logo

иқтисод

АЛАФДАРАВӢ. ФУРСАТ ҒАНИМАТ АСТ!

Дар ҷумҳурӣ майдони алафзори табиӣ хеле кам – ҳамагӣ 1 дарсади майдони умумии чарогоҳҳоро ташкил медиҳад. Аксари ин алафзорҳо дар  минтақаҳои сернами  Ҳисору Дарвоз ҷойгиранд. Дар чарогоҳҳои ноҳияҳои ҷанубӣ ва ҷанубу  ғарбии вилояти Хатлон, ки миқдори зиёди чорво дар тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор нигоҳбонӣ мешаванд, чунин алафзорҳо хеле каманд. Танҳо дар солҳои зимистонаш сернаму ҳарораташ муътадил сабзиши рустаниҳои тезпази эфемерӣ беҳтар ва қаду ҳосилнокии алафзор хуб мешавад. Дар ин минтақаҳо чунин шароити муфидро танҳо дар 3 - 4 сол як маротиба мушоҳида кардан мумкин аст.
Баҳори соли ҷорӣ дар чарогоҳҳои табиии вилояти Хатлон алаф фаровон рӯид. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва чорводорони инфиродӣ бо муташаккилона ташкил намудани алафдаравӣ метавонанд, ҳатто, барои 2 сол хӯроки чорво захира кунанд. Алафзорҳои  беҳтарин дар мавзеъҳои пастхамиҳои наздикӯҳии байни дарёҳои Кофарниҳону Вахш ҷойгиранд. Дар таркиби ин алафзорҳо рустаниҳои серғизои хӯроки чорво, аз қабили ҷорӯбаки пиёзакдор, нахӯдак, чатир ва дигар рустаниҳои хӯшагию лӯбиёӣ бештаранд. Мавзеъҳои калони алафзор дар нишебию пастхамиҳои шимолӣ ва ғарбии қаторкӯҳҳои Тереклитоғ (ноҳияҳои Вахш, Панҷ) ва пастхамиҳои байникӯҳии Сиёҳкӯҳи ноҳияи Фархор мавҷуданд. 
Дар алафзори серҳосили минтақаҳои сернами ноҳияҳои Ҳисору Дарвоз ва минтақаи Рашт  ҷавдору бомус, ҷорӯбак, рустаниҳои яксолаю бисёрсолаи лӯбиёӣ -  қатраборон, юнучқа, ғомук, нахӯдак ва ғайра барои дарав омодаанд. Алафи беҳтарин дар ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон ва Ховалингу Муъминобод рӯидааст.
Даравидани алаф дар муҳлати хуби сабзиши рустаниҳо - давраи хӯшабандии ғалладона ва гулкунии лӯбиёиҳои табиӣ тавсия дода мешавад. Ғизонокии маҳсулоти алафзори табиӣ назар ба хӯрокҳои дигари дурушт баландтар мебошад. Нигоҳ доштани ғизонокии алаф ба дуруст истифода бурдани усулҳои алафдаравӣ  вобастагии калон дорад.  Барои ин муҳлати дарави  алафзорро дар давраи муайяни сабзиши рустаниҳои хӯроки чорво ва қоидаи бо навбат дарав кардани навъҳои гуногуни алафро қатъиян риоя кардан зарур аст. Ҳамчунин, ҷорӣ кардани усули «даравгардон» (сол ба сол тағйир додани муҳлати алафдаравӣ) барои нигоҳ доштани ҳосили баланд ва сифати хуби таркиби алафзор аҳамияти калон дорад.
Муҳлати беҳтарини дарави алафзори табиӣ давраи хӯшабандии ғалладонаю гулкунии лӯбиёиҳо ва рустаниҳои дигари асосии хӯроки чорво мебошад. Санҷишҳо нишон доданд, ки ҳангоми ба таъхир гузоштани муҳлати дарав то пухтани тухми рустаниҳо ҳосили алафзор кам, сифати беда паст шуда, чорво онро хуб намехӯрад.
Дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони алафзори даравшаванда, нигоҳубин ва истифодаи он  ба ихтиёри оилаҳои чорводорони деҳаҳои атроф вогузор шудааст. Ин барои истифодабарии пурмаҳсули алафзор мусоидат мекунад, зеро, дар  алафзори хоҷагиҳои инфиродӣ чарондани бенизоми чорво дида намешавад. Баъзе чорводорон барои бештар кардани ҳосили алафзор   усулҳои нуридиҳӣ, обмонӣ  ва  кишти рустаниҳои серҳосилро истифода бурда, миқдори бедаро 2 - 3 маротиба зиёд мекунанд.
Истифодаи оқилонаи чарогоҳу алафзори табииро дар мисоли хоҷагиҳои чорводории Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб дидан мумкин аст. Барои аҳолии Зидеҳ ва дигар маҳалҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ чорводорӣ манбаи асосии даромад мебошад. Чарогоҳу алафзори ин деҳот дар баландии аз 2000 то 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.
Дар алафзори минтақаҳои сернами водиҳои Ҳисору Зарафшон, қисми шарқии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвозу минтақаи Рашт моҳҳои июн ва июл давраи беҳтарини алафдаравӣ мебошад.
Дар мавзеъҳои наздикӯҳӣ, баландии 800 - 1600 метр аз сатҳи баҳр алафзори серҳосили ҷави пиёзакдор, гандумак, хардума, бомус, қатраборон, юнучқа, мунҷ, сидирк ва ғайра дар майдони васеъ паҳн шудаанд. Муҳлати беҳтарини дарави онҳо моҳи июн мебошад. Деҳқонони пуртаҷриба аз 1 гектар 2,5 - 3 тонна ва ҳангоми нигоҳубини онҳо то 5 тонна алафи хушсифат  мегиранд.
Захираи ҳаҷми  зарурии хӯроки чорво барои аз зимистон  солиму беталаф баровардани чорво ва нигоҳ доштани саршумори он, хусусан дар шароити ҳозираи бамаротиб зиёд шудани саршумори чорво, омили муҳимтарини рушди чорводорӣ аст. Аз ин сабаб, роҳбарону мутахассисони соҳа, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва чорводорони инфиродӣ бояд аз фаровонии алаф дар чарогоҳу алафзори табиӣ барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол ва ҷамъоварии  хӯроки хушсифат аз ин имкониятҳои табиӣ васеъ истифода баранд.
Абдулло МАДАМИНОВ,
мудири озмоишгоҳи экологияи
рустаниҳои Институти ботаника, физиология ва
генетикаи рустании Академияи илмҳои ҷумҳурӣ,
Мурод САИДОВ, ходими калони илмии озмоишгоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2019    №: 126    Мутолиа карданд: 315
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед