logo

туризм

САЙЁҲӢ. ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА ОМИЛИ АСОСИИ РУШД

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (мамнӯъгоҳҳо, паркҳои табиӣ ва парваришгоҳҳо) на танҳо чун мавзеъҳои ҳифзу нигоҳубини олами набототу ҳайвоноти нодир, балки беҳтарин макони сайру саёҳат ба ҳисоб мераванд.
Боиси зикр аст, ки тайи солҳои ахир миёни сайёҳон туризми экологӣ, ки дар он  ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда яке аз нақшҳои асосиро мебозанд, маъруфияти бештар касб менамояд. Инро низ таҳқиқоти анҷомдодаи сомонаи амрикоии “TripAdvisor”, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2018 гузаронда шуда буд,  собит месозад. Мувофиқи он, соли гузашта 30 дарсади бозори ҷаҳонии туризмро сайёҳии  экологӣ ташкил дод. Дар баробари ин, 70 дарсади пурсидашудагон  иброз доштанд, ки дар оянда маҳз ин намуди туризмро интихоб хоҳанд кард.
Бо такя ба ин далелҳо метавон гуфт, ки кишвари мо дар ин ҷода метавонад суди фаровон ба даст оварад. Зеро чуноне зимни суҳбат  муовини директори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Убайдулло Акрамов зикр кард, масоҳати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи мамлакат 3,1 миллион гектар буда, дар онҳо 4 мамнӯъгоҳи табиии давлатӣ, парки табиӣ, парки табиӣ-таърихӣ, Парки миллии Тоҷикистон, 2 филиали Парки миллӣ, 13 парваришгоҳ, 37 ёдгории табиӣ ва дигар объектҳо доман густурдаанд. Ӯ афзуд, ки айни замон дар мамнӯъгоҳҳо, паркҳои табиӣ ва парваришгоҳҳои кишвар 85 намуди ҳайвони нодир, ба монанди  озодапаланг, гурги сурх, оҳуи бухороӣ, ғизол, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, архар, бузи пармашох, ҷайрон, силовсини туркистонӣ, ки сайёҳон махсусан ба дидани онҳо мароқи зиёд доранд, ҳифзу нигаҳбонӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки миёни ин объектҳо Парки миллии Тоҷикистон бо ҳашамату зебоӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва набототу ҳайвоноти нодир дар Осиёи Марказӣ беназир мебошад. Ин макони афсонавӣ дар қисмати марказии Помиру Олой ҷойгир буда, масоҳаташ 2, 6 миллион гектарро ташкил медиҳад ва соли 2013 ҳамчун мавзеи нодири табиӣ ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гаштааст. Ва бояд гуфт, чунин мавзеъҳои зебову диданӣ дар Ватани маҳбубамон кам нестанд, ки мамнӯъгоҳҳои “Даштиҷум”, “Ромит”, “Бешаи палангон” бо табиати нотакрорашон аз ин қабиланд.
Вале, бино ба гуфтаи мудири кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Фазлиддин Қодиров, бо ин иқтидорҳои бузурге, ки дар кишвар мавҷуданд, ба ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҳамчун объекти сайёҳӣ таваҷҷуҳи зарурӣ  дода намешавад. Манзур, тармиму таҷдиди роҳҳо, ташкили пайроҳаҳои махсус, фароҳамоварии шароити мусоиди будубош ва бунёди осоишгоҳҳои табобатӣ бо истифода аз иқлим ва гиёҳҳои шифобахш мебошад. Аз ин рӯ, баҳри ҷалби бештари сайёҳон ин норасоиҳо бояд бартараф гарданд. Инчунин, дар  шароити кӯҳистон сохтмони роҳҳои танобӣ аз болои дарёҳо, кӯлҳо ва мавзеъҳои табиӣ, ки дар онҳо ҳайвоноти нодир ба сар мебаранд, манфиатбахш хоҳад буд.
Ғайр аз ин, коршиносон барои беҳтар намудани вазъи феълӣ, ҳамкории зичи  Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур медонанд. Дар баробари ин, баҳри бунёди инфрасохтори ҷавобгӯ ба талаботи муосир ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, бозомӯзии кормандон ва тайёр кардани мутахассисони соҳа бояд дар мадди аввал гузошта шуда, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ тақвият бахшида шаванд. Танҳо бо амалӣ намудани ин тадбирҳо метавон вазъи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро, ки омили асосии рушди сайёҳии экологӣ ба ҳисоб мераванд, беҳтар намуд.
Комрон ЗИКРУЛЛО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2019    №: 114    Мутолиа карданд: 1382
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед