logo

иҷтимоиёт

ХУДШИНОСӢ – ШИНОХТИ МОҲИЯТИ ҲАСТӢ

Худшиносӣ зербинои таҳқиқоти тамоми илмҳост, ки мо онро илми инсонӣ ё худ гуманитарӣ (таъриху фалсафа, забону адабиёт, санъатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқ ва ғайра) меномем. Агар аҳдофи ҳама гуна бозҷустҳо камолоти ахлоқиву маънавӣ ва рӯҳонияти ҷомеа бошад, пас доираи таҳқиқи ин масъала ҳамаи илмҳо ва таълимоти ҷаҳониро фаро мегирад. Алҳол, агар тибқи усули маъмули аз сода ба мураккаб рафтор намоем, хоҳем дид, ки худшиносӣ аз давроне, ки ҷомеаи инсонӣ ба шакли муайян даромад ва эҳтиёҷ ба назму тартиби муносиботи иҷтимоӣ ба миён омад, ба муаммои аввалдараҷаи ташаккули шахсиятҳо ва, баъдан, ташаккулу таҳаввули миллатҳову давлатҳо табдил ёфт.
Ба ёд биёрем, ки ҳанӯз дар даврони атиқа, тибқи устураҳои Юнони бостон, дар ибодатгоҳи ҳамон замонҳо маъруфи Делф бо хати зарин навишта буданд, ки «худро бишнос!». Ин ҷумлаи амриро уламо шарҳу тафсирҳои зиёде додаанд ва аз он маъниҳои гуногун бардоштаанд. Дар ин маврид, адиб ва мутафаккири бузурги рус Лев Толстой хеле нишонрас гуфтааст: «Бузургтарин дониш худшиносист. То худро нашиносӣ, Офаридгоратро нахоҳӣ шинохт».
Аммо сарчашмаи ҳама гуна донишу фазл ақл аст ва дар ин маврид пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ақли комилро асоси хештаншиносӣ фармудааст. Дар ин хусус ҳадиси саҳеҳе боқист: «Ақл ба се қисмат аст: ҳар кӣ ҳамаро дорад, ақлаш комил ва ҳар кӣ ҳеҷ якро надорад, бехирад аст. Ақли комил - худро дуруст шинохтан, хуб итоат кардан ва сабри неку дар анҷоми вазифа аст».
Аз ин хулоса мешавад, ки худшиносӣ аввалин нишонаи ақл аст. Ҳамин гуна мавқеъгирӣ  ва хулосаро дар фалсафаи Юнони Қадим ва Аврупои асримиёнагӣ, дар масеҳияту таълимоти Конфутсий ва, ҳатто, дар таълимоти марксизм низ дидан мумкин аст. Карл Маркс гуфта буд, ки «худшиносӣ шарти аввалини хирадмандист». Бузургони адабу фарҳанги мо низ ба ин масъала аз паҳлуҳои гуногун дахл кардаанд ва хулоса як аст: инсон танҳо дар зиндагии иҷтимоӣ касби камол мекунад ва роҳи камолот аз тарбияти ақл шурӯъ мешавад, ки масолеҳаш илму дониш аст.
Худшиносӣ ба адабу маънавият решапайванд мебошад, аммо ин ҳардуро сарчашма боз ҳам худҷӯӣ ва мавқеи худро шинохтан аст. Доиман аз ғафлат дур будан шарти асосии расидан ба худшиносист, зеро инсони ғофил аз худии худ мушобеҳи ҳайвонест, ки ғайр аз хӯру нӯшу хоб ихтиёр ва фаъолияти дигаре надорад.
Ба маънии дигар, ҳар инсон махлуқи мураккабест. Беҳуда онро олами сағир намегӯянд. Ҳар чизе, ки дар олами кабир мегузарад, аз  қалби ҳамин инсони хокӣ мегузарад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки инсон бидуни маънавияту ахлоқ ва илму дониш чӣ тавр метавонад буду набуди оламро маърифат кунад? Аз ҳамин ҷост, ки инсонҳо фозилу андешаманд, хайрхоҳу нексиришт, худхоҳу бадкирдор ва бадният мешаванд.
Ҳар шахс бояд донад, ки моҳияти ҳастии ӯ чист ва дар зиндагӣ чӣ нақшу мақоме дорад. Ҳамзамон, маърифати дигарон ва муҳит барои худшиносии ӯ заминаи васеътаре фароҳам меорад. Шинохти муҳит пайваста инсонро ба маърифати ҷомеа ва миллату давлат роҳнамоӣ мекунад. Яъне, худшиносӣ зинаҳои бисёре дорад, ки аз ҷониби зиёде - аз тариқи дину мазҳаб ва улуми бисёре омӯхта мешавад, аммо ҳадаф як аст: расидан ба камолоти ахлоқиву маънавии инсонҳои алоҳида, баъдан ташаккули ҷомеа ва миллатҳои худогоҳ ва ниҳоятан давлатҳои мутамаддину пешрафта.
Ҳафиз РАҲМОН, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2019    №: 126    Мутолиа карданд: 434
06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед