logo

маориф

ДДЗТ. ИҚДОМҲОИ НАВ БА САМТИ РУШДИ УСТУВОР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими низоми маориф ва дар ин замина омода намудани насли ояндасози кишварро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, онро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ намудаанд. Аз ин рӯ, ҷавҳари сиёсати  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи маориф масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ кардани меъёрҳои байналмилалӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир ва ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат ташкил медиҳанд.
Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода»  фаъолияти худро баҳри татбиқи  ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф равона карда, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон дар самтҳои забоншиносӣ, тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмҳои забонишиносиву тарҷумашиносии ватанӣ саҳми арзанда мегузорад.
Донишкада бо қарори Шӯрои Вазирони СССР таҳти № 490 аз 29 майи соли 1979 ба ҳайси Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ташкил шуда, бори аввал соли 1980 донишҷӯёнро барои таҳсил қабул намуд. Бо қарори Шӯрои Вазирони собиқ Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти № 36, аз 8 феврали соли 1988 донишкада номи А.С. Пушкинро гирифт. Сипас, бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №297 аз 6 августи соли 1992 он ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 таҳти №262 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» номгузорӣ гардид.
Донишкада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки махсус барои тарбияи мутахассисон дар самтҳои забоншиносӣ, тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ таъсис дода шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо бархӯрдорӣ аз таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз муассисаҳои асосии таълимии кишвар дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ табдил ёфт. Яъне, даврони соҳибистиқлолиро метавон марҳилаи сифатан нави рушди донишкада арзёбӣ намуд.Дар ин давра пояҳои моддиву техникии он хеле таҳкиму тақвият ёфтанд. Ислоҳот дар низоми таълими донишкада маҳз дар ҳамин марҳила оғоз шуда, дар сохтори он факултаву кафедраҳо, шуъбаву бахшҳои нав таъсис ёфтанд.
Ин муассисаи таълимӣ дар тӯли фаъолияти 40 - солаи худ барои амалисозии рисолат, расидан ба мақсадҳои оинномавии хеш айни замон аз  рӯи 31 барномаи зинаи бакалавриат, 5 барномаи зинаи магистратура ва 5 барномаи зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) мутахассисонро омода менамояд, ки дар қиёс ба соли таҳсили 2014-2015 нуздаҳ ихтисос зиёд аст.
Тайи се соли охир (2016-2018) қабули довталабон ба донишкада тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100% ба иҷро расид, ки ин аз талаботи рӯзафзун нисбат ба ихтисосҳои донишкада дар бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30 апрели соли 2019 дар раванди бақайдгирӣ барои соли таҳсили 2019-2020 беш аз 20 903 нафар довталабон ихтисосҳои Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро ҳамчун касби ояндаи худ интихоб намудаанд.
Имрӯз хатмкардагони донишкада забоншиносон, тарҷумонҳо ва омӯзгорон – донандагони 11 забони халқҳои гуногуни олам дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва корхонаву ташкилотҳои гуногуни кишвар фаъолияти босамар дошта, дар рушди маориф, фарҳанг ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ нақши назаррас  доранд.
Ҳадафи стратегии фаъолияти муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» ин фароҳам овардани муҳити созгори илмӣ-инноватсионӣ буда, ба ин васила раванди таълим бо пажӯҳишҳои илмӣ ҳамоҳанг гардида, тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ пешсафии муассиса дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҳамчун маркази асосии омодасозии забоншиносон, тарҷумонҳо ва омӯзгорон таъмин мегардад.
Раванди расидан ба ин мақсади наҷиб ба души коллективи аҳлу тифоқ ва муташаккили донишкада вогузор шудааст. Ба ҳолати аввали моҳи июни соли 2019 дар донишкада 336 нафар корманд, аз ҷумла: маъмурият 12/2 нафар зан, ҳайати хурди техникӣ, ёрирасон ва кормандони қисми хоҷагидорӣ 135/73 нафар зан, ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ 158/94 нафар зан ва ҳамкорони берунӣ 31/13 нафар зан фаъолият менамоянд, ки дар маҷмӯъ 54 % ҳайати кормандони муассисаро занон ташкил медиҳанд.
Имрӯз дар донишкада 88 нафар омӯзгори дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамояд, аз ҷумла 2 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон, 15 нафар доктори илм, профессор (8 нафар ҳамкор), 71 нафар номзади илм, дотсент (10 нафар ҳамкор) фаъолият доранд, ки дар қиёс ба соли 2015 дар маҷмӯъ 9 нафар доктори илм ва 31 нафар номзади илм зиёд мебошад.
Дар донишкада 4 факултет: филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои романӣ-германӣ, забонҳои Шарқ ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ бо шумули 10 кафедра: назария ва амалияи забоншиносӣ, назария ва таърихи адабиёт, филологияи Шарқ, филологияи англис, типологияи муқоисавӣ ва назарияи тарҷума, фалсафа ва сиёсатшиносӣ, информатика ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, педагогика, психология ва методикаи таълим, таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ мутобиқи нақшаи таълимӣ аз рӯйи 31 барномаи таълимии зинаи бакалавриат бо фарогирии 3 927 нафар донишҷӯ, аз ҷумла:  дар шуъбаи рӯзона 2852 нафар ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1075 нафар таҳсил мекунанд, ки нисбат ба соли 2015 мутаносибан дар шуъбаи рӯзона 1 161 нафар ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 982 нафар донишҷӯ зиёд аст.
Дар радифи ихтисосҳои мавҷуда дар соли нави таҳсил барои ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ омода намудани мутахассисон 4 ихтисоси нав: забон ва адабиёти тоҷик (забони англисӣ); забон ва адабиёти тоҷик (фарҳанги ҷаҳонӣ); забони фаронсавӣ (забони англисӣ) ва забони олмонӣ (забони англисӣ) таъсис дода шуда, довталабон  онҳоро барои соли таҳсили 2019-2020 аллакай интихоб кардаанд.
Бояд зикр намуд, ки дар соли таҳсили 2015-2016 дар донишкада мутахассисон аз рӯйи 22 ихтисос тайёр карда мешуданд. Дар соли таҳсили 2018-2019 мутахассисон дар зинаи бакалавриат аз рӯи 31 барномаи таълимӣ, дар зинаи магистратура аз рӯи 5 барномаи таълимӣ ва дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) тибқи 5 барномаи таълимӣ тайёр карда мешаванд.
Дар тӯли се соли охир зинаи бакалавриат ва мутахассиси донишкадаро 1452 нафар, аз ҷумла 25 нафар бо дипломи аъло ва зинаи магистратураро 121 нафар, аз ҷумла 23 нафар бо дипломи аъло хатм намудаанд. Нишондоди мазкур аз самараи тадбирҳои судманди роҳбарияти донишкада дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот шаҳодат медиҳад.
Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ҷараёни тараққиёти илму техника ва тамоюли пешрафти ҷаҳони муосир роҳбарияти донишкадаро водор сохт, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқсозии раванди таълим ба талаботи муосири таҳсилоти байналмилалӣ ва бозори меҳнат тадбирҳои иловагӣ ва муассир андешад.
Имрӯзҳо дар сохторҳои донишкада раванди навсозӣ бо суръату  сифати нав идома дорад.
Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, бояд коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд ва соҳибмаърифат бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд, забонҳои хориҷиро мисли забони модарӣ аз бар созанд ва ҳамқадами замон пеш раванд».
Вобаста ба ин, раёсати донишкада дар татбиқи мунтазам ва самараноки сиёсати забонии давлат бо истифода аз тарзу усулҳои муосири таълим ба омӯзиши забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

ТАЪЛИМ ВА ТАЪЛИМӢ - МЕТОДӢ
Ҳадафи асосӣ дар самти таълим ва таълимӣ-методӣ,  қабл аз ҳама, татбиқи вазифаҳои стратегии сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон, иҷрои босифати нишондоди стандарти давлатии таълимӣ ва «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» мебошад.
Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои таълимӣ аз рӯйи 31 барномаи таълимии зинаи бакалавриат таҷдиди назар гардида, тасдиқ карда шуданд. Ҳамзамон, аз рӯйи ихтисосҳои мазкур Стандарти давлатии тахассусӣ таҳия гардида, барои мувофиқа ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Инчунин, беш аз 900 номгӯйи барномаҳои таълимии фаннии типи нав таҳия гардида, барои омӯзишу баррасӣ ба Шӯрои миллии таҳсилоти назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Дастоварди дигари донишкада дар давоми солҳои 2016-2019 ин гузаштан ба низоми таҳсилоти фосилавӣ мебошад.Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Имрӯзҳо вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад. Дар шароити имрӯза раванди таълиму тадрисро бе истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст».
Бо мақсади татбиқи амалии ин дастури Пешвои миллат раёсати донишкада дар заминаи 5 барномаи таълимии зинаи бакалавриат шуъбаи таҳсилоти фосилавиро таъсис додааст, ки айни ҳол дар  курси 1 ва 2-юми низоми мазкур 503 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бобати иҷрои нишондоди «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, №643) бо ибтикори раёсати донишкада аз оғози соли таҳсили 2016-2017 дар донишкада Барномаи автоматикунонии раванди таълим «alfa-express» ва «My test», инчунин, дар  шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ барномаи таълимии «Moodle» ҷорӣ гардиданд. Усули баҳодиҳӣ тавассути барномаи «My test» эътибори байналмилалӣ дошта, натиҷагирии раванди таълимро дар Маркази ягонаи тестӣ мутамарказ гардонда, боиси шаффофият ва паст гардидани таъсири омилҳои инсонӣ ба ҷараёни натиҷагирӣ аз имтиҳонот мегардад.
Баҳри дастрасии озодона ва саривақтии донишҷӯён ба таҳсил шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ нишонии худро дар шакли fosilavi.ddzt.tj дар интернет таъсис додааст. Тавассути он дастёбӣ ба маводи зарурии илмӣ, таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва таъмини сифати таҳсилот дар реҷаи «Online» кафолат дода мешавад. Назорати раванди таҳсилоти фосилавӣ дар донишкада тавассути барномаи таълимии «Moodle» ба роҳ монда шуда, супоридани санҷишҳои фосилавӣ, ҳаракати варақаҳои имтиҳонӣ, дастрасӣ ба маводи таълимӣ, аз ҷумла бонки лексияи фанҳои таълимӣ роҳандозӣ шудааст.
Натиҷагирии фаъолияти донишҷӯён тариқи журналҳои электронӣ мебошад.
Баҳри татбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ аз моҳи майи соли 2019 мубодилаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳо дар байни сохторҳои донишкада тавассути почтаи дохилии «lan messenger» ба роҳ монда шудааст, ки он вақт ва неруи кормандонро сарфа намуда, раванди дастёбӣ ба маълумоти заруриро дар реҷаи «Online»  таъмин менамояд.
Барои ташаккули маҳорату малакаи кор бо барномаҳои мавҷудаи автоматикунонидашуда барои омӯзгорон ва кормандони донишкада курси омӯзиши «Истифодаи технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ дар раванди таълим» ташкил карда шудааст.
Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ гардондани раванди  таълим ва баланд бардошти сифати забономӯзии донишҷӯён дар тӯли се соли охир баҳри таҳкими пояҳои моддиву техникии донишкада тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати татбиқи имконоти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим донишкада бо 52 синфхонаи мултимедӣ, 7 синфхонаи компютерӣ, 2 синфхонаи лингофонӣ, 1 китобхонаи электронӣ, 322 адад компютер, 86 адад принтер, 55 проектор, 11 тахтаи электронӣ, 46 экран, 5 адад ноутбук, 13 телевизор таъмин  гардидааст.
Фонди умумии китобхонаи донишкада зиёда аз 91 739 нусха, аз ҷумла 3580 нусха адабиёти илмӣ, 54073 нусха китобҳои таълимӣ, 3921 нусха маводи таълимӣ-методӣ ва 33358 нусха адабиёти бадеӣ ва фонди умумии китобхонаи электронии донишкада бошад, беш аз 22 392 номгӯй, аз ҷумла 13 680 номгӯйи адабиёти таълимӣ ва 8712 номгӯйи китоби бадеиро фаро гирифтааст. Дар давоми солҳои 2016-2019 барои такмили фонди китобхона 990 нусха адабиёти тозанашр харида шудааст.

ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
Донишкада дар баробари муассисаи бузурги таълимӣ будан, инчунин, маркази бонуфузи илмии кишвар ба шумор меравад. Саҳми олимони донишкада дар татбиқи нишондоди барномаву стратегияҳои давлатии соҳаи илм, технология ва инноватсия назаррас мебошад.
Фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ дар донишкада дар доираи амалисозии вазифаҳои «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» (30.04.2011, №227) ва «Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» (4.12.2014, № 765), ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, дар донишкада  пажӯҳишҳо аз рӯи 5 мавзӯи илмии фармоишие, ки аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд, инчунин, 11 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо раҳандозӣ шудаанд.
Панҷ мавзӯи зерини илмии фармоишии донишкада хусусияти бунёдиву инноватсионӣ дошта, таҳқиқи онҳо то соли 2020 идома меёбад: «Ҷанбаҳои минтақавӣ ва забоншиносӣ - фарҳангии таълими забон»,  «Технологияи инноватсионӣ ва компютерӣ дар тадриси забонҳо»,  «Равишҳои муосири тадриси фанҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар»,  «Омодагии педагогию психологии волидайн дар тарбияи кӯдакони синфҳои ибтидоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Гармонизатсияи муносибатҳои байнифарҳангӣ ва байниқавмии донишҷӯён дар шароити муассисаи олии равияи забоншиносӣ».
Мавриди зикри хос аст, ки дар донишкада нахустин бор ду Шӯрои диссертатсионӣ: Шӯрои ҳимояи муштараки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.03 - Адабиёти мамолики хориҷ (адабиёти тоҷик) ва 10.02.22. - Забонҳои халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико ва бумиёни Австралиё, инчунин,  Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D021300  Забоншиносӣ дар заминаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Cолҳои 2016-2019 давраи пурбаракаттарини таърихи донишкада дар самти ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба шумор меравад.
Дар ин давра  24 нафар, аз ҷумла 3 нафар рисолаи докторӣ ва 21 нафар рисолаҳои худро барои дарёфти дараҷаи номзадӣ ва доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ҳимоя кардааст. Роҳбарияти донишкада ҳар кадом унвонҷӯйи рисолаи докториро дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва унвонҷӯёни дараҷаи номзади илмро ба андозаи 3000 сомонӣ ҳавасманд гардонд.
Айни замон 19 нафар унвонҷӯ, аз ҷумла, як нафар барои дарёфти дараҷаи доктори илм ва 18 нафар барои дарёфти дараҷаи номзади илм ва доктор аз рӯи ихтисос (PhD) рисолаҳои илмии худро ба анҷом расонда, ба шӯроҳои диссератсионии КОА (Комиссияи олии аттестатсионии) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барои ҳимоя пешниҳод намуданд.  Дастоварди мазкур дар  қиёс бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, воқеан, назаррас мебошад.
Дар давоми солҳои 2016-2019 аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада 47 монография, 54 китоби дарсӣ, дастури таълимӣ ва таълимӣ-методӣ, 22 маҷмӯаи илмӣ таълиф ва чоп гардидаанд.
Дар ҳамин давра беш аз 730 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методии олимону унвонҷӯёни донишкада дар маҷаллаҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ва КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд.
Дар давраи солҳои 2016-2019 дар донишкада беш аз 61 конференсияи илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявӣ, аз ҷумла 8 конференсияи байналмилалӣ,  73 мизи мудаввар ва 62 семинари илмӣ ва илмӣ-методии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва донишкадавӣ баргузор гардидаанд.
Конференсияҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва ҷалби коршиносони ватанию хориҷӣ, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ташкил ва баргузор гардида, ба муҳимтарин мавзӯъҳои соҳаи забоншиносӣ, тарҷумашиносӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ - «Актуальные вопросы функционирования и преподавания русского языка в Республике Таджикистан» (2016), «Русский язык в странах СНГ: статус, проблемы и перспективы» (2017), «Нақши тарҷума дар шароити кунунии ҷомеа» (2017), «Истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълими забони арабӣ» (2018), «Инновационные методы преподавания русского языка и литературы в вузах Таджикистана» (2018), «Масъалаҳои мубрами забон ва адабиёти Шарқ» (2019) бахшида шуда буданд. Илова бар ин, дар ҳамин давра ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада бо коллективи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Пензаи Федератсияи Россия ду маротиба тавассути онлайн-конференсия оид ба вазъият ва масъалаҳои мубрами таълими забони русӣ дар кишварҳои ИДМ мубодилаи афкор намуданд.
Бо мақсади иҷрои нишондоди Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №427 «Дар бораи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» 27 марти соли 2019, таҳти рақами 004/МҶ-97 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи нави тарҷумонҳои ҷавон таҳти унвони «Машъалафрӯз» сабти ном гардида, шумораи нахустини он бо фарогирии тарҷумаи осори бадеии намояндагони беш аз 11 забони хориҷӣ ба табъ расид. Ҳадафи аслӣ аз таъсиси маҷаллаи мазкур эҳёи мактаби тарҷумонӣ буда, бешак, ҷавонони соҳибзавқро ба ин кори пурифтихор ҷалб хоҳад намуд. Яке аз вижагиҳои асосии “Машъалафрӯз” нашри тарҷумаи осори бадеии адибони оламшумули бурунмарзӣ аз забони асл мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин маҷалла алҳол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ягона маҳсуб меёбад. Донишҷӯёне, ки дар қаламкашӣ тавонманд будан мехоҳанд, навиштаҳои хешро дар бонуфузтарин матбуоти мамлакат диданианд, нигоҳашонро ба муҳити атроф ва ҷодаи илмомӯзӣ тоза карданианд ва дар оянда  ҳамчун тарҷумони дақиқкору фарохназар ба камол расиданианд, аллакай ба ҳайати эҷодии маҷаллаи “Машъалафрӯз” пайвастаанд.
Ҳамзамон, дар радифи татбиқи самарабахши барномаи мазкур ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои омӯзиши дигар забонҳои хориҷӣ дар донишкада 7 маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла марказҳои омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, арабӣ, ҳиндӣ, чинӣ бо фонди умумии 6 340 нусха адабиёти илмӣ, таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва бадеӣ ва 185 ҷойи нишаст ташкил карда шудаанд, ки дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ нақши назаррас мебозанд.
Ба ифтихори таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии таъсисёбии донишкада китоби «Таърихи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» ва «Донишномаи Донишкада» таҳия гардида, дар арафаи чоп қарор доранд.
Дар донишкада ба фаъолияти илмиву эҷодии донишҷӯён таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Айни замон дар назди кафедраҳо 11 маҳфили илмӣ, аз ҷумла маҳфилҳои «Мутарҷим», «Фалсафа ва ҳаёт», «Илми компютер», «Русское слово», «Омӯзгори ҷавон», «Забоншинос», «Сомониён», «Сибавайҳӣ», «Равзана», «Шоми забони англисӣ», «Discussion Club», «Тулӯи сухан» фаъолияти босамар дошта, дар машғулиятҳои онҳо мавзӯъҳои мубрами сиёсӣ, илмию фарҳангӣ, рӯйдодҳои барҷастаи ҳаёти ҷавонон бо ҷалби адибону олимон, коршиносони ватанӣ ва омӯзгорони соҳибзабон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор мегиранд.

ТАРБИЯ ВА ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ
Тарбияи фарзандони бомаърифату солимфикр, хештаншиносу меҳанпараст, ватандӯсту худогоҳи миллат аз муҳимтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии донишкада  ба шумор меравад.
Ҳадаф аз баргузории корҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар донишкада, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон, тарбияи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву хурофотӣ, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии кишвар мебошад.
Дар давоми солҳои 2016 - 2019 қисми тарбияи донишкада тибқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба санаҳои  муҳими таърихию фарҳангии кишвар - Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Модар,  25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ (2017), 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Соли ҷавонон (2017), 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2017), Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2018), 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018), Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), инчунин, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, Парчами давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рӯйдодҳо силсилачорабиниҳои гуногунро доир намуд.
Таъмини иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ - «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пайваста дар мадди назари масъулони қисми тарбияи донишкада қарор дошта, вобаста ба ин силсилаи чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва тарбиявӣ ташкил ва баргузор гардиданд.
Барои таҳсилоти босамар ва истироҳати бофароғати донишҷӯёну омӯзгорон дар хобгоҳи донишкада 636 ҷойи истиқоматӣ бо шароити мусоиди зисту истироҳат фароҳам оварда шуда, дар байни донишҷӯён пайваста озмунҳои «Ошёни муаттар», «Ҳуҷраи беҳтарин» ва «Ҷавондухтари ҳунарманд» гузаронда мешаванд.
Ҳамкориҳои судманди донишкада бо театрҳои пойтахт – Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов, Театри давлатии драмавии русии ба номи   В. Маяковский ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, ҳисси зебоиписандӣ ва васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии донишҷӯён беш аз пеш густариш ёфта, мавзӯи намоишҳои театрӣ дар соатҳои тарбиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Самти дигар ва бағоят муҳиму афзалиятноки фаъолияти донишкада ин тавсеаи робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба шумор рафта, ҳадафи асосӣ дар ин самт ҳамоҳангсозии таҳсилот бо стандартҳои байналмилалӣ, мубодилаи академии омӯзгорону кормандон, ҷустуҷӯйи шаклҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм ва инноватсия аст.
Айни замон донишкада дар маҷмӯъ бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ, аз ҷумла, бо Россия (22)  Қирғизистон (2), Қазоқистон (3), Озарбойҷон (1), Ӯзбекистон (1), Беларус (2), Малайзия (1), Ҷопон (5), Куриёи Ҷанубӣ (4) ва Чин (9) созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст, ки ин нисбат ба соли 2015 бисту се созишнома зиёд мебошад.
 Дар давоми солҳои 2016-2019 бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои омӯзиши самараноки забонҳои хориҷӣ 58 нафар шаҳрванди хориҷӣ омӯзгори соҳибзабон, аз ҷумла, 23 нафар аз Куриёи Ҷанубӣ, 20 нафар аз Хитой, 1 нафар аз Мисри Араб, 11 нафар аз Ҷопон ва мутаносибан 1 нафарӣ аз Ирландия, ИМА ва Бразилия ба раванди таҳсил ҷалб гардиданд. Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ 11 нафар омӯзгори хориҷӣ фаъолият доранд.
Дар раванди омӯзиши забони англисӣ дар донишкада усулҳои муосири таълим, ки дар ИМА ва Англия татбиқ гаштаанд, аз ҷониби омӯзгорони соҳибзабон - шаҳрванди ИМА Сюзан Лейман ва шаҳрванди Ирландия Кэтрин Картэ ба таври самаранок истифода бурда мешаванд.
Тӯли солҳои 2016-2019 ҷиҳати иштирок дар конференсияву симпозиумҳо, идомаи таҳсил, такмили ихтисос ва ба сифати муқарризи расмӣ, дар маҷмӯъ 37 нафар омӯзгор ва корманди донишкада, аз ҷумла, ба Мисри Араб 3 нафар, Ҷопон 4 нафар, Ҳиндустон 4 нафар, Швейтсария 1 нафар, Гурҷистон 1 нафар, Чин 6 нафар, Қазоқистон 5 нафар, Қирғизистон 5 нафар, Ӯзбекистон 1 нафар, Олмон 3 нафар, Россия 4 нафар ва Куриёи Ҷанубӣ 2 нафар сафари хизматӣ анҷом додаанд, ки нишондоди мазкур нисбат ба соли 2015 тақрибан 2 маротиба афзудааст.
Айни замон дар хориҷи кишвар барои таҳсил дар зинаи магистратура, аспирантура ва доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) 6 нафар, аз ҷумла, ба Ҷопон 2 нафар, Ҳиндустон 1 нафар ва  Федератсияи Россия  3 нафар сафарбар гардидаанд.
Имрӯз дар донишкада, дар маҷмӯъ 381 нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла, аз Қазоқистон 2 нафар, Туркманистон 150 нафар, Қирғизистон 3 нафар, Ӯзбекистон 189 нафар, Афғонистон 3 нафар, Чин 28, Ҷопон 1 нафар, Бразилия 1 нафар, Мисри Араб 2 нафар ва Куриёи Ҷанубӣ 1 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Илова бар ин, дар давоми солҳои 2016-2019 дар маҷмӯъ 12 нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла  4 нафар аз ИМА, 1 нафар аз Куриёи Ҷанубӣ, 1 нафар аз Туркманистон, 2 нафар аз Мексика, 1 нафар аз Афғонистон, 2 нафар аз Туркия курсҳои тайёрии донишкадаро хатм намуда, айни замон 4 нафар ба ҳайси шунаванда таҳсил доранд.
Яке аз дастовардҳои муҳими донишкада дар давоми солҳои 2016-2019 дар доираи табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон ин идомаи таҳсили донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ дар хориҷи кишвар ва иштироки онҳо дар озмунҳои илмию фарҳангии байналмилалӣ мебошад. Дар ин давра, дар маҷмӯъ  176 нафар донишҷӯи донишкада, аз ҷумла, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Хитой 83 нафар, Ҷопон 27 нафар, Куриёи Ҷанубӣ 17 нафар, Россия 14 нафар, Ҳиндустон 7 нафар, Қатар 1 нафар, Индонезия 9 нафар, Олмон 8 нафар, Қазоқистон 5 нафар, Эрон 3 нафар, Қирғизистон 4 нафар ва Ӯзбекистон 2 нафар,  сафарбар карда шуда, айни замон раванди таҳсили 31 нафари онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ идома дорад.
Дар ин давра 34 озмун, фестивал ва барномаҳои фарҳангии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз қабили «Наттоқони забони чинӣ», «Ҷамъбасти ҳафтаи забони арабӣ» (3 маротиба),  «Забони шаҳр», «Рӯзи фарҳангии Ҷопон», «Наттоқони забони ҷопонӣ» (4 маротиба), «Наттоқони забони куриёӣ» (2 маротиба), «Донандагони забони куриёӣ», «Беҳтарин овозхони сурудҳои чинӣ»,  «Рӯзи миллии Куриё», «Пули забони чинӣ», «Иншои беҳтарин бо забони куриёӣ»,  «Рӯзи забони ҳиндӣ», «Дуруд ба Фаронса!», «Имтиҳони давлатии зинаи забони ҷопонӣ» (3 маротиба), «Рӯзи бузургдошти байналмилалии забони арабӣ», «Суруд бо забони куриёӣ», «Хушнависон бо забони чинӣ», «Топики забони куриёӣ», «Иншои беҳтарин ва тасвири шеър бо расм бо забони куриёӣ», «Забони ҷопонӣ ва ояндаи ман» ва «Орзуятро амалӣ гардон» баргузор гардиданд.
Дар давраи дуюми озмунҳои «Наттоқони забони ҷопонӣ», «Наттоқони забони куриёӣ» ва «Наттоқони забони чинӣ», ки дар кишварҳои гуногун доир гардиданд, донишҷӯёни мо - Султонзода Мафтуна, Расулова Малика (Қирғизистон) Абдуллоева Сабоҳат (Тоҷикистон), Нурова Гулизор (Россия), Мадибоев Нозимҷон (Ҷопон), Исмоилов Хушбахт (Россия), Шарифова Шабнам (Чин) ва Эргашов Ислом (Қазоқистон)  ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Дар давоми солҳои 2016-2019 дар донишкада бо иштироки сафирони мамолики хориҷӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе 35 чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардиданд: бо иштироки сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон 3 маротиба, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 4 маротиба, сафири давлати  Қатар 4 маротиба, сафири Ҷопон 4 маротиба, сафири Куриёи Ҷанубӣ 5 маротиба, сафири Чин 3 маротиба, сафири Фаронса 2 маротиба, сафири Олмон 1 маротиба, намояндаи сафорати Украина дар Тоҷикистон 1 маротиба, сардори раёсати континенталии Вазорати умури Аврупо 1 маротиба, намояндаи Вазорати маорифи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 1 маротиба, намояндаи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Куриёи Ҷанубӣ 6 маротиба дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ доир гардиданд.

 ИҚТИСОДИЁТ ВА ИҶТИМОИЁТ
Ҳадафи асосӣ дар самти иқтисодиёту иҷтимоиёт ин фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои таҳсил ва истироҳату фароғати ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёни донишкада, бунёди пояи мустаҳками моддӣ-техникӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошад.
Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2017 музди маоши вазифавии ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкада ба андозаи то 20 дарсад зиёд гардида, маоши вазифавии профессор-доктори илм 3502 сомонӣ, дотсент - номзади илм 2411 сомонӣ, муаллими калон 1090 сомонӣ ва ассистент 892 сомонӣ муқаррар карда шуданд.
Дар давоми солҳои 2016 - 2019 ҷиҳати таҳкими заминаи моддӣ-техникии донишкада 105 адад компютер, 25 принтер, 5 тахтаи электронӣ, 1 ноутбук, 43 проектор, 13 кондитсионер, 2 телевизор, 40 экран, 20 тахтаи синфӣ, 358 адад миз, 314 адад курсӣ, 90 ҷевон харидорӣ шуда, фонди китобхонаи анъанавии донишкада бо 990 нусха адабиёти тозанашр мукаммал гардидааст.
Дар давоми соли таҳсили 2016-2017, дар маҷмӯъ, 25 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони чинӣ ва ҳиндӣ дар масоҳати 1196 м2, даромадгоҳи факултети филологияи тоҷик дар масоҳати 60 м2, 10 адад ҳуҷраҳои корӣ дар масоҳати 264 м2, роҳравҳои факултети забонҳои романию германӣ ва филологияи рус дар масоҳати 650 м2 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, 5 зинапояи ошёнаи факултетҳо бо плиткаҳои керамикӣ ва 200 м. панҷараҳои тарҳи замонавӣ насб гардида, толорҳои фарҳангу варзиши донишкада дар масоҳати 325 м2 аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Пештоқи 4 бинои таълимӣ дар масоҳати 250м2 бо тарҳи замонавӣ ороиш дода шуд.
Системаи обтаъминкунии хобгоҳ пурра барқарор ва 48 адад ҳуҷраи ошёнаи дуюми он аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо мебел ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардиданд.
Дар бинои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён 67 адад камераҳои мушоҳидавӣ ва 5 адад турникет насб карда шуданд.
Саҳни бинои таълимии донишкада дар масоҳати 1800 м2, назди бинои таълимии факултети забонҳои Шарқ дар масоҳати 120 м2 бо сафолакҳои бетонӣ рӯйпӯш карда шуда, тамоми тирезаҳои куҳна ва фарсудаи бинои таълимӣ бо тирезаҳои пластикӣ дар масоҳати 900 м2 иваз карда шуданд.
Шабакаи гармидиҳии бинои таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст гардид.
Дар 4 бинои таълимии донишкада тамоми ҳуҷраҳои ёрирасон, шабакаи обтаъминкунӣ, барқтаъминкунии хобгоҳ пурра таъмир ва ноқилҳо иваз гардида, намои бинои таълимӣ масоҳати 4500 м2 бо тарҳи замонавӣ таъмир карда шуд.
Баҳри кабудизоркунии атрофи бинои таълимӣ ва хобгоҳ шабакаи обёрӣ насб гардид.

ДУРНАМОИ РУШД
Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти таълимӣ ва илмии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну унвонҷӯён бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баистифодадиҳии бинои иловагии таълимии панҷошёнаи донишкада бо назардошти унсурҳои замонавӣ ва миллии меъморӣ дар масоҳати умумии 10 6360 м2 барои 1380 нафар донишҷӯ ба нақша гирифта шудааст, ки он дорои қариб 50 синфхонаи ҳозиразамони таълимӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ ва ёрирасон буда, дар он тамоми шароитҳои зарурӣ барои таҳсил ва истироҳат, аз ҷумла таъминот бо технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ба инобат гирифта шудаанд. Дар таҳхонаи он ҳуҷраҳои маъмурӣ ва ёрирасон, инчунин, таваққуфгоҳ барои нақлиёт, анбор, бойгонӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Бо мақсади таъмини дурнамои рушди ин муассисаи таълимӣ лоиҳаи «Барномаи рушди ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода барои солҳои 2020-2024» ба маблағи беш аз 15 млн. сомонӣ таҳия ва барои баррасиву мувофиқа ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардидааст, ки ҳадафи асосӣ ва стратегии он ташаккул ва рушди инфрасохтори замонавӣ барои таъмини фаъолияти самарабахши инноватсионии донишкада ва дар ин замина дар низоми таҳсилот ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир ва ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат мебошад.
Ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ба хотири таҳкими пояи моддӣ - техникӣ ва бунёди инфрасохтори замонавии таҳсилот яке  ҳадафҳои асосии раёсати донишкада маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, бо дастури роҳбарият бахши грантҳои  донишкада дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, ду лоиҳаро таҳия ва барои баррасиву сармоягузорӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Лоиҳаҳои  мазкур - «Ҷоринамоии воситаҳои инноватсионии омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва азнавсозии раванди омодасозии тарҷумонҳо» барои солҳои 2019-2020 ва  дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия лоиҳаи «Забони англисӣ барои ояндаи дурахшон» барои солҳои 2019-2020 иқдоми назаррас дар татбиқи нишондоди «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» ба шумор рафта, дар мавриди дастгирӣ ёфтани онҳо сифати таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ) мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ таъмин хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар  давоми солҳои 2016-2019  3 лоиҳаи грантӣ барои дастрас намудани маводи таълимиву методӣ ва таҳкими пояи моддӣ - техникии раванди таълим аз ҷониби Фонди Ҷопон дастгирӣ ёфтанд.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, татбиқи амалии нишондоди «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» ва сазовор гардидан ба мақоми шоиста дар байни муассисаҳои олии касбии ҷаҳон моҳи январи соли ҷорӣ раёсати донишкада 3 барномаи таълимии ихтисосҳои 1-210601-02- Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони англисӣ), 1-210601-02- Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони  чинӣ), 1-210601-02- Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони русӣ)-ро барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ пешниҳод намуд.
Раёсати донишкада бо мақсади иҷрои нишондоди банди 1-уми маҷмӯи тадбирҳои амалигардонии «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015 - 2020» (3.07.2014, № 427) мутобиқи се самти асосии фаъолияти донишкада - забоншиносӣ, тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ пешниҳодоти хешро оид ба сохтори нави донишкада таҳия намуда, барои баррасӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.
Тибқи пешниҳодоти мазкур, ки аз муҳтавои «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015 - 2020» бармеоянд, донишкада ба донишгоҳ табдил ёфта, тағйири ном мекунад ва дар сохтори он дар заминаи факултетҳои амалкунанда панҷ факултети нав -  филологияи тоҷик, филологияи рус, филологияи англис, факултети тарҷумонӣ, лингвистика ва муносибатҳои байнифарҳангӣ, инчунин, дар заминаи 10 кафедраи қаблӣ 15 кафедра бо равияҳои нав таъсис меёбанд. Ҳамзамон, дар сохтори донишгоҳ таъсиси сохторҳои нав –- донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, гимназия ва коллеҷ низ пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва рисолати донишкада коллективи меҳнатиро водор менамояд, ки баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, нишондоди нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, рейтинги донишкада дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, вусъати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ободониву созандагӣ ва таҳким бахшидани пояи моддию техникии донишкада тадбирҳои иловагӣ ва судманд андешанд.

НАВГОНИҲОИ ДОНИШКАДА ДАР ДАВОМИ СОЛҲОИ 2016 - 2019
1. Лоиҳаи нави мавзӯи илмии фармоишӣ таҳти унвони «Гармонизатсияи муносибатҳои байнифарҳангӣ ва байниқавмии донишҷӯён дар шароити муассисаи олии касбии равияи забоншиносӣ» барои солҳои 2018-2020 аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, барои маблағгузорӣ пешниҳод гардид.
2. Дар донишкада нахустин бор ду шӯрои диссертатсионӣ: Шӯрои ҳимояи муштараки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз рӯи ихтисосҳои 10.01.03 - Адабиёти мамолики хориҷ (адабиёти тоҷик) ва 10.02.22. - Забонҳои халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико ва бумиёни Австралиё, инчунин,  Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос доир ба ихтисоси 6D021300 Забоншиносӣ дар заминаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба фаъолият шурӯъ намуданд.
3. Дар қиёс ба соли 2015 дар донишкада шумораи доктори илм  9 нафар ва номзади илм 31 нафар афзудааст.
4. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифат ва ба талаботи имрӯза мутобиқ гардондани самти фаъолияти сохторҳои донишкада дар тӯли се соли охир беш аз 100 номгӯи низомномаву дастурамалҳои вазифавии кормандон таҳия ва тасдиқ гардида, дар шакли маҷмӯаи алоҳида ба табъ расидаанд.
4. Ҷиҳати таъмини дурнамои рушди донишкада лоиҳаи «Барномаи рушди ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода барои солҳои 2020-2024» ба маблағи беш аз 15 млн. сомонӣ таҳия ва барои баррасиву мувофиқа ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардид.
5. Баҳри татбиқи нишондоди «Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, №643) бо ибтикори роҳбарияти донишкада аз оғози соли таҳсили 2016-2017 дар донишкада барномаҳои автоматикунонии раванди таълим «alfa-express» ва «My test», инчунин, дар  шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ барномаи таълимии «Moodle» ҷорӣ гардиданд.
6. Аз соли 2019 инҷониб иттилооти сомонаи Донишкада www. ddzt.tj дар интернет дар баробари забони давлатӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ интишор меёбад.
7. Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ сомонаи худро бо нишонии fosilavi.ddzt.tj дар интернет ҷойгир намуд.
8. Дар давоми солҳои 2016-2019 дар донишкада 19 ихтисоси нав ҷорӣ карда шуд: агар дар соли таҳсили 2015-2016 дар донишкада 22 ихтисос амал намояд, айни замон вобаста ба талаботи бозори меҳнат шумораи онҳо дар зинаи бакалавриат ба 31, дар зинаи магистратура ба 5 ва дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ба 5, яъне дар маҷмӯъ, дар тамоми зинаҳо ба 41 ихтисос расидааст.
9. Тайи 3 соли охир (2016-2018) қабули довталабон ба донишкада тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100% иҷро гардид.
10. Дар соли таҳсили 2017-2018 беш аз 900 номгӯи барномаҳои таълимии фаннии типи нав таҳия шуда, барои омӯзишу баррасӣ ба Шӯрои миллии таҳсилоти назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
11. Кафедраҳои нави тахассусии забонҳои романӣ-германӣ, забони англисӣ ва муоширати касбӣ таъсис дода шуда, кафедраи назария ва амалияи тарҷума ба кафедраи умумидонишкадавӣ табдил дода шуд.
12. Маркази хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионӣ таъсис ёфт.
13. Шуъбаи кор бо ҷавонон таъсис дода шуд. 
14. Бахши ҳифзи меҳнат таъсис ёфт.
15. Осорхонаи донишкада ба фаъолият оғоз намуд.
16. Соли 2019 бахши таҳлилӣ-иттилоотӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
17. Аз моҳи феврали соли 2019 дар назди бахши таҳлилӣ-иттилоотӣ маҳфили рӯзноманигорони ҷавон «Тулӯи сухан» ба фаъолият оғоз намуд.
18. Дар давоми солҳои 2016-2019 созишномаҳои ҳамкории донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ба миқдори 23 адад афзуда, айни замон муассисаи таълимии мазкур, дар маҷмӯъ, бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои судмандро ба роҳ мондааст.
19. Санаи 27 марти соли 2019, таҳти №004/МҶ-97 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи нави тарҷумонҳои ҷавон таҳти унвони «Машъалафрӯз» сабти ном гардид.
20. Моҳи июни соли 2019 маҷаллаи илмии «Паёми донишкадаи забонҳо» ҷиҳати баррасӣ ва ворид намудан ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
21. Китоби «Таърихи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» ва «Донишномаи Донишкада» таҳия гардида,  дар арафаи чоп қарор доранд.
22. Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2017 музди маоши вазифавии ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишкада ба андозаи то 20 дарсад зиёд гардида, маоши вазифавии профессор-доктори илм 3502 сомонӣ, дотсент - номзади илм 2411 сомонӣ, муаллими калон 1090 сомонӣ ва ассистент 892 сомонӣ муқаррар карда шуданд.
23. Дар давоми солҳои 2016-2019 ҷиҳати таҳкими заминаи моддӣ-техникии донишкада 105 адад компютер, 25 принтер, 5 тахтаи электронӣ, 1 ноутбук, 43 проектор, 13 кондитсионер, 2 телевизор, 40 экран, 20 тахтаи синфӣ, 358 адад миз, 314 адад курсӣ, 90 ҷевон харидорӣ шуда, фонди китобхонаи анъанавии донишкада бо 990 нусха адабиёти тозанашр мукаммал гардидааст.
24. Дар давоми соли таҳсили 2016 - 2017 дар маҷмӯъ, 25 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони чинӣ ва ҳиндӣ дар масоҳати 1196 м2, даромадгоҳи факултети филологияи тоҷик дар масоҳати 60 м2, 10 адад ҳуҷраҳои корӣ дар масоҳати 264 м2, роҳравҳои факултети забонҳои романию германӣ ва филологияи рус дар масоҳати 650 м2 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, 5 зинапояи ошёнаи факултетҳо бо плиткаҳои керамикӣ ва 200 м. панҷараҳои тарҳи замонавӣ насб гардида, толорҳои фарҳангу варзиши донишкада дар масоҳати 325 м2 аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Пештоқи 4 бинои таълимӣ дар масоҳати 250м2 бо тарҳи замонавӣ ороиш дода шуд.
25. Системаи обтаъминкунии хобгоҳ пурра барқарор ва 48 адад ҳуҷраи ошёнаи дуюми он аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо мебел ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардиданд.
26. Дар бинои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён 67 адад камераҳои мушоҳидавӣ ва 5 адад турникет насб карда шуданд
27. Саҳни бинои таълимии донишкада дар масоҳати 1800 м2, назди бинои таълимии факултети забонҳои Шарқ дар масоҳати 120 м2 бо сафолакҳои бетонӣ рӯйпӯш карда шуда, тамоми тирезаҳои куҳна ва фарсудаи бинои таълимӣ ба тирезаҳои пластикӣ дар масоҳати 900 м2 иваз гардиданд.
28. Шабакаи гармидиҳии бинои таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст гардид.
29. Дар 4 бинои таълимии донишкада тамоми ҳуҷраҳои ёрирасон, шабакаи обтаъминкунӣ,барқтаъминкунии хобгоҳ пурра таъмир ва ноқилҳо иваз ва намои бинои таълимӣ дар масоҳати 4500 м2 бо тарҳи замонавӣ таъмир карда шуд.
30. Баҳри кабудизоркунии атрофи бинои таълимӣ ва хобгоҳ шабакаи обёрӣ насб гардид.
Ҳамин тавр, раёсати донишкада бо ташаббусу иқдомҳои нав рӯ ба сӯи рушди устувор дорад.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2019    №: 123 - 124    Мутолиа карданд: 161

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед