logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МО - САОДАТИ МО

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дилхоҳтарин армуғоне буд, ки онро 22 сол муқаддам, пас аз панҷ соли ҷанги фалокатбори дохилӣ, маҳрумияту нокомиҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдими мардуми азияткашидаи Ватанамон намуданд.  27 июни соли 1997 фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз пиру барно, марду зан, чеҳраҳои шукуфону дидаҳои пурнур мавҷ мезад. Майдонҳо, кӯчаю ҷодаҳо гӯё барои ин анбӯҳи бузурги одамони шоду масрур тангӣ мекарданд. Сарвари маҳбуби кишварамонро, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар  Маскав ба Ватан баргаштанд, бо дилҳои моломоли фараҳ оғӯшҳои боз, гулборонҳо истиқбол мекарданд.

Бале, аз байн 22 сол мегузарад насле, ки он вақт нав ба дунёи ҳастӣ қадам ниҳода буд, имрӯз 22 - сола мешавад. Вай он ҷангу сулҳи насли калонсолтари моро бо чашми сар надидааст, намедонад, ки то чӣ ҳад ин воқеаҳо ба сарнавишти миллат таъсир гузошта, дар сарҳади ҳастию нестӣ қарор доданд. Барои ҳамин моҳияту оқибатҳои ин воқеаҳоро амиқан, тавре насли калонсол аз онҳо ёд дорад, дарк намекунад. Барои ҷавонону наврасони мо ҷанги шаҳрвандӣ як ҳодисае аз таърих асту бас. Ин ҷанг воқеан ҳам, фоҷиае буд, ки сари даҳҳо ҳазор нафар фарзандони ин сарзаминро хӯрд, зиндагиро дар кишвар хароб сохт, хатари  пошхӯрии давлату миллат ва аз байн рафтани истиқлоли навпои миллиро ба миён овард.
Ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта дар ҷомеаи мо қувваҳои сиёсие ба майдон омадаанд, ки аз пайи нуфуз, касби қудрат ва иҷрои ҳадафҳои пешгузоштаашон масъулияти хешро дар назди Ватан ва халқи он ба фаромӯшӣ доданд. Ҳамин тариқ,  замоне ки хатари терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳон миқёси густардае надошт, Тоҷикистони мо яке аз нахустин озмоишгоҳҳои хунини ин дастаҳои ҷиноятпешаи «исломӣ» қарор  дода шуд.
Охирҳои соли 1992 алорағми ҳама нобасомониҳо ва нобовариҳо барои ором кардани вазъият, сулҳу салоҳ ба роҳ мондани ҳаёти иқтисодию хоҷагӣ иқдомҳои аввалин шурӯъ гардида буданд. Аммо, то оромии сартосарӣ дар Тоҷикистон, то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳанӯз панҷ соли дигар роҳ буд. Панҷ соли ҷанг, панҷ соли бурдбориҳо фидокориҳо, даҳшат, ашк…  Панҷ соли гуфтушуниду мубоҳисаҳои тӯлонӣ бо мухолифини давлат дар Хосдеҳ, Кобул, Теҳрон, Ашқобод, Алмаато, Тошканд, Москва ва ғайра, ки ба думболи талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оқибат сулҳу амниятро дар кишвар пирӯз гардонданд.
Маҳз қатъият, матонату бурдбории Сарвари давлатамон буд, ки гуфтушунидҳо пайгирона, аз соли 1994 оғоз шуда, се соли тамом идома карданд ва ҷонибҳоро қадам ба қадам ба мақсуди ниҳоӣ наздик оварданд. Гарчанде давоми ин муддат ҳолатҳое зиёд буданд, ки мубоҳисаҳо ба бунбаст рӯ ба рӯ гардида, ба идомаи онҳо умеде боқӣ намемонд.
Имрӯз мамлакат давраи пуравҷи пешрафту созандагиро сипарӣ мекунад. Сатҳи камбизоатӣ миёни аҳолӣ аз 80 дарсади оғози давраи истиқлолият то 29 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми дастмузд дар ҳамаи соҳаҳо пайваста афзоиш меёбад. Ҳамаи ин ба он маъност, ки зиндагию рӯзгори мардуми мамлакат торафт беҳтар мегардад, созандагию бунёдкорӣ вусъат ёфта, симои шаҳру деҳоти мо дигаргун мешавад.
Дар оғози давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Пешвои миллат се ҳадафи стратегии рушд - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ ба миён гузошта шуда буданд. Мамлакат имрӯз дар роҳи ба вуҷуд овардани ин се заминаи пешрафт ва некуаҳволии мардум муваффақиятҳои чашмгире ба даст оварда аст. Як  силсила неругоҳҳои нав бунёд гардидаву неругоҳҳои мавҷуда таҷдид ва хатҳои нави интиқоли барқ кашида мешаванд. Дар натиҷа, норасоии ин василаи муҳими рушди иқтисодию иҷтимоӣ бартараф гардида, мамлакат аз воридкунандаи неруи барқ ба содиркунандаи он табдил ёфтааст. Бунёди шоҳроҳҳои нақлиётӣ бошад, тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро ба таври устувор бо ҳам васл намуда, имкониятҳои транзитии кишвари моро бамаротиб афзоиш додаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ афзуда, вобастагӣ ба маводи асосии ғизоӣ хеле кам ва содироти меваю сабзавот ба хориҷи мамлакат афзун мегардад. Акнун аз ҷониби Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ба миён гузошта шудааст, ки бояд афзалияти саноатро бар ҳамаи соҳаҳои дигари истеҳсолот таъмин гардонад. Ҳадафи мазкур дар стратегияи миллии рушд, ки давраи то соли 2030 - ро дар бар мегирад, пешбинӣ шудааст. Иҷрои муваффақонаи он Тоҷикистони моро ба сафи кишварҳои пешрафта ворид намуда, сатҳи зиндагиро боз ҳам боло мебарад ва садҳо ҳазор ҷойҳои нави кор фароҳам хоҳанд шуд.
Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи истиқлолияту озодии мардум ва натиҷаи он сулҳи пойдорест, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фароҳам омад. Сулҳу амният, ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили бақои давлату миллат ва пойдории истиқлолияти давлатӣ барои имрӯзу фардост. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инро борҳо таъкид карда, ваҳдати миллиро баъди истиқлолият дуюмин дастоварди бузурги халқи тоҷик арзёбӣ намудаанд: «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар фарди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад!».
Бале, ҳифз ва гиромидошти ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мо, ҳар як соҳибватан аст. Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ баръало нишон дод, ки беэътиноӣ ба ин вазифаи муқаддас чи оқибатҳои вазнинеро ба бор меорад.
Мирзошоҳрух АСРОРӢ,
раиси Кумитаи  иҷроияи Ҳаракати
ваҳдати миллӣ  ва эҳёи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2019    №: 125    Мутолиа карданд: 802
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед