logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ РАШТ

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор

24 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуда, бинои маркази савдои “Хингоб”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари волои кадбонуҳои ин ноҳияи дурдасти мамлакатро, ки дар ин намоишгоҳ ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши он ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунару анъанаҳои миллӣ тадбирҳои зиёд андешида мешаванд ва таваҷҷуҳи ҷавондухтарон тайи солҳои охир ба омӯзиши онҳо бештар гардидааст.
Шуғли асосии сокинони ноҳияи Сангвор кишоварзӣ буда, аҳли заҳмат ҳамасола бо васеъ намудани майдони зироати гуногун ва боғоти мевадиҳанда маҳсулоти зиёд ба даст меоранд ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳияи Сангвор соли равон дар майдони 650 гектар картошка, 188 гектар ғалладона кишт намуда, 27 гектар боғҳои нави мевадиҳандаи себу нок, аз ҷумла 1 гектар боғи интенсивӣ, бунёд кардаанд.
Аҳли заҳмати ноҳия соли ҷорӣ парвариши полизиҳо, аз ҷумла тарбузу харбузаро дар майдони 3 гектар ба роҳ монда, нақша доранд, ки дар таъмини сокинон бо маҳсулоти худӣ саҳмгузор бошанд.
Дар намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занбӯриасалпарварони номдори ноҳияи Сангвор анвои гуногуни асали табииро, ки аз гулу гиёҳҳои нотакрори ин гӯшаи дорои табиати дилфиреби мамлакат омода карда мешавад, муаррифӣ намуданд. Иқлими ноҳияи Сангвор барои занбӯриасалпарварӣ хеле мувофиқ буда, кишоварзон ҳамасола бо афзун намудани оилаҳои занбӯри асал маҳсулоти зиёди аз ҷиҳати экологӣ тозаву табобатӣ ба даст меоранд.
Алҳол дар ноҳияи Сангвор шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 12 ҳазору 900 адад мерасад ва занбӯриасалпарварон нақша доранд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нишондодро боз ҳам афзун ва дар таъмини сокинон бо асали табиии худӣ ва содироти он ба хориҷ аз кишвар саҳми назаррас дошта бошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз гӯшаи дастранҷи кишоварзони кордону ботаҷрибаи ноҳияи Сангвор маркази савдои “Хингоб” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази савдои “Хингоб” аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он маркази савдо бо 10 ҷойи корӣ, дар ошёнаи дуюм чойхона барои 60 ҷойи нишаст ва дар табақаи сеюм меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст.
Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити маркази савдо иттилоъ дода шуд, ки ин иншоот дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Давлатхӯҷа Хушвахтов бо харҷи беш аз 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар чойхонаи миллӣ барои сайёҳони хориҷӣ хӯрокҳои миллӣ омода ва пешниҳод карда мешаванд. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо тамоми шароити зарурӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ таъмин мебошанд.
Дар маркази савдои “Хингоб” дар маҷмӯъ, наздики 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд. Масоҳати умумии бино 180 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар соҳили дарёи Хингоб хеле назаррабо ба назар мерасад. Дар атрофи бино барои истироҳату фароғати меҳмонону сайёҳон ду суҳбаткада бо нақшу нигори миллӣ сохта шудааст.
Ноҳияи Сангвор дорои табиати зебо ва мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ буда, ҳамасола аз он сайёҳони хориҷӣ дидан мекунанд.
Дар шафати маркази савдо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои дуошёнаи иборат аз маркази савдо ва коргоҳи ҳунармандиро мавриди истифода қарор доданд. Маркази савдо ва коргоҳи ҳунармандӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Музаффар Рафиев бо харҷи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ дар зарфи се моҳ сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити маркази савдо ва коргоҳи ҳунармандӣ масъулонро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ва муаррифии ҳарчи бештари ҳунарҳои миллӣ ба сайёҳони хориҷӣ таъкид доштанд. Бо истифода қарор гирифтани ин иншоот 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва даромади хуб таъмин шуд.
Масоҳати умумии бино 234 метри мураббаъро ташкил дода, таҳхонаи он чун анбори нигаҳдории маҳсулот истифода мешавад. Дар коргоҳи ҳунармандӣ феълан 5 нафар ҳунарманд ба фаъолият ҷалб гардида, бо санъати нотакрори кандакорӣ аз чӯб ҳаргуна ашёи зарурӣ омода ва пешниҳоди хоҳишмандон мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода додани марказҳои хизматрасонӣ ва суҳбат бо кормандону масъулон иншооти мазкурро туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми ноҳия дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии маркази савдои “Давлатҷон”, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов дар доираи эълони солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.
Тибқи иттилоъ корҳои сохтмонӣ дар ин маркази тиҷоратӣ соли 2017 оғоз гардида буд ва дар рафти бунёди иншоот зиёда аз 10 нафар сокини ноҳия ба кор ҷалб гардид. Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва табақаи дуюм ҳамчун маркази ҷавонон барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудааст.
Дар таҳхонаи маркази тиҷоратӣ молу маҳсулоти гуногун нигоҳ дошта мешаванд. Масоҳати умумии иншоот 4 садяк заминро дар бар гирифта, бино дар 260 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Ин сеюмин маркази савдои замонавӣ дар ноҳия маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тарафи соҳибкорони ватандӯст сохта шудааст.
Иншооти тозабунёд баробари хизмат расондан ба аҳолӣ, ҳамзамон, ба ҳусни ноҳияи Сангвор зебоӣ зам намуд. Баъди ба истифода додани ин марказ чанд нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
Баъди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази тиҷоратӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳия туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Ин тифлакон худро хушбахту сарбаланд эҳсос мекарданд, зеро дар арафаи таҷлили бошукӯҳи 22 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз дасти Пешвои ғамхору меҳрубон ва пуштибони худ туҳфаи пулӣ ва сарулибоси зебо гирифтанд.
Нахуст Сарвари давлат кӯдакони ятим ва фарзандони аз оилаҳои ниёзмандро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар ҳимояи давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз  солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад.
Ҳамзамон, дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти кӯдакон дастархони идона ороста шуда буд. Тибқи маълумот айни замон дар ноҳияи Сангвор 7 нафар ятими кулл, 235 нимятим, 284 маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аз шумораи умумии маъюбон 44 нафар синни то 18 - соларо ташкил медиҳад. Ҳамаи онҳо зери таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. 
Хушбахтона, дасти ёрӣ дароз намудан ба шахсони ниёзманди ҷомеа дар арафаи ҳама иду айём ҳамчун амали неки инсондӯстона ба ҳукми анъана даромадааст ва шахсони саховатпеша ин амалро пайваста анҷом медиҳанд.

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Сангвор
24 июни соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия дар назди бинои қасри фарҳанг бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеи сокинон партавафшон гардид.
Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ бунёд шудааст. Паҳноии матои Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил намуда, атрофи он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Дар назди даромадгоҳи майдони Парчам ду ҳайкали шер ҳамчун рамзи миллати тавоно ва тамаддунофар сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Наҷор” бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.
Майдони Парчами давлатӣ 11 садяк заминро дар бар гирифта, атрофи онро беш аз 60 арча, гулҳои гуногун ва сабзазор зеб медиҳанд. Дар рафти сохтмон бо назардошти сайругашти сокинону меҳмонон 10 нишастгоҳ ва чароғҳои равшандиҳанда насб шудаанд.
Парафшонии Парчам дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат боиси рӯҳбаландӣ ва ифтихору садоқати сокинон ба Ватан – Модар гардидааст ва акнун онҳо метавонанд дар назди ин муқаддасоти давлат чорабиниҳои гуногунро баргузор намоянд.

Пешвои миллат дар ноҳияи Нуробод
24 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.
Сокинони касбу кори гуногун, собиқадорон, фаъолон ва шумораи зиёди ҷавонони ин ноҳияи дурдасти мамлакат Сарвари давлатро гарму самимӣ ва бо муҳаббати беандоза пазироӣ намуданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии навбунёди деҳаи Холибеки деҳоти Хумдон, ки идона ороста шуда буд, бо дастовардҳои меҳнатии мардуми ин ноҳияи хушманзара шинос шуданд. Ба хотири ташрифи меҳмони олиқадр, намоишгоҳи бузургу доманадор ташкил карда шуд.
Дар намоишгоҳ сокинони ноҳия дастранҷи хеш, аз қабили маҳсулоти нонӣ, намунаи кандакорию оҳангарӣ, ҳосили зироати кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ғайраро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст овардаанд, ба маъраз гузоштанд.
Дар гӯшаи нонҳои миллӣ занону духтарони ҳунарманд бехтани орд, хамиркунӣ ва тарзи омода намудани номгӯи гуногуни нонҳои миллӣ, аз қабили чапотӣ, гирдача, кулчаи нақшин, кулчаи нурободӣ, ки хоси мардуми ин минтақаи мамлакат буда, шуҳрати зиёдро касб намудааст, намоиш доданд.
Дар ин ҷо барои омода намудани ҳар як намуд нони миллӣ бо усули аҷдодӣ танӯри алоҳида гузошта шуда, дар дигар қисмат маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари нонпазии бонувони ноҳияи Нуробод баҳои баланд дода, ба онҳо, ҷиҳати ҳифзи ин мероси қадима ва боз ҳам рушди он, ҷалби ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои маҳорати нонпазӣ, маслиҳатҳои муфид доданд.
Мавриди зикр аст, ки мардуми ноҳияи Нуробод, хосса занон, аз қадим бо ҳунари нонпазӣ машҳуранд ва нонҳои омоданамудаи онҳо аз лиҳози тамъу маза беназир мебошанд.
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла оши бурида, кашк, далда, умочи ба дӯғ, қурутоб ва фатирмаска, намоиш дода шуд. Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Нуробод намудҳои зиёди хӯрокҳои миллӣ, ки хоси мардуми тамаддунофар ва қуҳанбунёди тоҷик мебошанд, ҳифз гардидаанд ва дар ҳар хонадон пухта мешаванд. Ҳамчунин, дар ин ҷо шириниву кулчақандҳои гуногун ва номгӯи зиёди маҳсулоти ширӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ҳамаи ин маҳсулот дар коргоҳҳои ноҳия аз ҷониби  сокинони маҳаллӣ омода карда мешаванд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат маҳсули дасти чеварони ноҳияи Нурободро тамошо намуда, ҳунару маҳорати дӯзандагию бофандагии занону духтарони соҳибистеъдод ва чирадасти маҳаллиро намунаи олии кордонию лаёқатмандии миллати қадимаи тоҷик арзёбӣ карданд. Дар гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, ки қисми асосӣ ва бештари намоишгоҳро дар бар мегирифт, номгӯи зиёди дигар намуди маҳсулоти дастӣ, аз қабили чӯбкорию оҳангарӣ ва ғайра намоиш дода шуд. Кандакорию оҳангарӣ, ки аз ҳунарҳои хеле қадимаи миллати мо ба шумор мераванд, дар ноҳияи Нуробод эҳё ва ба таври густурда рушд намудаанд. Созҳои гуногуни мусиқӣ, лавозимоти рӯзгор ва маҳсули оҳангарон бозгӯи фарҳанги бою пурғановати тоҷикон мебошанд.
Ҳамчунин, дар ин мавзеъ дастандаркорон ба таври рамзӣ хонаи арӯсии замонавӣ ва хонаи арӯсии ниёгон ташкил карда, расму оини миллати тоҷикро дар давраҳои гуногун муаррифӣ намуданд. Хонаи арӯсии замонавӣ дар доираи талаботи замони муосир бо истифода аз унсурҳои миллӣ, оро ёфта буд. Хонаи арӯсии ниёгон бошад, дар заминаи урфу одатҳои қадимаи миллати тоҷик зинат дода шудааст, ки таҷассумгари гузаштагони мо мебошад.  
Ташкил ва ба роҳ мондани чунин намоишгоҳ дар тарғиби бештари ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва ҳифзи мероси аҷдодӣ муҳим шумурда шуд. Намоишгоҳи мазкур низ маҳз бо ҳамин мақсад ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ба роҳ монда шудааст, ки он дар муаррифӣ ва рушди анъанаю суннатҳои қадима заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Дар намоишгоҳ кишоварзону хоҷагидорон низ фаъолона иштирок намуда, маҳсули меҳнати хешро муаррифӣ намуданд.
Гӯшаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин намоишгоҳ чанд растаро дар бар мегирифт, ки дар он меҳнаткашони ноҳия номгӯи зиёди тухмии зироати кишоварзӣ ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшаванда, хоса ғалладонагиҳо, мевагиҳо, сабзавоту полизӣ, ҳосили зироати равғандиҳанда, гулу гиёҳҳои шифобахш, консерви меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ, равғани рустанӣ, асали табиӣ, тухми паранда ва ғайраро ба намоиш гузоштанд. Маҷмӯан, дар ин гӯшаи намоишгоҳ беш аз 30 намуд маҳсулот муаррифӣ гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Нуробод 3180 гектар замини корам мавҷуд аст ва қариб ҳама намуди зироати кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад. Соли равон кишоварзон бо мусоид омадани ҳаво кишти полизӣ, аз ҷумла харбуза ва тарбузро низ ба роҳ мондаанд. Майдони боғу токзор бошад, дар ноҳия 370 гектарро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат ба маҳсули дасти кишоварзон баҳои баланд дода, барои боз ҳам бештар рушд додани соҳа тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд. Дар ин ҷо занбӯриасалпарварони ноҳия асали табииро ба намоиш гузоштанд, ки диққати меҳмононро бештар ҷалб кард. Тибқи маълумот, имрӯз дар ноҳияи Нуробод 10542 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад ва соли 2018 дар хоҷагиҳои занбӯриасалпарварӣ 125 тонна асали табиии дорои сифати баланд истеҳсол карда шудааст.
Баъди боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, Пешвои миллат бо фаъолияти хоҷагии навбунёди деҳаи Холибек, нашъунамои зироати кишоварзӣ ва боғи навбунёди он, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ташкил ёфтааст, шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати замини хоҷагии навбунёд дар деҳаи Холибек 12 гектарро ташкил медиҳад ва дар майдони беш аз 5 гектар, аз ҷумла 2,54 гектар боғи интенсивии нав, бунёд карда шудааст. Дар боғи навбунёди интенсивӣ хоҷагидорон ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи себ, нок, сиёҳолу, олуча, шафтолу, зардолу ва ғайра шинондаанд. Дар заминҳои боқимондаи хоҷагии мазкур қариб ҳама намуди зироат, аз қабили помидору бодиринг, картошка, қаланфур, боимҷон, карам, сабзӣ, турб, шалғам, лӯбиё, ҷуворимакка, нахӯд, тарбузу харбуза, каду, гандум ва маҳсар, кишт карда шудааст.
Намоишгоҳи васеи маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии навбунёди деҳаи Холибек бозгӯкунандаи меҳнати содиқонаи сокинони ноҳияи Нуробод ба хотири ба даст овардани ҳосили дилхоҳ мебошад. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори деҳқонон, дар маҷмӯъ, вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияи Нуробод, баҳои баланд дода, онҳоро ба меҳнати содиқона ва ба даст овардани ҳосили фаровон ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар ноҳияи Нуробод
24 июн дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази нави хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Иншоот дорои коргоҳи коркарди тунука, коргоҳҳои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди чӯб, истеҳсоли хиштҳои сементӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мебошад. Дар ошёнаи якуми марказ фурӯши маводи ғизоӣ ва дар ошёнаи дуюм фурӯши либосу пойафзол ба роҳ монда шудааст.
Минбаъд, сокинони водии Рашт метавонанд аз ин намуди хизматрасониҳо дар ноҳияи Нуробод дар сатҳи баланд баҳравар шаванд.
Маркази хизматрасонӣ аз тарафи бародарони соҳибкор Маҳмадёровҳо дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ёдоварӣ аз дастгириву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди иншоотро барои қонеъсозии талабот ба ин намуди хизматрасониҳо муҳим арзёбӣ карданд.
Сохтмони иншоот соли 2017 оғоз гардида, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар партави дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ 50 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.
Масоҳати бино 3462 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҷо хони идона ороста шуда, аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 50 ятим, чун анъанаи неки аҷдодӣ, туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Ин тадбири муҳим дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ хушҳолии наврасони бо амри тақдир ятимондаро афзун намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дастгирии ятимону оилаҳои ниёзманд яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ятимону оилаҳои ниёзманд дар арафаи ҳар як ҷашну маросим ҳавасманд мегарданд.

Маркази савдо ва хизматрасонии “Абубакр” дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод
24 июн дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Маркази савдо ва хизматрасонии ба номи “Абубакр” - ро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Амонов бунёд шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Аснои шиносоӣ, ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар марказ, ҳамчунин, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дорухона таъсис дода шудааст.
Бо ифтитоҳи он дар баробари таъмини 11 нафар аз сокини ноҳия бо ҷойи корӣ доимӣ, имкон фароҳам гардид, ки аҳолӣ маводи мавриди ниёзи аввалро харид намояд.
Тибқи нақша, дар таҳхонаи маркази хизматрасонӣ оянда фурӯши масолеҳи сохтмонӣ низ  ба роҳ монда мешавад.
Дар ошёнаи сеюм бошад, маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар назар аст.
 Бунёди маркази савдо ва хизматрасонӣ дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод соли 2015 оғоз гардида, дар рафти сохтмони он  даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд дода, барои анҷоми чунин иқдомҳои созанда, ба хотири сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори сипос карданд.
Дар навбати худ соҳибкор Муртазо Амонов иброз дошт, ки дар доираи дастгириҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии мамлакат нисбат ба соҳибкорони ватанӣ мекӯшад, ки оянда низ дар пешрафту ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ саҳмгузор бошад.
Бинои маркази савдо ва хизматрасонӣ бо санъати баланди миллию меъморӣ бунёд шуда, ба маркази ноҳияи Нуробод-шаҳраки Дарбанд ҳусни дигар зам намудааст, ки нишона аз татбиқи амалии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар ноҳияи Нуробод
24 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он ошно шуданд.
Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, сохтмони он соли 2015 оғоз ёфта буд. Иншоот дар масоҳати 0,44 гектар бунёд ёфта, барои фаъолияти пурсамар дар он шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Он аз 14 утоқи корӣ иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки бинои навбунёд дорои ҳаммом, ошхона бо 20 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон буда, мувофиқи лоиҳа, масоҳаташ 496, 47 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Тамоми утоқҳои корӣ бо ашёи зарурӣ таъмин буда, минбаъд имконият медиҳад, ки бо истифода аз ин шароит ба аҳолии ноҳия хизматрасонии босифату саривақтии коммуналӣ расонда шавад. Ҳамзамон, кормандони соҳа дар шароити мувофиқ кори худро ба роҳ хоҳанд монд.
Зимни шиносоӣ, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳа дастур доданд, ки шароити фароҳамовардашударо босамар истифода бурда, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолии ноҳия боз ҳам беҳтар намоянд.
Намои берунии бинои Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бо назардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ ва санъати баланди меъморӣ ороиш ёфта, гирду атрофи иншоот бо гулу буттаҳои зебо зинат дода шудааст. Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Корез – лоиҳа” таҳия гардидааст.
Кормандони Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар ноҳияи Нуробод ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ифтитоҳи марҳилаи якум ва оғози корҳо дар марҳилаи дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанд
24 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт, дар ноҳияи Нуробод марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшиданд. 
Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи мазкур дар марҳилаи аввал бо дарозии 1,1 километр бунёд ёфта, сохтмони он бо назардошти стандартҳои ҷаҳонии роҳсозӣ анҷом дода шудааст. Паҳноии роҳ 15 метрро дар бар гирифта, бо хатҳои ҳаракати нақлиёт аз ду самт таъмин мебошад. Ҳамчунин, роҳ бо 100 аломати огоҳкунанда таъмин шуда, барои убури пиёдагардон дар нуқтаҳои алоҳида мавзеъҳои пиёдагузар бунёд ёфтааст.
Зимни шиносоӣ, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин, дар масоҳати 5400 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард пурра сафолакпӯш карда шуд. Дар ин масир барои истироҳати шаҳрвандон 10 нишастгоҳ насб шуда, ҷиҳати таъмини тозагӣ пиёдароҳ бо 10 қуттии партовпартоӣ таъмин мебошад.
Роҳи марказии шаҳраки Дарбанд аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун” бунёд ёфта, сохтмони он моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби 40 мутахассис оғоз ёфта буд. Дар ин давра, корҳо аз рӯи стандартҳои роҳсозӣ анҷом ёфта, мушкилоти аҳолии шаҳрак ва   гирду атроф, ҷиҳати  рафтуои бемамоният, бартараф гардид.
Ҳамчунин, роҳи навбунёд пурра чароғон карда шудааст. Дар шафати роҳ 80 симчӯби барқии равшанидиҳанда насб шуда, дар онҳо 160 чароғаки муосир барои таъмини рӯшноӣ васл гардидааст, ки он ҳусни кӯчаи марказии шаҳракро боз ҳам зеботар мекунад.
Пешвои муаззами миллат дар ин ҷо ба марҳилаи дуюми сохтмони роҳи марказии шаҳраки Дарбанд расман оғоз бахшиданд. Тибқи лоиҳа, дар марҳилаи навбатӣ 1,2 километр роҳ бунёд гардида, он бо системаи равшанидиҳӣ, новаҳои обрав ва хати ҳаракати дусамта таъмин мегардад. Пиёдароҳи шафати роҳ низ дар масоҳати 5444 метри мураббаъ сафолакпӯш карда мешавад.
Тавре иброз гардид, дар идомаи корҳои сохтмонии марҳилаи дуюм роҳ бо 76 симчӯби барқии равшанидиҳанда ва 152 чароғак таъмин хоҳад шуд. Тибқи нақша, дар иншооти мазкур наздик ба 50 аломати роҳ насб карда мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар марҳилаи аввали роҳи мазкур баҳои баланд дода, сохтмончиёнро вазифадор намуданд, ки дар марҳилаи навбатӣ низ корҳоро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонанд, то солиёни зиёд ба аҳолӣ хизмат намояд.  
Қобили тазаккур аст, ки бунёди роҳи марказии шаҳраки Дарбанд ва оғози марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ идомаи тадбирҳои созандагӣ дар ҳудуди ин шаҳраки тозабунёд буда, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дастрасии саривақтӣ ба хизматрасониҳои гуногун, дар ин ҷо дигар корҳои ободонӣ, аз қабили кашидани хатҳои иловагии таъмини оби нӯшоӣ ва корез, барқ, сохтмони ҳавзҳои обгирӣ, бунёди муассисаҳои таълимии миёнаву касбӣ  дар назар аст.

Ифтитоҳи майдончаи футболбозӣ дар ноҳияи Нуробод
24 июн дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи футболбозиро дар масоҳати 800 метри мураббаъ, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони он моҳи майи соли ҷорӣ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи июн ба анҷом расид.
Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 - Соли оммавигардонии футбол дар Тоҷикистон эълон гардида буд ва дар ин замина, то имрӯз дар тамоми қаламрави мамлакат, толору марказҳои муосири варзиш, муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири машқу тамрин, барои солимии ҷомеа, бо шароиту имкониятҳои фарох фароҳам оварда шудааст.
Баъди мавриди истифода қарор додани майдончаи нави футболбозӣ дар ноҳияи  Нуробод, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сохта ба истифода додани  чунин майдончаҳои варзишӣ дар қаламрави мамлакат дар доираи эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзишмандест барои ҷавонони худогоҳ ва насли ояндаи тоҷик.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки футбол дар Тоҷикистон оянда метавонад муаррифгари кишвар дар арсаи олам гардад, зеро барои рушди он дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод
24 июн дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти самимӣ доир карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи гарму самимии мардуми ноҳия, ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро бо фарорасии Ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Нуробод аҳамияти хосса зоҳир намуда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва обод гардондани  он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб 1,1 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар се соли охир 225 миллион сомонӣ равона кардааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ноҳия ба маблағи умумии  509 миллион сомонӣ 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, ҳоло татбиқи се лоиҳаи дигар идома дорад. Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда биноҳои 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Яхч, Сабзиқадам ва Ҳасандара сохта, бо ашёву таҷҳизоти мактабӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Нуробод аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 60 бинои асосӣ ва биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ барои қариб 15 ҳазор ҷойи нишаст азнавсозӣ гардида, айни ҳол сохтмон ва азнавсозии 8 бинои нави таълимӣ барои 2000 ҷойи нишаст идома дорад. Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018 - 2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он татбиқи 202 лоиҳа бо арзиши умумии 182 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Нуробод бунёди 248 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 93 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Нуробод дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз рӯзгори орому осуда барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд нафар сокини ноҳияи Нуробод баромад карда, бо шукргузорӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Ватан ва зодгоҳи худ иброз доштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2019    №: 119 - 120    Мутолиа карданд: 169

22.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 интихоб шуд

ММД Тоҷикистон 7,4 дарсад боло рафт

Путин бо шоҳзодаи саудӣ ҳамла ба иншооти нафтиро баррасӣ намуд

Сӯхтор дар Малайзия боиси бастани яку ним ҳазор мактаб гашт

Дар Ӯзбекистон сабти телефонҳои мобилӣ пулакӣ мешавад

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед