logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СУМА ЧАКРАБАРТИ

Дар мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаи ин мулоқот имконоти густариши ҳамкорӣ ва самтҳои нави онро байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд фароҳам меорад.
Сума Чакрабарти ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди сиёсати бобарори иқтисодӣ, ҷорӣ кардани ислоҳоти муваффақ дар ҳамаи бахшҳо ва рушди бонизоми кишвар, баҳои баланд дод.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди энергетика ва истифодаи босамари неруи барқ, ташаккули инфрасохтори ҳамлу нақл бо мақсади тавсеаи ҳамкории минтақавӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, рушди боэътимоди бозори молиявии мамлакат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнокро муҳокима карданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон бо маблағи 755 миллион доллар 127 лоиҳаи гуногун татбиқ гардид. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 22 лоиҳаи сармоягузорӣ тавассути маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми беш аз 520 миллион доллар амалӣ гардида истодааст.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва ҷудо кардани маблағҳои грантӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2019    №: 126    Мутолиа карданд: 209

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед