logo

иқтисод

127 КОРХОНА. ЯКСАДУ БИСТУ ҲАФТ СУХАНЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Аз 127 корхонае, ки дар ҷумҳурӣ соли гузашта аз фаъолият бозмонд, қариб нисфаш ба вилояти Хатлон рост меояд. Тибқи маълумоти расмӣ, сабаби фаъолият накардани корхонаҳо надоштани маблағи гардон, тамом шудани муҳлати иҷозатнома, дигар кардани самти фаъолият, қарздорӣ аз бонк, барҳам додан, набудани ашёи хом, кори мавсимӣ, фарсуда шудани таҷҳизот, фармоишгар надоштан, иваз кардани таҷҳизот, ҳамчунин, аз ҶДММ ба соҳибкори инфиродӣ табдил додан ва сари вақт пешниҳод накардани ҳисобот аст. Сафари кории хабарнигори «Ҷумҳурият» ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ҳамчунин, сабабҳои дигари аз «фаъолият» бозмондани корхонаҳоро ошкор сохт.
 
ЧӢ ТАВР АЗ «ҶИНКА» КОРХОНАИ САНОАТӢ СОХТАНД
Дар ноҳияҳои Восеъ - ҶДММ «Далер - С», кооперативҳои тиҷоратии «Бузургмеҳр - 2007»,  «Умар - 1», «Фаррух - 1», дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - ширкатҳои «Сайидислом», «Қодирҷон», «Сабр - 2015», «Ҷомӣ - 2», «Абдуҷаббор», «Абдулатиф», «Фирӯзҷони Абдулваҳҳоб», «Адолат - 2014», кооперативи тиҷоратии «Мирзои Ғаффор» ва дар шаҳри Кӯлоб ҶСК  «Кӯлобгаз», ҶДММ «Мададгор» ва кооперативи тиҷоратии «Сабз» ба гурӯҳи корхонаҳои барҳамхӯрда (ё аз фаъолият бозмонда) дохил шудаанд. Танҳо дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тайи як соли гузашта 9 корхона дари худро бастааст. Дар ин минтақа, ҳамчунин, корхонаҳое кам нестанд, ки солҳои пеш барҳам хӯрда, то имрӯз барқарор нашудаанд.
Дар ҷараёни омӯзиши вазъ ва суҳбат бо роҳбарони корхонаҳо як ҳолати ғайричашмдошт ошкор шуд. Аксари корхонаҳои истеҳсолӣ танҳо ба ном вуҷуд доранд, агар хоҷагии деҳқонӣ як таҷҳизоти пахтатозакунӣ («Ҷинка») насб карда, нуқтаи пахтатозакунӣ, ки ҳатто талаботи хоҷагии худро қонеъ карда наметавонад, кушояд ҳам, ба гурӯҳи «корхонаи нави саноатӣ» дохил карда мешавад. На коргоҳанд онҳо, на корхонаи саноатӣ. Аммо дар нозироти андоз ин дастгоҳҳоро зуд ҳамчун ҶДММ ва ё кооперативи тиҷоратӣ ба қайд мегиранд. Гузашта аз ин, бештари соҳибмулкон аз «корхонаи саноатӣ» будани ин нуқтаҳои пахтатозакунӣ, умуман, хабар надоштаанд.

«АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ ДОШТАНАМ БЕХАБАРАМ»
Нуралӣ Шарифов, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Сабз - Н», ки ҳамзамон, дар нозироти андози шаҳри Кӯлоб роҳбари кооперативи тиҷоратии «Сабз» ба қайд гирифта шудааст, гуфт, ки аз чунин корхона доштанаш ҳатто огаҳ нест. Намедонад, ки андозбандҳои шаҳр дар баробари вазифаи роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ба ӯ унвони «раиси кооператив» - ро низ «туҳфа» кардаанд. 
- Ман дар назди хоҷагии деҳқониамон як дастгоҳи коркарди пахта оварда гузоштам. Иқтидораш ночиз, ҳатто талаботи худамонро қонеъ намесозад. Магар ҳамин як дастгоҳро корхонаи истеҳсолӣ ҳисобидан мумкин аст? Ҳайронам, ки чӣ гуна он боз ҳамчун корхонаи аз фаъолият бозмонда сабт шудааст, - гуфт ӯ.
Воқеан, дидем, ки дастгоҳ кор намекунад ва Нуралӣ Шарифов ҳатто нияти барқарор кардани онро надорад.
Чунин бақайдгириҳои «ғароиб» - и «корхонаҳои саноатӣ» дар ҶДММ «Абдулатиф», «Абдуҷаббор» - и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҶДММ «Далер - С», кооперативҳои тиҷоратии «Умар - 1», «Фаррух - 1» ва «Бузургмеҳр - 2007» - и ноҳияи Восеъ низ, мушоҳида шуданд. Абдуразоқ Хӯҷамқулов, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, изҳор дошт, ки тибқи қонунгузорӣ, танҳо худи соҳибкор ба кушодани корхона ҳақ дорад. Фақат бо хоҳиш ва имзои ӯ корхона ҳуҷҷатгузорӣ мегардад. Каси дигар ҳақ надорад, ки бе огоҳии шаҳрванд корхона ё хоҷагии ӯро дар шакли дигари фаъолият ба қайд гирад.
Кӣ ва бо чӣ мақсад бо баҳонаи дастгоҳи пахтатозакунӣ доштан хоҷагиҳои деҳқониро ҳамчун корхонаи саноатӣ ба қайд гирифтааст? Ин саволест, ки моро пайи ҷустуҷӯи асли масъала бурд.

ШУМОРАИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚИРО БО ҲАР РОҲ БОЯД ЗИЁД НИШОН ДИҲЕМ?
Зимни таҳқиқ муайян шуд, ки шуъбаҳои иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу восита теъдоди коргоҳҳои саноатиро зиёд нишон диҳанд. Хоҷагии деҳқониро ҳамчун корхонаи истеҳсолӣ нишон додан низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Инчунин, бахши омор низ барои осонии ҷамъоварии ҳисобот ташкили чунин ҶДММ - ҳоро ба манфиати кори худ медонад. Дар баробари ин, аз ҷониби мақомоти андоз низ ҷиҳати дарёфти роҳҳои иловагии андозситонӣ нафарони бо патент фаъолияткунандаро бо шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ ба қайд мегиранд ва нафарони бо шаҳодатнома фаъолияткунандаро шахси ҳуқуқӣ (ҶДММ) сабт мекунанд. Дар ин ҳолат, ташвиши деҳқон ва соҳибкор бо ҳисоботдиҳии сершумор ба идораҳои гуногуни давлатӣ афзуда, барои пешбурди кори асосиаш вақт намемонад ва минбаъд ноилоҷ аз ин гуна фаъолият даст мекашад.
Мо чунин ҳолро дар мисоли Қаландари Мансур, роҳбари ҶДММ «Мададгор», мебинем. Ӯ зимни суҳбат гуфт:
- Корхонаамон хишти сементӣ мебаровард. 15 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буд, аммо охири охирон кор як тараф монду ба ҳисоботнависии барзиёд машғул шудам, ки ин ба пешрафти корхона монеа эҷод кард. Дар натиҷа, ҳамаи коргаронро ҷавоб додам. Корхона чанд муддат боз чизе истеҳсол намекунад.
Аммо Саидмурод Исмоилзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, ҷурмро дар худи соҳибкорон мебинад:
- Онҳо мехоҳанд бо таъсиси корхона зуд фоида бинанд. Ҳатто намехоҳанд, ки андозҳоро пардохт кунанд.
Аҳмад Маҳмудов, роҳбари ҶДММ «Абдуҷаббор» - и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки низ дар назди хоҷагии деҳқониаш «Ҷинка» насб кардааст, дар тақвияти гуфтаҳои боло иброз дошт:
- Ман намехостам корхонаам ҶДММ шавад, аммо нозирони андоз гуфтанд: «Талабот чунин аст». Бо намояндагони нозироти андоз баҳс накарда, ба хосташон розӣ шудам. Ҳарчанд ҳоло сех кор намекунад, аз ҳисоби маблағи хоҷагии деҳқонӣ андозро мунтазам месупорам.
Сабаби дигари баста шудани корхонаҳои саноатӣ дар минтақа он аст, ки корхонаҳои имконияти молиявиашон беҳтар пахтаро барои коркард аз хоҷагиҳо бо нархи баланд мехаранд. Дар натиҷа, «корхонаҳои саноатӣ» - и хурд, ки ҳамагӣ як дастгоҳ доранд, ба рақобат бо чунин азаматҳои ресандагӣ тоб наоварда, аз фаъолият бозмемонанд.

КОДЕКСИ АНДОЗРО РИОЯ БОЯД НАМУД
Дар шарҳи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки дар асоси Кодекси андози кишвар, корхонаи тиҷоратие, ки шумораи иштирокчиёни он аз як то сӣ нафарро ташкил медиҳад, дар шакли ҶДММ ташкил шуда метавонад. Кооперативро бошад, метавон дар шакли тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ таъсис дод. Кооперативи тиҷоратӣ ташкилоти тиҷоратӣ буда, мутобиқи оиннома, асосан, ба шахсони сеюм хизмат мерасонад. Аз ин лиҳоз, ташкили фаъолияти хизматрасонии сехҳои пахтазанӣ (назири «Ҷинка») фаъолияти соҳибкорӣ, яъне корхонаи истеҳсолӣ ба ҳисоб нарафта, ҳамчун фаъолияти хизматрасонӣ маҳсуб мешавад.
 Аз чунин шарҳ хулосае бармеояд, ки амали номбаршудаи кормандону нозирони мақомоти андоз ҷиҳати ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифтани шахси воқеӣ ё бо «мусоидат» - и бахши саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби нуқтаҳои пахтатозакунӣ зиёд кардани шумораи «корхонаҳои саноатӣ» зидди қонунгузории мавҷуда, хоса Кодекси андоз, мебошад.

ДАР ФИКРИ ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ БОШЕМ
Аз рӯи инсоф нест гуфтан, ки дар маҳалҳо аз ин мушкилот чашм пӯшида, тадбире баҳри ислоҳи вазъият намеандешанд. Тавре Умед Зоҳирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, зикр намуд, дар вилоят корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, пеш аз ҳама, ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, бо соҳибмулкон ҷиҳати табдили таҷҳизоти куҳнаю фарсуда бо дастгоҳҳои ҳозиразамон вохӯриҳо гузаронда, чораҳои афзунсозии истеҳсоли маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави кор роҳандозӣ мешаванд. Дар ҳамин асос давоми соли равон дар вилоят бунёди 103 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 1000 ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.
Мисолҳои дар боло оварда далели онанд, ки бахшҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қонунҳоро ба манфиати худ гуногун маънидод карда, зарари онро намеандешанд. Аз он, пеш аз ҳама, соҳибкорон зиён мебинанд. Ҳол он ки соҳибкории хурду миёна асоси рушди иқтисод маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, салоҳ аст, ки шуъбаҳои соҳавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз қайди омор баровардани корхонаҳои фаъолияташон ғайриимконро бо сохторҳои дахлдор мувофиқа намоянд. Ҳамзамон, ҳеҷ зарурат нест, ки коргоҳҳои мавсимӣ ҳамчун корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ба қайд гирифта шаванд. Шояд Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба корхонаҳои саноатии бинобар мушкилоти молиявӣ аз фаъолият бозмонда бо ҷалби инвеститсия ёрӣ расонданро ба роҳ монад? Ғайр аз ин, аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирии корхонаҳои саноатие, ки ба иллати надоштани фармоиш фаъолияти истеҳсолиашон қатъ шудааст, ба манфиати кор мебуд. Чун саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълом шудааст, бояд ҳама дар фикри он бошем, на дар фикри авлавият додан ба манфиатҳои маҳдуди идорӣ, ки шабоҳати бештар ба изофанависию худнамоӣ дорад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»

Аз идора: рӯзнома минбаъд низ мавзӯъро пайгирӣ мекунад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2019    №: 116    Мутолиа карданд: 1164

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд

Ҳукуматдорони Ироқ сарҳад бо Сурияро кушоданд

Дар Ӯзбекистон дар ду соли охир 238 мактаби нав бунёд ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

30.09.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Антониу Гутерриш

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлосияи солонаи вазирони корҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед