logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПАС АЗ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС, ШАҲРИ МИНСК, 28 ИЮНИ СОЛИ 2019

Муҳтарам Александр Григоревич!
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Беларус барои меҳмоннавозии самимӣ изҳори миннатдорӣ намоям. Ҳамчунин, мехоҳам ба дӯстони беларусӣ дар робита ба ташкили хуби ҷашни бузурги варзишӣ – Бозиҳои дуюми аврупоӣ табрикоти амиқамонро изҳор дорам.
Тавре муҳтарам Александр Григоревич зикр намуд, зимни музокироти имрӯза доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Беларус баррасӣ гардиданд. Чунин мешуморем, ки бастаи нави санадҳое, ки мо дар айни замон ба имзо расондем, заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаамонро ба таври назаррас тақвият мебахшанд.
Мехоҳам аҳамияти Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро махсус зикр намоям. Дар ин замина, муҳокимаи муфассали роҳҳои интиқоли муносибатҳои шарикии стратегиамон ба сатҳи амалӣ мавзӯи асосии музокирот буд. Мо ҷараёни мусбат ва устувори ҳамгироии кишварҳоямонро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ таъкид кардем. Таваҷҷуҳи хосса ба масоили густариши ҷанбаҳои ҳамкориамон дар соҳаи иқтисоду тиҷорат зоҳир карда шуд.
Манзурам рушди шаклҳои дарозмуддати ҳамкорӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёт, аз қабили саноат ва кишоварзӣ, инчунин, густариши навъҳои табодули моли мутақобила, бо назардошти имкониятҳои ҷонибҳо мебошад. Таъмиқи робитаҳоямон дар ин самт, бешак, метавонад омили рушди муҳими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ гардад.
Мо, ҳамчунин, муҳимияти густариши робитаҳоро дар сатҳи минтақаҳо ва байни субъектҳои хоҷагидории ду кишвар таъкид кардем.
Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии рушди Тоҷикистон дорои ҷараёни устувор мебошанд. Суръатҳои афзоиши миёнаи солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ давоми даҳ соли охир дар сатҳи на кам аз 7 фоиз қарор доранд.
Мо саноатикунонии босуръати иқтисодиётро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии рушдамон вазифаи худ қарор додем. Ин барои густариши ҳамкории мутақобилан судманди миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Дар робита ба ин, мо ҳавасмандиамонро ба густариши робитаҳои истеҳсолии кооператсионӣ бо шарикони беларусӣ ва ҷалби технологияҳои пешқадами Беларус ба бахши воқеии иқтисодамон зикр намудем.
Татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва сабук, мошинсозӣ ва маҷмааи агросаноатӣ дорои дурнамо номида шуд.
Таъсис додани корхонаи «Агротехсервис» оид ба васлу насби техникаҳои беларусии соҳаи кишоварзӣ ва хизматрасонии техникии он дар шаҳри Ҳисор ва, инчунин, корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли маҳсуоти ширӣ дар шаҳри Душанбе намунаи мусбати тавсеаи ҳамгироии мутақобилан судманд байни тарафҳо дар ин соҳаҳо мебошад.
Барои рушди ҳамкорӣ дар чунин бахшҳои аграрӣ, ба монанди ниҳолпарварӣ ва тухмипарварӣ, инчунин, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ иқтидори хуб мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, мо ба таҳвили картошкаҳои тухмии хушсифат ва маводи зотии селексияи беларусӣ ҳавасмандии худро иброз доштем.
Ҷониби Тоҷикистон, дар навбати худ, омода аст, ки содироти меваҳо ва хушкмеваҳои аз лиҳози экологӣ тозаамонро ба Ҷумҳурии Беларус афзоиш диҳад.
Мо ба тавофуқ омадем, ки корро оид ба пешбурди ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масоили ҳамкории иқтисодии фаъолона амалкунанда, идома диҳем.
Зимни музокирот ба масоили таъмиқи ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи дахлдор зоҳир карда шуд. Муҳимияти густариши минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ таъкид карда шуд. Миёни кишварҳоямон ҳамкории самарабахш дар соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Беларус тақрибан 1500 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон дар асоси бурсия ва шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар донишгоҳҳои пешқадами Тоҷикистон факултаҳои муштарак, ки дар доираи онҳо мубодилаи донишҷӯён ба роҳ монда шудааст, амал мекунанд. Чунин мешуморем, ки фурсати тарҳрезии имконияти татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки таълимии Тоҷикистону Беларус фаро расид.
Тоҷикистон ва Беларус иштирокчиёни муҳими равандҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ мебошанд. Дар робита ба ин, мо бо Александр Григоревич таҳкими иқтидори ҳамгироиамонро дар доираи СММ, ИДМ, СААД, Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он Ҷумҳурии Беларус дорои мақоми шарики муколама мебошад, инчунин, дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба, ки ҳар ду ҷониб аъзост, ҷонибдорӣ намуданд.
Мо доир ба маҷмӯи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкори ҳамаҷониба намудем.
Бо дарназардошти вазъи ташвишовари баамаломада дар сарҳадҳои ҷанубии кишварҳои ИДМ, масоили амнияти минтақавӣ дар мадди таваҷҷуҳи мо буданд.
Мо ҳавасмандии мутақобиларо дар идома додан ва таҳким бахшидани ҳамгироии мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар мубориза бар зидди таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳонӣ - терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, тасдиқ намудем.
Мо, ҳамчунин, мушкилоти Афғонистонро, ки нисбат ба он кишварҳои мо мавқеи ҳамсон доранд, муҳокима кардем. Мо ба талошҳои муштараки минбаъда оид ба мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон дар ҳамаи сиғаҳо изҳори ҷонибдорӣ намудем.
Дар фарҷом мехоҳам дар робита ба натиҷаҳои музокироти имрӯза, ки дар фазои барои муносиботи ду кишвар созанда ва комилан ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, қаноатмандии амиқи худро изҳор намоям. Онҳо ба мо имкон медиҳанд, ки ба ояндаи наздики муносибатҳои Тоҷикистону Беларус бо умеди бузурги нек назар намоем.
Ман аз муҳтарам Александр Григоревич даъват ба амал овардам, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад.
Умедворам, ки идомаи муколамаи судмандамон дар Душанбе ба тақвияти бештари ҳамгироиамон мусоидат менамояд.
Ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2019    №: 125    Мутолиа карданд: 200

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед