logo

ҳуқуқ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - КАФОЛАТИ АМАЛИШАВИИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Ваҳдат ва амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми мубориз, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувият ба шумор меравад. Ин падидаҳои бемислу хуҷастаи замони истиқлолият, ки бо ҳам тавъам мебошанд, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро тақвият мебахшанд.  

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ, ки маҳз ба шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди миллати тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваи тавоное бахшида, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум замина гузошта, барои рушди муназзам ва устувори ҳамаи соҳаҳо шароити заруриро фароҳам овард.
Имрӯз дар гӯшаҳои мухталифи дунё содир шудани амалҳои нангини террористӣ, ки боиси қурбонии одамони зиёд гардидааст, ба амну суботи давлатҳо таҳдид намуда, ҳамчун занҷираи печ дар печ дар харитаи ҷуғрофии ҷаҳон хислати паҳншавиро касб карда, боиси ташвишу нигаронии аҳли башар гардидааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар танҳоӣ мубориза бурдан бо ҷинояту ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти минтақавию байналмилалидошта, натиҷаи дилхоҳ ба бор намеорад. Танҳо муборизаи дастҷамъонаю муштарак дар доираи узвияти созмонҳои мухталиф ва ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад садди роҳи ҷинояткорӣ шавад.
Ноором гардидани вазъият дар як давлат ва ё минтақаи алоҳида, метавонад суботу оромии дигар давлатҳоро халалдор сохта, заминаҳои ваҳдати миллии дилхоҳ давлатро, ки асоси пойдориву рушди онро ташкил мекунад, коста гардонад ва, ҳатто, давлату миллати алоҳидаро ба нестӣ барад.
Тоҷикистон солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, давраҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар карда, чи гуна фоҷиаовару даҳшатнок будани оқибатҳои нангини онро медонад ва ҳамеша хостори сулҳу субот дар тамоми минтақаю ҷаҳон, риояву эҳтироми принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои волои инсонӣ, инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалии ҳамҷавор дар заминаи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.
Роҳбари давлат зимни суханронии худ дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иброз доштанд: «Баъди аз сар гузарондани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 - уми қарни гузашта, Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромӣ ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад».   
Имрӯз бо гузашти 22 сол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун санади ҳамгироиву ҳамдигарбахшӣ, ки назири худро дар ҷаҳон надорад, мебинем, ки ғояи муқаддаси ваҳдату инсондӯстӣ ҷузъи таркибии хиради сулҳҷӯёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми кишвар ва таҳкимбахши равандҳои демократии ҷомеа гардидааст. Ҳамин сулҳу субот, ваҳдату оромӣ ва ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки миллат сарҷамъ гардид, давлат рушд кард, кишварро тамоми ҷаҳон шинохт ва эҳтиром намуд. Волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ таъмин шуд, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътирофу ҳифз гардиданд, Конститутсия ва санадҳои қонунгузории зиёд қабул, адолати иҷтимоӣ пойдор, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ рушд ёфтанд ва сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардид.
Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии
Тоҷикистон,  номзади илмҳои ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2019    №: 118    Мутолиа карданд: 354

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед