logo

сиёсат

ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ. УМУМИЯТ ВА ФАРҚИЯТҲО

Муноқиша ва задухӯрди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ - сиёсии ифротӣ дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат, ки боиси марги 32 нафар гардид, ҳеҷ кадом шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Ин ҳодисаи мудҳиш мавриди ғаму андуҳи тоҷикистониён қарор гирифт.

Вале ин ҳодиса дар биниши шаҳрвандон фаҳмишҳои мухталифро ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносон низ ба таври гуногун баррасӣ гардид. Намояндагон ва роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ ва террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда, ба мисли ТТЭ ҲНИ, «Ансоруллоҳ», «Салафия», аз нигоҳи манфиатҳои сиёсии худ, ки ҳадафашон ғасби  ҳокимият аст, атрофи ин ҳодиса дар шабакаҳои интернетӣ иғво барангехта, кӯшиш менамоянд, бо ҷалби таваҷҷуҳ ба ин масъала, ба нуфузи давлати дунявии Тоҷикистон латма зананд. Махсусан, роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ ва думравонаш, ки дар кишварҳои хориҷӣ зери сарпарастии хоҷагони худ зиндагии муфтхӯрона доранд, худро ҷабрдида нишон дода, мехоҳанд мардуми ноогоҳро ба гумроҳӣ баранд. Дар асл бошад, ҳодисаи мудҳиши шаби 19 майи соли ҷорӣ бори дигар симои террористию экстремистии гурӯҳҳои динӣ - сиёсии ифротиро ошкор месозад.
Ин ҳодиса собит сохт, ки гурӯҳҳои экстремистию террористӣ воқеан дин, Ватан ва миллат надоранд. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои муғризонаи худ  ҳеҷ гуна қоида ва меъёрҳои дини исломро риоя намекунанд ва, баръакс, барои расидан ба ҳадафҳояшон исломро ҳамчун, ниқоб истифода бурда, дар муқобили Қуръону суннат қарор мегиранд. Агар Пайғамбари ислом (с) гуфта бошад, ки «Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагони Ӯ, ба пайғамбарони Ӯ, ба тақдири некӣ ва бадӣ бовар намоӣ» ё худ ба саволи оё дар ин уммат гуноҳе ҳаст, ки ба куфр бирасонад?» ҷавоб дода бошад, ки «На магар ширк овардан ба Худо» аммо ин гурӯҳҳои динӣ - сиёсии экстремистию террористии номбурда, ки ҳама ба Худои ягонаву Пайғамбари Ӯ ва рӯзи қиёмату ҷазо баробар бовар доранд, ҳадисҳои Пайғамбари ислом (с) - ро пушти по зада, ба хотири ғаразҳои сиёсӣ ҳамдигарро ба куфр гунаҳкор карда, ба қатли ҳамдигар даст мезананд. Бо ин роҳ дар зеҳни мардум эҳсоси исломҳаросиро бедор месозанд, ки ба ҷуз бадном сохтани ислом чизи дигаре нест. Бинобар ин, дар ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаи маҳбаси шаҳри Ваҳдат касе гунаҳгор нест, ба ҷуз мафкураи динӣ - сиёсии ифротии худи ин гурӯҳҳо.
Ҳарчанд ҳамаи ин гурӯҳҳо худро аҳли суннату ҷамоат меҳисобанд ва онҳоро табиати экстремистӣ, ихтилоф доштан ба низомҳои гуногуни давлатдорӣ, бегона будан аз манфиатҳои миллӣ, имондории зоҳирӣ, хизмат намудан ба хоҷагони бегона ва ғайра бо ҳам муттаҳид месозад, аммо манфиатҳои сиёсии онҳо, баъзан ё куллан, бо ҳам мувофиқ намеоянд. Ба ҳам мувофиқ наомадани манфиатҳои сиёсии онҳо, ононро ба ихтилофҳои динӣ - ақидавӣ низ бурдааст, ки бо ҳам оштинопазиранд. Пас, ин кадом манфиатҳои сиёсӣ ва бунбастҳои эътиқодӣ - сиёсие аст, ки онҳоро оштинопазир сохтааст.
1. Ҳар кадом гурӯҳ мехоҳад дар кишвар ё минтақа лидери динӣ - сиёсӣ бошад ва кӯшиш дорад дар фазои динӣ - сиёсии кишвар ё минтақа яккатоз гардад. Вақте солҳои 90 - уми садаи XX ва ибтидои асри XXI дар Тоҷикистон «Ҳизб - ут - таҳрир» фаъол гардид, С. А. Нурӣ мавқеашро нисбат ба ин ҳизби ифротӣ чунин муайян карда буд: «Ман фикр мекунам, ки ин гурӯҳ аз ду нигоҳ дар Тоҷикистон ҳаққи амал кардан надорад: динӣ ва ҳуқуқӣ. Аз нигоҳи динӣ дар Тоҷикистон як ҳизби характери динидошта вуҷуд дорад ва ҳоҷат ба таъсис ва фаъолияти ҳизби дигар нест. Агар онҳо хоҳанд, метавонанд аз тариқи ҳизби мо фаъолияти сиёсӣ намоянд, модоме ки хилофи қонун ва оинномаи ҳизби мо набошад. Аммо аз нигоҳи ҳуқуқӣ онҳо ба қайд гирифта нашудаанд ва наметавонанд дар Тоҷикистон фаъолият кунанд. Муносибати мо бо онҳо ҳамчун ҳизби ғайриқонунӣ хоҳад буд». Имрӯз ин даъворо мо дар фаъолияти ҳаракати «Салафия» низ мушоҳида мекунем, ки ин ҳама аз ихтилофу муборизаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад ва ҳодисаи шаби 19 май инро собит сохт.
2. Консепсияи иҷтимоӣ-сиёсии ин ҳизбу ҳаракатҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Масалан, «Давлати исломӣ», ки ҳаракатҳои «Салафия», «Ихвон - ул - муслимин», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷайши Муҳаммад» ва ғайраро дар худ муттаҳид сохтааст. Онҳо мехоҳанд низоми давлатдории шакли монархияи динӣ - хилофатро бунёд кунанд. ТТЭ ҲНИ бошад, хостори бун-ёди низоми давлатдории ҷумҳурӣ, вале ҷумҳурии исломӣ аст. Зиёда аз ин, пояи ақидавӣ – идеологии бунёди низоми давлатдории гурӯҳҳои бо ҳам зид дар фазои динӣ - сиёсии Тоҷикистон муборизакунанда низ гуногунанд. Ин ҷиддият онҳоро ба муқобили якдигар бармехезонад. Чунин ихтилоф имрӯз на танҳо дар ҳодисаи номбурда, инчунин, дар Афғонистон байни Толибон ва «Давлати исломӣ» ҷой дорад, ки боиси ихтилоф ва қатли ҳамдигар мегардад.
3. Яке аз хусусиятҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо кӯшиш менамоянд, гурӯҳҳои дигарро тобеи худ созанд. Масалан, «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия кӯшиш кард, ҳамаи гурӯҳҳои сунниро ба худ ҷалб созад. Зеро «Давлати исломӣ» даъвои лидери ягонаи мусулмонон шуданро дорад. Бинобар он, даъвои наҳзатиҳо, ки лидери Тоҷикистон шудан доранд, ба талошҳои «Давлати исломӣ» (салафиҳо, таҳририҳо) мувофиқат намекунад ва онҳо дар худ таманнои ҳеҷ гуна созиш ва мусолиҳаро надоранд. Зеро яке аз принсипҳои асосии чи гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ва чи наҳзатиҳо «такфир» аст, ки аз «ихвонӣ» -ҳо иқтибос кардаанд. Ба ҳамон андозае, ки «Давлати исломӣ» наҳзатиҳоро «такфир» менамоянд, ба ҳамон андоза наҳзатиҳо «Давлати исломӣ» - ро такфир мекунанд. Аз ин нигоҳ, дар такя ба ин асл иттиҳоду оштии онҳо ғайриимкон аст.
4. Зиёда аз ин, ихтилофи дигари байни «Давлати исломӣ» ва наҳзат дар ихтилофи пуштибонони хориҷиашон мебошад, ки байни ҳам низои тӯлонии таърихӣ доранд ва имрӯз ҳар кадоме барои лидери ҷаҳони ислом шудан мубориза мебаранд. Албатта, ин ба тақдири пайравони зархариди ин давлатҳои пуштибон бетаъсир намемонад, ки воқеияташро дар ҳодисаи мазкур бармало мушоҳида кардем.
5. Маврид ба ёдоварист, ки ҳарчанд пайравони ҳизбу ҳаракатҳои номбурда худро аз аҳли суннату ҷамоат меҳисобанд, вале на танҳо мазҳабҳои онҳо фарқ мекунанд, ҳатто дар ҳолатҳои ҷудогона бо ҳам зиддият доранд. Мазҳаби «Давлати исломӣ» - ҳо, ки, асосан, пайравони «Салафия» мебошанд, ҳанбалӣ буда, мазҳаби гурӯҳҳои дигари динӣ - сиёсии ифротӣ ҳанафӣ аст. Миёни ҳанбалия ва ҳанафия, ки манфиатҳои миллатҳои гуногуни мусулмонҳоро ифода мекунад, таърихан ихтилофҳое вуҷуд дошт. Имрӯз бошад, ҳанбалиҳо аз идеологияи ваҳҳобия (салафия) пайравӣ мекунанд ва худро бемазҳаб номида, бо мазҳаби ҳанафӣ зиддияти ошкоро доранд ва онҳоро ба куфр муттаҳам мекунанд. Ин ихтилофу зиддиятҳо низ дар ақидаву тафаккур ва амали пайравони он ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар ҳодисаи маҳбас ширкат доштанд, бетаъсир буда наметавонад. Кушта шудани намояндагони рӯҳонияти суннатӣ, ба мисли Шайх Темур, Махсуми Саттор, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, аз ҷониби пайравони «Давлати исломӣ» аз муносибати онҳо ба мазҳаби ҳанафӣ шаҳодат медиҳад ва як бонги хатар ба рӯҳонияти суннатии ҳанафимазҳаб мебошад.
6. Бояд ёдрас шуд, ки ҳамаи ин ихтилофу низоъҳое, ки миёни ҳизбу ҳаракатҳои динӣ - сиёсӣ дар заминаи зиддиятҳои ақидавӣ - мафкуравӣ сурат мегирад, реша дар хусусияти духӯра доштани ислом дорад, ки барои ҳамаи мусулмонон роҳи мушаххасро муайян накардааст. Дар Қуръону суннат далелҳои зиёд дар бораи чи ҷангу ҷиҳод ва чи мусолиҳаю иттиҳод вуҷуд доранд, ки ҳар кадом гурӯҳ онро ба тарзи худ мефаҳманд ва мувофиқи манфиатҳои худ истифода мебаранд. Ба тарзи дигар гӯем, ҳарчанд мусулмонон дар масъалаи имондорӣ ба ҳамдигар мувофиқанд, вале дар заминаи духӯрагии ислом роҳҳои имондориро ба тарзи худ мефаҳманд, боиси низоъҳои мазҳабӣ мегардад.
Ҳамин тариқ, он низоъ ва задухӯрде, ки дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат рӯй дод, ҳодисаест, ки дар асоси ихтилофу низоъҳои динӣ - мазҳабӣ, ки василаи расидан ба ҳадафҳои сиёсист, ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин масъала, ба таври қотеъ гунаҳкор кардани ҷонибе ё тарафи сеюм ғайривоқеӣ ва беадолатӣ мебошад. Сабаби ин ҳодисаи мудҳишро мусулмонон, бахусус ҳизбу ҳаракатҳои дар низоъ ширкатдошта, бояд дар табиати аслии имондорӣ ва ғаразҳои сиёсии худ ҷустуҷӯ намоянд. Онҳо аз рӯи инсоф бояд эътироф намоянд, ки ихтилоф ва ин қурбониҳо аз ҷонибҳои гуногун натиҷаи хусусияти ҷангҷӯӣ, террористӣ ва оштинопазирӣ доштани ҳизбу ҳаракатҳоест, ки аз он пайравӣ мекунанд. Бояд таъкид кард, ки дар ҳеҷ ҷои дунё то ҳол ду гурӯҳи террористӣ, ки манфиатҳои сиёсии амиқу ба ҳам мухолиф доранд, байни худ созиш накардаанд. Ин ҳодиса бояд таҷриба ва панд барои дигарон бошад. Вақте ки ақидаҳои ифротии бегона, ки ҳар кадоме пуштибони худро доранд, дар байни пайравони як дину як мазҳаб роҳ меёбад ва ваҳдати эътиқодии онҳоро вайрон месозад, натиҷа ҳамин гуна низоъҳои хунин аст.   
Рустам КАЗАКОВ,
мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии Бохтар
ба номи Носири Хисрав, номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2019    №: 118    Мутолиа карданд: 505
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед