logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯҲОИ ВОДИИ РАШТ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22 - юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳо бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид ва мардуми меҳнатқарини ин ноҳия Пешвои миллатро бо рӯҳияи болида ва ифтихори баланд аз Ватану ватандории миллӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ноҳияи Сангвор дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, сокинонаш ба дастовардҳои зиёди меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳо ноил гардиданд.

Ифтитоҳи майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 - ро мавриди истифода қарор доданд.
Майдончаи варзиш дар масоҳати 540 метри мураббаъ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ сохта шудааст.
Дар мактаб 450 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудааст ва онҳо аз надоштани майдончаи муосири обутоби бадан то ба имрӯз танқисӣ мекашиданд.
Акнун, дар доираи иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва омодагиҳо ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор хонандагони ин муассисаи таълимӣ соҳиби майдончаи муосири варзиш гардиданд.
Майдончаи варзиш барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш, на танҳо барои хонандагони ин муассиса, балки барои дигар ҷавонони деҳаи Тавилдараи деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор барои машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш имконоти васеъ фароҳам омад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити майдончаи варзиш ва суҳбат бо масъулон, ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, ҷавонону наврасонро ба истифодаи пурсамар аз ин шароиту имконот ҳидоят карданд.
Солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат як варзишгоҳи калони муосир бо фарогирии 4 ҳазор ҷойи нишаст ва 2 толори варзишии наздимактабӣ сохта шудаанд, ки дар самти оммавигардонии варзиш ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи насли ҷавону ояндасози миллат ба машқу тамрин заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 деҳоти ноҳия бунёду сохтмони 4 майдончаи варзишии дигар ба нақша гирифта шудааст.
Раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Сангвор ба пешвози арзанда аз ин ҷашни бузурги миллӣ босуръат идома дорад ва сокинони сарбаланди ин минтақаи дурдасти мамлакат талош бар он доранд, ки аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои аз ин ҳам бештар истиқбол намоянд.

Гузоштани санги асоси биноҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва шуъбаи маориф
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Сангвор дар маркази ноҳия ба корҳои сохтмонӣ дар бинои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва шуъбаҳои маориф ва амнияти миллӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ва шуъбаи маориф дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешаванд ва дар онҳо барои кормандон ҷиҳати боз ҳам  беҳтар намудани фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити муосир фароҳам оварда хоҳанд шуд.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор дуошёна сохта шуда, аз толори варзиш, 4 ҳуҷраи корӣ ва бойгонӣ иборат хоҳад буд.
Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор, иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо саҳми соҳибкорони бонангу номуси диёр сохта мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои муаррифии  лоиҳаи  бинои нави шуъбаи маориф, иттилоъ доданд, ки  иншооти нав дар масоҳати 20 садяк замин ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Бинои нави шуъбаи маориф сеошёна буда, аз 12 ҳуҷраи корӣ ва толори барҳавои маҷлис барои 90 нафар иборат хоҳад буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ҷиҳати анҷоми босифати корҳо ва истифода аз маҳсулоти аълосифат дар рафти корҳои бунёдӣ ба масъулон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ҷиҳозонда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз оғози корҳои сохтмонӣ ва шиносоӣ бо лоиҳаҳои бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ва шуъбаи маориф, ба масъулон ва сохтмончиён барои дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расондани корҳо ва таваҷҷуҳи бештар додан ба интихоби масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2019    №: 118    Мутолиа карданд: 184

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед