logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД МАРҲИЛАИ ОЯНДАСОЗ АСТ

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ, аксари марказҳои маъмурии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҳар ҷиҳат рушд карданд, симои меъмориашон писандидатар ва барои зиндагии шаҳрвандон хеле мувофиқу дилпазир шуданд. Маркази маъмурии вилояти Хатлон – Бохтар чун як шаҳри дар шукуфоӣ камназир бо фаро расидани айёми бунёдкориҳо беш аз пеш қалбҳои шукргузор ва чашмони зебоипарастро тасхир менамояд. Бахусус, тайи як-ду соли ахир, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анқариб ягон гӯшаи ин шаҳр намондааст, ки онро дасти пурэъҷози инсон сабзу хуррам накарда бошад.

Ба иттилои Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳри Бохтар, камтарин намуна аз дастовардҳои аҳли заҳмати шаҳр дар соли гузашта, инҳоянд: майдони марказии шаҳр – маҷмаи Исмоили Сомонӣ бо Парчами давлатӣ, гулгаштҳои муосиртарҳ, фаввораҳои рангаи равшанидиҳанда, нишастгоҳу чароғҳои зебо. Ҳоло ин мавзеъ яке аз ҷойҳои дӯстдоштатарин барои фароғати сокинон шудааст. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо харҷи 27 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҳудуди 12 километр роҳи дохилӣ бо сифати аъло мумфарш гардид. Роҳравҳои ду канори ҷодаҳои дохилӣ бо тахтасангҳои бетонӣ тахту ҳамвор ва қитъаҳои замини онҳо бо гулу майсаҳои мавсимӣ ва буттаю дарахтони нодир оро ёфтаанд.
Дар доираи омодагиҳо ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои фараҳбахш иҷро шуданд. Чунончи, бо мақсади шабона пурра равшан шудани роҳу хиёбон, нуру намои зебо бахшидан ба иморатҳои хурду бузурги хусусию давлатӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, бо декоратсияҳои ҷолиби барқӣ оро додани гӯшаҳои чашмрас то имрӯз 300 ҳазор сомонӣ масраф шуд. 
Тасмими дигар, ки ба хотири арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллии сокинон ва муҳайё кардани шароити беҳтари фароғат рӯи даст гирифта шуд, оғози сохтмони пояи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 30 метр ва азнавсозии майдони ба номи “70 - солагии азхудкунии водии Вахш” мебошад. Маҷмаи пояи Нишони давлатӣ бо истифода аз санъати навтарини меъморӣ дар натиҷаи омӯхтани боғҳои муосири Душанбе бо бунёди фаввораҳо, гулгашту нишастгоҳҳо ва пулҳои декоративӣ дар болои наҳри “Хонум” - як шохоби калони дарёи Вахш ва манзараҳои сунъии кӯҳистону шаршараҳо бо харҷи чор миллион сомонӣ бунёд хоҳад гашт. То анҷоми кор ҳафтаҳои ба шумор монданд.
Бо мақсади иҷрои дастури Сарвари давлат дар бобати таҷдиди боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва бунёди боғҳои нав Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаев, бо ҷалби соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи як миллион сомонӣ куллан аз нав сохта шуда истодааст.
Барои харид ва насби 18 намуд атраксиону арғунчакҳои замонавӣ масрафи се миллион сомонӣ пешбинӣ гаштааст, ки пас аз анҷоми корҳо 70 истиқоматкунандаи шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашн маҷмааҳои “10 - солагии Ваҳдати миллӣ”, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, боғчаҳои “Фирдавс” ва “Шаҳидон”, панҷ гулгашти хиёбони Борбад корҳои азнавсозӣ бомаром ҷараён доранд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуда, маблағгузории ду баробар бештарро соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ анҷом додаанд.
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ якададӣ биноҳои истиқоматии чор, панҷ ва шашошёна, ду бинои сеошёнаи дорои маркази савдою хидматрасонӣ, варзишгоҳи дорои чор ҳазор ҷойи нишаст ва бинои иловагии таълимии чорошёнаи мансуб ба ДДБ ба номи Носири Хусрав, се майдони хурди варзиш барои сокинони маҳаллаҳои Умари Хайём ва “Кайҳоннавардон”, се маҷмаи тиҷоратӣ ва пардоз барои бонувон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ба маҳаллаи навбунёди Ҷалолиддини Румӣ дар масофаи 300 метр хати барқ кашида, 200 метр равшаннамоии кӯча анҷом ва барои 30 хоҷагӣ хати оби ошомиданӣ гузаронда шуд. Қисмати берунии 27 бинои аз чор то нуҳошёнаи канори ҷодаҳо, ки бо гузашти вақт доғу харош пайдо карда буданд, бо харҷи 370 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ рангубор шуд. Соҳибкорон низ аз ин ташаббуси хайр худро канор нагирифта, даҳ биноро ба гунаи назаррабо ороиш доданд.
Ба ҷуз ин ҳама, эъмори чор майдони хурд барои бозии кӯдакон дар маҳаллаҳои “Кайҳоннавардон”, “Хатлон”, ҳавзи шиноварӣ дар кӯчаи ба номи А. Қаҳҳоров, бинои истиқоматии панҷошёна ва кӯдакистон дар маҳаллаи ба номи Н. Ҳувайдуллоев, кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ дар маҳаллаи Борбад, биноҳои дувоздаҳ, шаш ва панҷошёна дар маҳаллаи ба номи С. Айнӣ, корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмону саноат, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва сардхонаҳо дар минтақаи саноатии маҳаллаи “Маданият”, ду бинои панҷошёнаи истиқоматии дорои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар маҳаллаи Ҷ. Румӣ, чароғон кардани маҳаллаи “Хатлон”, кашидани хати оби нӯшиданӣ ба маҳаллаи “Навобод”, бинои тӯйхона, кумитаҳои маҳалла, дорухона, сартарошхона ва қароргоҳи нозирони минтақавӣ дар маҳаллаи Ҷ. Румӣ - 1 ва “Маданият”, таъмири китобхона ва толори варзишии маҳаллаи Ваҳдат ва Борбад аз ҷумлаи бунёдкориҳое мебошанд, ки корашон 90 дарсад иҷро шудаанд.
Ташаббуси дигаре, ки боиси хушнудист, аз нав сохта шудани 34 партовгоҳ, гузоштани партовқуттиҳои нав ба қадри кифоя ва аз ҷиҳати санитарӣ-эпидемиологӣ бехавф нигоҳ доштани онҳост, ки 98 дарсади корҳо, иҷро шудаанд.
Агар тамоми ободкориҳои дар панҷ моҳ суратгирифтаро бо рақам зикр кунем, ҷамъи маблағгузориҳои асосӣ дар миқёси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои ҳамаи сармоягузорон 25 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар ояндаи наздик ба дараҷаи шинохтанашаванда рушд карда, ҳам барои зиндагии шоистаи шаҳрвандон, ҳам барои фароғати сайёҳони дохилию хориҷӣ яке аз гӯшаҳои дӯстдоштаи Тоҷикистони маҳбубамон мегардад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокири ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2019    №: 117    Мутолиа карданд: 195

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед