Хабарҳо
То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд
БЕЛТА. Дар ҷараёни мулоқоти вазирони кишоварзии Тоҷикистону Беларус роҳандозии лоиҳаи муштараки коркарди маҳсулоти шир, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ин корхонаҳо дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва шаҳри Ҳисор фаъол мешаванд. “Фикр мекунам, то соли 2020 корхонаҳо аллакай ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ мекунанд”, - изҳор намуд Анатолий Хотко, вазири кишоварзии Беларус.
“Дар ибтидо, коргоҳҳои муштарак танҳо талаботи сокинони ҷумҳуриро қонеъ месозанд. Сипас, ба бозори ҳамсоякишварҳо баровардани маҳсулоти онҳо дар назар аст”,- афзуд Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 407