logo

сафарҳо

САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БЕЛАРУС

Маросими истиқболи расмӣ
28 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт. Маросими истиқболи расмӣ дар “Қасри истиқлолият” - и Беларус баргузор гардид.
Ба хотири пазироии самимии меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Қасри истиқлолият” бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро дода шуд. Горди фахрии президентӣ, оркестри асбобҳои нафасӣ ва ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб саф оростанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти Сарвари давлати Тоҷикистон аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтиром ба Парчами давлати мизбон сурат гирифта, бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ва гузашти горди фахрӣ аз назди сарони кишварҳо ба анҷом расид. 

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус
Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко оғоз ёфта, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ду кишвар идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Ҳукумати ин кишвар барои пазироии гарму самимӣ, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Таъкид гардид, ки мулоқоти имрӯзаро мо имкони баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкории кишварҳо дар ҳама ҷанбаҳо мешуморем.
- Тоҷикистон ба робитаҳои дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ бо Ҷумҳурии Беларус, ки аллакай характери шарикии стратегиро касб кардааст, баҳои баланд медиҳад, - таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, аз имкону дидору мулоқоти созанда изҳори хушнудӣ намуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, омодагии худро барои таҳкими муколамаи сиёсии сатҳи олӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни мамлакатҳо изҳор доштанд.
Чунин омодагӣ, ҳамзамон, барои ба роҳ мондани робитаи зичу пурсамар байни минтақаҳои ду кишвар ва субъектҳои хоҷагидори Тоҷикистону Беларус таъкид шуд. Зикр гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои судманд истифодаи фаъоли сохтори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарур аст.
Ҳар ду ҷониб аз сатҳи рушди робитаҳо дар соҳаи саноат, аз ҷумла таъсиси корхонаи “Агротехсервис” дар шаҳри Ҳисор оид ба бастубанди техникаи кишоварзии беларусӣ ва хизматрасонии техникӣ, ташкили коргоҳ оид ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шаҳри Душанбе, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои рустанипарварӣ, тухмипарварӣ, инчунин, истеҳсоли маҳсулоти ширию гӯштӣ, афзоиши содироти меваю хушкмеваҳо ба Беларус ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар табодули андеша карданд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои муҳими бар нафъи мардумони кишварҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҳамкории муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистону Беларус, азнавсозии парки нақлиётии шаҳри Душанбе бо харидории троллейбусҳои истеҳсоли Беларус ва дигар мавзӯъҳо баррасӣ гардиданд.
Ҳамкории зичу пурсамари ду кишвар дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ ва СААД махсус таъкид гашт.
Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти сартосарӣ, ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои кибернетикиро муҳокима карданд.

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Нахуст, зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко имзо гузоштанд.
Ҳамчунин, аз ҷониби ҳайати расмии ду кишвар санадҳои зерин имзо шуданд:
- Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот;
- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ вобаста ба истифодабарии захираҳои генетикии рустаниҳо ва ҳайвонот;
- Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Беларус;
- Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- Барномаи иҷроияи Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории илмӣ - техникӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2019 - 2020;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Беларусбанк” - и Ҷумҳурии Беларус дар бораи ҳамкории байнибонкӣ.
Боиси хушнудист, ки бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба сатҳи шарикии стратегӣ расид, ки ин, албатта, барои таъмиқи муносиботи ҳамкорӣ заминаи воқеӣ фароҳам месозад.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи “Ғалаба”
28 июн дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Беларус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми кишвари дӯсти Беларус дар шаҳри Минск, дар назди муҷассамаи “Ғалаба”, гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидони роҳи озодиро пос доштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус ҳамроҳӣ карданд.

Боздид аз корхонаи тракторсозии шаҳри Минск
29 июн дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, дар доираи сафари расмӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи тракторсозӣ шинос шуданд, ки яке аз калонтарин коргоҳҳои саноатии Беларус буда, бо Тоҷикистон ва зиёда аз 70 давлати олам ҳамкорӣ дорад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии коргоҳ намунаи муосиртарин техникаҳои кишоварзии корхонаи тракторсозӣ муаррифӣ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тракторҳои корхона омодагии Тоҷикистонро барои бунёди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои дигар, афзоиши сохтани трактор, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар ва судовар барои ҳар ду ҷониб, изҳор доштанд.
Бунёди чунин коргоҳҳои муштарак дар оянда метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, таъмини хоҷагиҳои мамлакат бо техникаи кишоварзӣ, амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.
Таъсиси корхонаи бастубанди тракторҳо ва маркази хизматрасонии техникаҳои кишоварзӣ “Агротехсервис” дар шаҳри Ҳисор бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко намунаи беҳтарини ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус мебошад.
Дар намоишгоҳ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон техникаҳои гуногунҳаҷми борбардору боркаши сохтмонӣ ва мусофирбари корхонаи мошинсозии “МАЗ” - и Беларус муаррифӣ гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти корхонаҳои мошинсозӣ даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои калони гидроэнергетикии Тоҷикистон ширкат варзида, иқтидору имконоти худро дар бозори Тоҷикистон муаррифӣ намоянд.

Боздид аз комбинати кишоварзии “Дзержинский”
30 июн, дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Беларус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи комбинати кишоварзии “Дзержинский” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи комбинати кишоварзии “Дзержинский” яке аз коргоҳҳои бисёрсоҳа ва калонтарини саноатии Беларус буда, парвариши чорво, паранда, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни гӯштию ширии чорво, гӯшти мурғ, ҳасибҳо, тухм, дар маҷмӯъ, беш аз 80 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст.
Таъкид гардид, ки давоми фаъолияти чилсола ширкат бо насби технологияи навтарин ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири истеҳсоли гӯшту шир дар бозори кишвар мақоми хосса дорад.
Яке аз дастовардҳои асосии корхона, дар баробари истеҳсолот,  назорат ва таъмини сифати мавод, таъсиси марказҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худӣ, интиқоли он ба гӯшаҳои гуногуни Беларус мебошад.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти корхона ба онҳо барору комёбӣ орзу карданд.

Мулоқоти сеҷониба
30 июн дар шаҳри Минск мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалии ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Александр Лукашенко ва Ҳукумати ин кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Бозиҳои дуюми аврупоӣ, ки шоми рӯзи 30 июн ҷамъбаст гардид, баҳои баланд доданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима карда шуданд.

Иштирок дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ
30 июн дар шаҳри Минск, дар доираи сафари расмӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар варзишгоҳи миллии олимпии “Динамо” бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко иштирок карданд.
Бозиҳои аврупоӣ маҷмӯи мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ байни варзишгарони кишварҳои аврупоӣ буда, дар ҳар чор сол як маротиба гузаронда мешавад.
Аз 12 то 28 июни соли 2015 Бозиҳои якуми аврупоӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуда буд, ки дар он варзишгарон аз кишварҳои Аврупо байни ҳам рақобат карданд.
Ба Бозиҳои аврупоӣ намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили бадминтон, баскетбол, волейбол, бокс, гуштии тарзи озод, юнонию римӣ, дзюдову самбо, велосипедронии занона, шиноварӣ, карате, тенниси рӯи миз, камонварӣ, шамшерзанӣ ва ғайра шомил мебошанд.
Бозиҳои дуюми аврупоӣ таҳти унвони “Вақти ғалабаҳои бузург” дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус аз 21 июн то 30 июн ҷараён гирифта, дар он аз 50 давлати аъзо 3844 нафар иштирок кард. Варзишгарон барои ба даст овардани 200 медал аз рӯи 15 намуди варзиш талош варзиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2019    №: 125    Мутолиа карданд: 159

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед