logo

туризм

"KAZAKH TV". ТЕЛЕВИЗИОНЕ, КИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОНРО МУАРРИФӢ НАМУД

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, яке аз телевизионҳои машҳури Қазоқистон – «Kazakh TV» дар барномаи «Regional focus» оид ба вижагиҳои мавзеъҳои сайёҳии кишвар филми мустанади «Тоҷикистон» - ро ба забонҳои қазоқиву русӣ  пахш намуд.
Дар  он кӯҳистон будани 93 дарсади ҳудуди кишвар, мавҷудияти  пиряхҳои азим, обҳои фаровону мусаффо, кӯлҳои зебо, табиати нодиру рангоранг, чашмаҳои шифобахш ва амсоли инҳо ҳамчун омилҳои рушди соҳаи сайёҳӣ номбар шуданд.
Ҳамзамон, чӯбтарошӣ мероси таърихии миллати тоҷик муаррифӣ шуда, маҳорати волои устоҳои тоҷик, таҷассум гардидани унсурҳои фарҳангию таърихӣ дар иншооти мухталиф тавсиф мешаванд.
«Кохи Наврӯз» яке аз олитарин намунаҳои санъати меъмории миллати тоҷик  ёд мегардад, ки бо истифода аз технологияи муосир бо омезиши усулҳои навини меъморӣ ва ҳифзи унсурҳои таърихию фарҳангӣ сохта шудааст. Ба ақидаи таҳиягарони намоиш, «Кохи Наврӯз» бо шукӯҳу шаҳомати хос дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Бояд тазаккур дод, ки чанд рӯз қабл «Кохи Наврӯз» ба феҳристи «8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай» пазируфта шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар арафаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ як гурӯҳ журналистони Қазоқистон баҳри инъикоси имкониятҳо ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ба мамлакат ташриф оварда буданд. Ба хотири муҳайё намудани шароити хуби банаворгирӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пресс - тур ташкил гардида, аз натиҷаи он як қатор силсилабарномаҳо таҳия шуданд.
Ш. ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2019    №: 126    Мутолиа карданд: 326

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед