logo

иҷтимоиёт

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ - ФАРЗАНДИ САРСУПУРДАИ МИЛЛАТ

Нусратулло Махсум яке аз нахустин поягузорони сохтори давлатдории миллии тоҷикон дар солҳои  20 - уми қарни ХХ аст, ки бо саъю талоши фидокорона орзуи деринтизори миллати тоҷикро дар ростои эҳёи давлати миллӣ бароварда кард. Ин  марди  бузург аз соли 1924 то соли 1933 нахустин сарвари Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС буд.

Нусратулло Махсум 1 июли соли 1881 дар яке аз гӯшаҳои дурдасти аморати Бухоро, ки деҳаи Чашмаи Қозӣ ном дошту дар қаламрави  бекигарии Қаротегин (ноҳияи Рашти кунунӣ) ҷойгир буд, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Камбизоатӣ ва шароити мушкили оилавӣ Нусратуллои ҷавонро маҷбур кард, ки барои таъминоти рӯзгор ба шаҳри Қӯқанди водии Фарғона сафар карда, дар яке аз корхонаҳои пахта ҳаммолӣ (боркашӣ) кунад.
Нусратулло Махсум дар оғози солҳои 20 - уми қарни ХХ ҳамчун  инқилобчии фаъол аввалин гомҳои устувори хешро ба арсаи сиёсӣ ниҳода, баҳри барпо намудани сохтори навини давлатдории шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ даст ба кор шуд. Вай солҳои 1921 - 1923 ба ҳайси намояндаи Кумитаи таъминоти озуқаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро оид ба таъмини қисмҳои Армияи сурх дар Ғарм, сипас дар Душанбе ба ҳайси раиси Кумитаи фавқулодаи Бухорои Шарқӣ  ифои вазифа кардааст. Соли 1924 баъд аз таъсис ёфтани  Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистони ИҶШС ҳамчун раиси Кумитаи инқилобии ин воҳиди маъмурӣ - сиёсии тозатаъсис  интихоб гардид. Дар он замон ин вазифа баландтарин мақоми давлатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд.
Аз аввалин рӯзҳои таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ҳатто қабл аз он низ яке аз муҳимтарин ҳадафҳои кору рӯзгори Нусратулло Махсум он буд, ки кишвари тоҷиконро ба мақоми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ расонад. Дар он замон бо назардошти шароити мавҷудаи таърихӣ то ин ҷойгоҳ расондани Тоҷикистон ҳадди аксари имконоти миллии тоҷикон маҳсуб мешуд. Барои расидан ба ин ҳадафи сиёсӣ  Нусратуллои оянданигар дар ҳамоҳангӣ бо дигар нухбагони миллати мо ва ба вижа Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Файзулло Хоҷаев, Сайфулло Абдуллоев, Иброҳим Исмоилов, Саидаҳмад Анваров, Аҳмадбек Мавлонбеков ва дигарон заминаи табдили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ Тоҷикистон гузоштанд. Маҳз ҳамин хидмати мондагори Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони меҳанпарасти онҳо буд, ки баъди тақрибан 70 сол бо фароҳам омадани шароити мусоиди таърихӣ миллати тоҷик ба истиқлоли комили сиёсӣ муваффақ шуд ва Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти сиёсии комилҳуқуқи байналмилалӣ таъсис ёфт.
Дар аввалин солҳои таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон вазъияти сиёсиву иқтисодии Осиёи Миёна ва алалхусус қаламрави собиқи Бухорои Шарқӣ хеле печида ва мураккаб буд. Қудратҳои минтақа ва ҷаҳон дар он замон бо истифода аз низоъҳо ва мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ин қаламрав неруҳои муайяни маҳаллӣ ва минтақавиро ҳамчун абзори ташаннуҷ ва нифоқангезӣ алайҳи сохторҳои тозатаъсиси давлатии ҷумҳуриҳои миллии Осиёи Миёна барангехта, аҳдофи манфиатҷӯёна ва тавсеаталабонаи худро дунбол мекарданд.
Яке аз ин гуна падидаҳо, ки мутаассифона, характери бисёр иртиҷоиву вопасгароёна дошт, ҳаракати босмачигарӣ буд. Ин ҳаракати сиёсӣ - низомӣ аслан се ҷиноҳ дошт. Бахше аз босмачиён, ки онҳоро қадимиён мегуфтанд, дар андешаи барқарории давлатҳои пешина, аз ҷумла Аморати Бухорою хонигариҳои Хева ва Қӯқанд буданд. Бахши дигар ҷадидон мегуфтанд, ки дар заминаи Губернияи Туркистони Россияи подшоҳӣ давлати Туркистонро ташкил кардан мехостанд. Иддае дигар таҳти ҳимояти давлати Туркия ва ҳидояти фиристодагони онҳо, ки маъруфтаринашон Анварпошшо буд, амбитсияҳои ташкили хилофати исломии усмониро дар дил мепарвариданд. Чунонки мебинем, ҳар се ҷиноҳи ин ҳаракати  сиёсӣ - низомӣ аз бунёд бо манофеи миллати мо дар мухолифат қарор дошт. Ин буд, ки фарзандони огоҳи миллати тоҷик ва ба вижа Нусратулло Махсум ба ҳайси роҳбари ҷумҳурии тозатаъсиси миллии тоҷикӣ  дар он лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз ба таври ҷиддӣ ва бисёр қотеона алайҳи босмачигарӣ бархоста, барои хунсо кардани ин неруи вопасгаро муборизаи оштинопазир бурданд.  
Нусратулло Махсум дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар навоҳии Ғарм ва атрофи Душанбе мустақиман иштирок карда, барои аз миён бурдани ин ҷараёни иртиҷоӣ саҳми босазо гузоштааст.
Дар соли 1929 бо ибтикор ва талошҳои фидокоронаву  ҷуръатмандонаи Нусратулло Махсум ва дигар ватандӯстони тоҷик Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон буд, ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт. Ин воқеаи таърихӣ дар ҳақиқат гардиши куллӣ ва бунёдиеро дар сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд оварда, заминаи устувори ба даст омадани истиқлолияти сиёсии давлати тоҷиконро дар оянда гузошт.
Ин фарзанди барӯманди халқ бо назардошти хидматҳои шоистае, ки дар ростои рушди Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ташаккули ниҳодҳои маъмуриву иҷтимоии он анҷом дода буд, ба ҳайси раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон пешбарӣ ва интихоб гардид. Дар давраи сарварии Нусратулло Махсум ҷумҳурӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. Таҳти роҳбарии  ӯ асосҳои  сохтори нави давлатдорӣ бунёд шуд. Мардуми кишвар ба корҳои муҳими созандагӣ шурӯъ карданд.
Бунёди як қатор иншооти аҳамияти стратегидоштае, ки дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе сурат гирифт, мустақиман ба ташаббусу маҳорат ва санъати роҳбариву сиёсати давлатдории ӯ вобаста буд. Сохтмони фурудгоҳ, роҳи оҳан, муассисаҳои таълимиву тиббӣ, фарҳангӣ, бунёди аввалин хатҳои интиқоли об ва ғайра аз қабили чунин корҳои созандае буданд, ки асосу мабнои соҳаҳои  иқтисодиёту кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳангро дар ҷомеаи он рӯзи тоҷик  ба вуҷуд оварданд.
Ӯ марде буд миллатдӯсту ватанпарвар, ки дар ҷодаи ташаккули тафаккури миллӣ худро муваззаф медонист ва дар ин росто худ намунаи ибрати дигарон буду бидуни ҳарос аз душманони миллати тоҷик ҷуръатмандона мубориза мебурд.  Маҳз дар иртибот ба ин шеваи кораш  буд, ки бадхоҳони миллат борони туҳматро ба сараш фурӯ рехтанд ва муғризона бо асноду далелҳои дурӯғин ӯро ба гирдоби бало афканданд. Дар иртибот ба ин бадхоҳиҳову иттиҳомот буд, ки Нусратулло Махсум 1 ноябри соли 1937 дар шаҳри Москва ба қатл расонда шуд. Аммо чандон дер напоид, ки парда аз рӯи дасисаҳои бадхоҳон фурӯ биафтад ва буҳтонҳои онҳо ошкор шавад.
Пас аз гузашти 20 сол 28 декабри соли 1957 Раёсати ҳарбии Суди Олӣ қарори Прокурори генералии ИҶШС - ро баррасӣ карда, ҳукми қаблиро нисбат ба Нусратулло бекор кард. Бо қарори раёсати КМ ҲК Тоҷикистон аз 26 июни 1964 Нусратулло Махсум аз ҷиҳати  ҳизбӣ  сафед  шуд.
Нусратулло Махсум аз зумраи абармардони миллати мост, ки аз ӯ номи нек ба ёдгор мондааст ва ин ҳақиқати таърихӣ буд, ки 27 июни соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Номи неки ин родмарди Ватан ҳамеша  вирди забони мардуми мо буд ва абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Сироҷиддини ЭМОМАЛӢ, декани факултети филологияи тоҷики ДМТ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2019    №: 119 - 120    Мутолиа карданд: 264

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед