logo

туризм

САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. ЗАХИРАИ БУЗУРГИ ИСТИФОДАНАШУДА

Сайёҳӣ яке аз самтҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷаҳон мебошад ва ин нуктаи баҳснопазир дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ дарҷ шудааст. Солҳои охир даромаднокии сайёҳӣ назар ба соҳаҳои нафту газ, мошинсозӣ ва кимиё ҳам баландтар баҳогузорӣ гардида, таваҷҷуҳ ба он пайваста меафзояд.

Сайёҳӣ, қатъи назар аз буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, моҷароҳои  сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати баланд рушд менамояд. Соли гузашта дар ҷаҳон наздики 1,4 миллиард сафари байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шудааст, ки нисбат ба соли пешӣ 6 дарсад зиёд мебошад. Аз ҷумла, соли 2018 ба Тоҷикистон беш 1 миллиону 155 ҳазор сайёҳ ташриф овард, ки назар ба соли пешӣ ду баробар зиёд аст.

ДАРОМАДИ СОФИ САЙЁҲӢ БЕШТАР АСТ
Тавре Абдукарим Қурбонов, котиби матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ, иброз дошт, як ҷиҳати саҳми назарраси сайёҳӣ дар рушди  иқтисодиёти миллӣ он аст, ки қисми зиёди даромад бо асъори хориҷӣ ба даст меояд. Аз ҳар як доллари ба бахши сайёҳӣ харҷшуда 70 сенти он даромади соф мебошад.
Дар Стратегияи рушди сайёҳӣ омадааст, ки бахши сайёҳӣ ба тақсимоти нисбатан баробари даромад дар иқтисодиёт мусоидат намуда, ба ҷамъ шудани фоидаи соф дар  як ё якчанд корхонаи калон роҳ намедиҳад. Сайёҳӣ воситаи асосии дастгирии минтақаҳо, махсусан минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдастест, ки афзалиятҳои дигари иқтисодиро соҳиб нестанд, яъне ба тақсимоти минтақавии даромадҳои миллӣ мусоидат менамояд ва заминаи асосии баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар маҳалҳо ба шумор меравад.
Барои мисол, соли 2016 аз соҳаи сайёҳӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  206, Испания  60, Таиланд  50, Ҷумҳурии Мардумии Чин  44 ва Фаронса  42 миллиард доллар даромад ба даст оварданд.

БЕҲТАР ГАРДИДАНИ ВАЗЪИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА
Рушди сайёҳӣ маъмулан ба густариши соҳибкории хурди маҳаллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсири мусбат мерасонад. Тавре коршиноси соҳа Низомиддин Сайфуллоев зикр намуд, сайёҳӣ яке аз роҳҳои беҳтарин барои оғози фаъолияти нави соҳибкорӣ мебошад, зеро дар ин соҳа талаботи аввалия ба сармоя зиёд нест. Ҳар кас метавонад фаъолияти соҳибкории худро дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла бунёди тарабхонаю меҳмонхонаҳои хурд, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо ва амсоли инҳо, дар марказ ва ноҳияҳои дурдасти кишвар оғоз намояд. Таъсиси ҷойҳои  нави сердаромади корӣ дар маҳалҳо воситаи ягонаи коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон ба хориҷи кишвар мебошад.

ЗАМИНА БАРОИ ТАЪСИСИ ҶОЙИ НАВИ КОР
Сайёҳӣ омили муҳими таъсиси ҷойҳои нави кор, пеш аз ҳама барои сокинони маҳаллӣ, дар ҳамаи сатҳҳои фаъолияти меҳнатӣ - аз директори иҷроияи шабакаи меҳмонхонаҳо то пешхизмат ва роҳбалади кӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Синну сол ва ҷинсият барои пешбурди фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ монеа нест, яъне имкониятҳо номаҳдуд мебошанд. Махсусан, ташкили ҷойҳои кор дар бахши хизматрасонӣ, муҳим арзёбӣ мегардад. Ба андешаи таҳлилгарон, барои хизматрасонии 1 миллион сайёҳ қариб 10 ҳазор мутахассиси соҳаҳои гуногун даркоранд. Танҳо дар Олмон соли 2017 сайёҳони дохилию хориҷӣ барои истифода аз молу ашё ва хизматрасониҳои сайёҳӣ зиёда аз 287 миллиард евро харҷ кардаанд. Ин маънои онро дорад, ки барои 3 миллион нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, соҳа 105 миллиард евро даромади изофа овардааст. Ҳар як 15-умин ҷои корӣ дар ин кишвар ба бахши сайёҳӣ рост меояд.

РУШДИ САЙЁҲӢ РУШДИ ДЕҲОТ АСТ
Дар шароити кишвари мо, ки қисми зиёди аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад,  сайёҳӣ ба рушди деҳот ва соҳаи кишоварзӣ таъсири бештар мерасонад. Дар ин шароит рушди агротуризм ба манфиати кор аст. Зеро сайёҳоне ҳастанд, ки ба ин соҳа шавқи бештар доранд ва мехоҳанд дар рафти кишту ҷамъоварии зироатҳо, парвариши меваю сабзавот ва нигоҳдории чорво бевосита иштирок намоянд. Ғайр аз ин, бештари онҳо ба донистани тарзи зисту зиндагии аҳолии деҳот шавқ доранд ва мехоҳанд бо пардохти маблағи муайян бо тарзи зиндагии аҳолии деҳот, аз ҷумла омода кардани хӯрокҳои миллӣ, ошноӣ пайдо намоянд. Рушди агротуризм имкон медиҳад, ки ҳар деҳқони одӣ аз рушди соҳа даромади иловагӣ ба даст орад. 
Сайёҳӣ, ҳамчунин, ба гунаи бахши алоҳида метавонад чун миёнарав дар байни дигар соҳаҳо хизмат намояд. Пас, метавон гуфт, ки сайёҳӣ муҳаррики рушди дигар соҳаҳо, аз ҷумла бахшҳои саноат, хӯроки умумӣ, хизматрасонии роҳу нақлиёт, корхонаҳои истеҳсоли либос ва рушди ҳунарҳои мардумист. Аз ин лиҳоз, бо бовари комил метавон гуфт, ки истифодаи оқилонаи захираҳои азими сайёҳии мамлакат амри зарурию саривақтиест ба нафъи тамоми мардум ва мамлакат. 
Комрон ЗИКРУЛЛО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2019    №: 116    Мутолиа карданд: 1072
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед