logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АФКОРЕ, КИ ВАҲДАТРО ПАРАСТИШ МЕКУНАД

Ваҳдати миллӣ дастоварди таърихӣ, арзиши муқаддас ва  неъмати бебаҳо, падидаи қисматсозу  ифтихорофарин ба ҳисоб рафта, маҳсули азму талош, иродатмандии қавӣ ва суннати азалии сулҳофарии халқи куҳанбунёди мо мебошад, ки аз баракати ин рӯйдоди бузург мардум аз хавфи парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоламон аз таҳдиди воқеии аз байн рафтан наҷот ёфт.
Мусаллам аст, ки дар  ҷодаи расидан ба ваҳдати ҷомеа фарзандони Ватан басо ҷонбозӣ, ҷонфидоӣ, сарсупурдагӣ ва матонату қаҳрамонӣ нишон дода, ҳифзи манфиатҳои умумимиллиро маромнома ва сармашқи  корнамоии ваҳдатхоҳонаи хеш қарор дода, ҳамаи монеасозиҳоро бо ҳисси садоқат ба ин хоку сарзамини аҷдодӣ рафъ намуда, дар ниҳоят як падидаи дар ҷаҳон беназир ва омӯхтаниву ибратбахшро  рӯи саҳнаи воқеияти таърихӣ оварданд. Чунки фазилати сулҳпарварӣ ва афкори ваҳдатгароӣ як ҷузъи асолати табиии миллӣ ва ҳувияти фарҳангпарваронаи ниёгони бошарафи мо буда, сиришти ба ҷозибаи сулҳ тамоюл доштан, паёмрасони сулҳ будан ва ғояи абадзиндаи сулҳро тарғибу ташвиқ намудан як рукни ифтихори ватандорӣ ва хосияти барҷастаи худшиносии миллиамон маҳсуб меёбад. 
Ваҳдатхоҳӣ, ваҳдатгароӣ ва ваҳдатпарварию ваҳдатдӯстӣ ҷавҳари асосӣ ва самти марказии раҳбарии сиёсӣ ва мактаби давлатдории Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил намуда, пайваста дар паёму баёнияҳо, суханронию маърӯза ва суҳбатҳояшон ваҳдати миллиро «гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ», «рӯзи воқеан таърихӣ, муқаддас ва фараҳбахш», «санаи дар ҳақиқат пурнишоту ҳаётбахш», «рӯйдоди азизу гиромӣ», «падидаи нодири ҷаҳонӣ», «таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо», «ганҷи бебаҳо», «намунаи ватандорию ватандӯстӣ», «ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ» ва «иттиҳоди миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст ва фарҳангпарвари тоҷик» тавсифу баҳогузорӣ карда, моҳият ва аҳамияти онро ҳамчун «номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва, муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон» маънидод менамоянд.
Оғоз, ҷараён ва хотимаи раванди музокирот ба хотири расидан ба сулҳи байни тоҷикон аз рӯи равиши ҳадафи асосӣ қарор додани манфиатҳои умумимиллӣ сурат гирифтааст. Аз ин нигоҳ, Пешвои муаззами миллат ҳушдор медиҳанд ва, ҳамзамон, ҳидоят менамоянд: «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».
Чунин раҳнамоии бузургворонаи Пешвои миллат аз қалби саршори садоқату ғамхорашон берун омада, бо назардошти ғояи наҷотбахш будани ваҳдати миллӣ  дурбинонаву оянданигарона изҳор менамоянд: «Вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди  равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу  субот ва ваҳдати миллии ба қимати ниҳоят гарон бадастомадаро  чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем».
Пас, месазад, ки кулли  ҳамватанони ҳушёру меҳанпарварамон  ҳисси баланди сулҳхоҳию сулҳпарварӣ нишон дода, дар таблиғи ризоияту ҳамзистии осоишта ва ваҳдати ҷомеа масъул бошанд, то ҳамчун пайравони собитқадами афкору андеша ва сиёсату сарварии ваҳдатхоҳонаву ваҳдатпарваронаи Пешвои муаззами миллат тантанаи ваҳдати сартосарӣ ва муттаҳидиву сарҷамъиро  умри  ҷовидон бахшем.
Суҳроб  РӮШАНЗОДА, раиси суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2019    №: 116    Мутолиа карданд: 207

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед