logo

Хабарҳо

ШОҲМОТ. Тоҷикдухтар дар мақоми аввал

Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Леонид Юртаев, аввалин гроссмейстери ин кишвар, баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Қирғизистон, дар мусобиқа 160 шоҳмотбози Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат намуданд. Мусобиқа аз рӯи ду категория сурат гирифт: «А» – мусобиқоти инфиродӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонӣ, «В» – вохӯриҳо миёни кӯдакону наврасон. Бозиҳо тибқи талаботи Федератсияи байналмилалии шоҳмот аз рӯи системаи швейтсарӣ дар 9 давр баргузор шуд.
Дар категорияи «А» миёни бонувон шоҳмотбозони тоҷик Мутриба Ҳотамӣ ҷои аввал ва Сарвиноз Каримова ҷои сеюмро гирифтанд.


ФУТБОЛ. Мунтахаби кишвар ба Ҳиндустон меравад
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол Усмон Тошев ҳайати бозигаронро барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми байниминтақавии «Hero Interсontinental Cup 2019» эълон кард.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон чунин аст: дарвозабонон – Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), ҳимоятгарон – Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Алишер Баротов («Хатлон»), Сиёвуш Асроров (ПКНП, Малайзия), нимҳимоятгарон – Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ( «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Отабек Каримов, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), ҳамлагарон - Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов («Истиқлол»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).
Тибқи иттилои Федератсияи футболи кишвар, мусобиқа аз 7 то 19 июл дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон баргузор мешавад.
Бозии нахустини тими миллии кишвар бо Ҳиндустон (7 июл) сурат мегирад. 10 июл дар даври  дуюм шогирдони Усмон Тошев муқобили ҶХДК вориди майдон мешаванд. Бозии ниҳоии мунтахаби мо бо тими миллии Сурия 15 июл доир мегардад.


ФУТЗАЛ. Ҳарифони "Соро компания" муайян шуданд
Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (Малайзия) маросими қуръакашии Чемпионати Осиё оид ба футзал байни клубҳо баргузор гашт.
Бино ба маълумоти КФО, дар қуръакашӣ 16 дастаи беҳтарини қора ба чор гурӯҳ тақсим шуданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз қаҳрамони феълии лигаи касбии футзали кишвар дастаи «Соро компания» намояндагӣ мекунад, ки ба гурӯҳи «С» шомил буда, бо тимҳои «Бонки Бейрут» (Лубнон), «Вамос Матарам» (Индонезия) ва «Донишгоҳи Виктория» (Мянма) қувваозмоӣ хоҳад кард.
Чемпионат аз 7 то 17-уми августи соли ҷорӣ дар пойтахти Таиланд - шаҳри Бангкок баргузор мешавад.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 834
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед