоҷагии қишлоқ, корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва рӯзгор васеъ истифода мешаванд. Онҳо назар ба маҳсулоти металлӣ аз ҷиҳати вазни сабуку муҳлати истифодаи зиёд, хароҷоти кам ҳангоми васлкунӣ, тобоварӣ ба фишори баланд ва ҳарорати паст, инчунин, имконияти коркарди дуюмбора ва арзонӣ бартарӣ доранд.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб ҳамаи маҳсулоти пластмассӣ ба ҷумҳурӣ бо нархи гарон аз хориҷа ворид мешуд. Дар пайи тадбирҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати кишвар оид ба таъсиси корхонаҳои хурду миёна ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худии пластмассӣ дар дохили кишвар давра ба давра зиёд шудан гирифт. Айни замон «Реал», «Равзана пластик», «Садаф Пласт», «Стар - пласт» - и  шаҳри Хуҷанд, «Алфапет», «Технологияи полимер» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Супер пласт плюс», «Пластик Ваҳдат» - и шаҳри Ваҳдат, коргоҳҳо дар заминаи КВД «Нури Ховар» - и шаҳри Истиқлол, «Суғд - пак» - и шаҳри Бӯстон, «Барх» - и шаҳри Ҳисор, «Ромсар», «Шоҳин», «Тоҷпласт», «Нурпласт» - и шаҳри Душанбе корхонаҳои калонтарини истеҳсолкунандаи маҳсулоти пластмассианд.
Ин корхонаҳо қубурҳои пластмассии қутрашон аз 15 то 630 мм, плёнкаи полиэтиленӣ (бараш аз 0,5 то 1,5 метр), борхалтаи полипропиленӣ (бо ғунҷоиши аз 2 кило то 2 тонна), зарфҳо ва сарпӯшҳои полиэтилентрефталатӣ (бо ғунҷоиши аз 0,5 то 5 литр), полиамид (бо ғунҷоиши то 5 - 10 литр), варақаҳои пенополистиролӣ, сатилу тағораю қуттиҳои полиэтиленӣ, қуттии пластмассӣ, профилҳои пластмассӣ, қуттиҳо барои нигоҳдории воситаҳои барқӣ ва маҳсулоти зиёди дигар истеҳсол мекунанд.
Иқтидори лоиҳавии истеҳсолии солонаи ин  корхонаҳо дар маҷмӯъ, қариб 20 ҳазор тонна қубури полиэтиленӣ ва полипропиленӣ, 8,3 ҳазор тонна сатилу тағораи полиэтилению полиамидӣ, 3 ҳазор тонна профилҳои пластмассӣ, 350 тонна плёнкаи полиэтиленӣ, 10 миллион дона зарф ва сарпӯши полиэтилентрефталатӣ, 7 миллион дона борхалтаи полипропиленӣ, 2,2 миллион дона қуттии полиэтиленӣ ва 25 ҳазор метри мукааб варақаи пенополистиролиро ташкил медиҳад.
Корхонаҳои истеҳсоли профилҳои пластикӣ дар 4 моҳи соли равон ба миқдори 1710 тонна профил истеҳсол намудаанд. Дар корхонаҳои истеҳсоли қубурҳои пластикӣ бошад, дар ин муддат 894059,7 метр қубур, 14265 метри мураббаъ пенопласт, 1824,1 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ ва маҳсулоти дигари пластмассии мавриди ниёзи мардум истеҳсол шудааст.
Дар корхонаҳои бузурги соҳаи химияи ҷумҳурӣ - «Корхонаи кимиёвӣ», «Колорит технолоҷӣ», «Муосир», «Тамохуш» ва «Талко Кемикал» ба маблағи 33,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид.
5 сентябри соли 2016 бахшида ба 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҶДММ «Талко Кемикал» мавриди истифода қарор гирифт. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат машғул аст. Корхона бо мақсади истифодаи ашёи хоми ватанӣ барои таъмини эҳтиёҷоти КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» пешбинӣ гардида, иқтидори лоиҳавии солонаи он 18 ҳазор тонна фториди алюминий, 12 ҳазор тонна криолит ва 100 ҳазор тонна кислотаи сулфат мебошад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2019    №: 114    Мутолиа карданд: 291
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед