logo

Хабарҳо

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Вазъи сиёсии ҷаҳон ва ҷорӣ гардидани таҳримҳои иқтисодӣ  ба баъзе аз кишварҳои шарики тиҷорати Тоҷикистон  ба иқтисодиёти миллии кишвар бетаъсир намемонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои  эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ин матлаб зимни  ҳамоише, ки бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва шарикони рушд дар мавзӯи «Таъмини устувории макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ дар  шароити  таъсири омилҳои беруна» доир шуд, баён гардид.
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода  зимни муаррифии нақшаи  чорабиниҳо оид ба  ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири   хавфҳои эҳтимолӣ  ба иқтисодиёти миллӣ зикр кард, ки   мақсади  асосии он, татбиқи сиёсати  макроиқтисодӣ  дар самтҳои буҷету андоз,  пулию қарзӣ,  тавозуни пардохт, бахши воқеӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои  эҳтимолӣ ба иқтисодиёт мебошад.
Зикр гардид, ки қатъи назар аз таъсири баъзе омилҳои берунӣ,  соли гузашта  рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,3 дарсад ва дар панҷ моҳи соли равон 7,2 дарсадро ташкил дод.
Дар ҳамоиш, инчунин, масъалаҳои  марбут ба  300 рӯзи  ислоҳот оид ба  дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ, нақши шарикони рушд  дар татбиқи ислоҳоти  иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, муайянсозии сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои  татбиқи  сифатноки  Нақшаи  зиддибуҳронӣ матраҳ гардиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 777
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед