logo

Хабарҳо

Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)  бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон  таҳти унвони «Зинату ҳусни ҷавонист чакан»  доир шуд.
Мақсад аз он эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии унсурҳои чакандӯзӣ миёни ҷавонон, пайдо намудани маликаи чакан ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонон мебошад.
Дар доираи  фестивал конфронси илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар муаррифии фарҳанги миллӣ: чакан мероси ғайримоддии фарҳанги ЮНЕСКО» баргузор гашт.
Муовини раиси вилояти Хатлон  Махфират Хидирзода зикр намуд, ки воқеан, фарҳанг яке аз василаҳои муаррифии миллат  ба ҳисоб меравад. Чакан намунаи олии тамаддунофарӣ, бунёдгузорӣ ва фарҳанги миллати тоҷик мебошад. Аз қадим  занону бонувон нақшу нигори чаканро дар либосҳои  хеш тасвир менамуданд.  Ин мероси гаронарзишро имрӯз тамоми тоҷикони ҷаҳон истифода мебаранд ва аз он ифтихор доранд. Иқдоме,  ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш рӯи даст гирифтааст амали нек,  саривақтӣ ва муфид  мебошад.
Корманди  раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон  Рамазон Насриддинзода иброз дошт, ки агар мо ба таърихи чакан рӯ оварем, ҳар як гулу ранги он дорои маънои хосе мебошад. Косагулҳое, ки дар домони куртаҳои гулдухтарон  маҳз бо сӯзанӣ дӯхта шудааст,  нишонаи шукуфоии Ватан мебошад.   Офтобе, ки  дар тоқиҳои ҷавонписарон гулдӯзӣ шудааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки  Тоҷикистон  мамлакати офтобӣ ва тоҷи тоҷикон ҳамеша болои сар аст.  Яъне, муҳаббату самимият, дӯстиву рафоқат,  иттиҳод ва ваҳдат дар чакан пурра инъикос шудаанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 321

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед