logo

туризм

ТОҶИКИСТОН. 10 МАВЗЕИ ҶОЛИБТАРИН, КИ БОЯД ДИД

Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар натиҷаи таҳлилу омӯзишҳо, барои сафари сайёҳон рӯйхати 10 мавзеи ҷолибтаринро тартиб дод.

Ба он Помир ё худ «Боми ҷаҳон», Душанбе - маркази чорабиниҳои фарҳангиву сайёҳӣ, Хуҷанди бостон, дайри буддоии Аҷинатеппа, Искандаркӯл, мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», шаҳри қадимтарини кӯҳканону заргарон - Саразм, Қалъаи Ҳисор, Гармчашма, кӯҳҳои Фон ва Ҳафткӯл дохил мешаванд.  
Баҳодиҳӣ натиҷаи хулоса ва назари сайёҳону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ буда, дар Портали миллии сайёҳии Тоҷикистон ҷой дода шудааст.
Шумораи сайёҳоне, ки аз Тоҷикистон дидан мекунаду хотироти нек мебардоранд, сол ба сол меафзояд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати пешгирифтаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳаввулоти чашмрасро дар соҳа ба вуҷуд оварданд. Бо такя ба тадбирҳои муассири андешидашуда, метавон гуфт, ки минбаъд сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти мамлакатро ифода хоҳад кард.
Бунёди инфрасохтори сайёҳии ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир, пешниҳоди имтиёзҳо, афзудани хатсайрҳо, беҳ гардидани шароити пазироии меҳмонон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи иқтидори табиӣ тавассути ВАО, роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ барои сайёҳон ва монанди инҳо аз қабили тадбирҳое мебошанд, ки тайи соли ахир ба  рушди соҳаи сайёҳӣ такон бахшиданд.
Дар баробари ин, табиати нодир, ёдгориҳои таърихӣ, обҳои мусаффову шифобахш ва пешравиҳои рӯзафзуни Ватани маҳбубамон асоси ҷалби сайёҳон ба шумор мераванд. Ҳамин аст, ки ба ҷумҳурии мо дар минтақа барои саёҳати экологӣ, кӯҳнавардӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ авлавият дода мешавад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2019    №: 126    Мутолиа карданд: 390

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед