logo

иҷтимоиёт

СУҒД. ЛАГЕРҲОИ ИСТИРОҲАТӢ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУДАНД

Аз даҳаи дуюми моҳи июн ба таври оммавӣ лагерҳои мактабии беруназшаҳрии вилояти Суғд низ чун дигар манотиқи кишвар ба фаъолият шурӯъ карданд. Бино ба иттилои Толибҷон Оқилов, муовини раиси  Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, дар мавсими имсола теъдоди лагерҳо нисбат ба солҳои қаблӣ афзуд.
Феълан дар қаламрави вилоят 20 лагери беруназшаҳрӣ, 664 наздимактабӣ, 106 истироҳатӣ - меҳнатӣ, 8 - солимгардонӣ барои хонандагони синфҳои 9 - 11 ва 129 лагери варзишӣ бо фарогирии 74 ҳазору 655 кӯдаку наврас фаъолият хоҳанд кард, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ тамоюли зиёдшавӣ доранд.
Аксари лагерҳои беруназмактабии вилоят дар мавзеъҳои басо зебову ҷолиби шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Исфара, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт қарор дошта, ба қабули наврасону кӯдакон оғоз намуданд. Маврид ба таъкид аст, ки лагерҳо аз лиҳози шароити фароғатӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ марҳила ба марҳила ҷавобгӯй шуда истодаанд. Масалан, соли дувум аст, ки қариб 80 мактаббача аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар лагери «Шоҳин» таътили тобистонаи худро мегузаронад.
- Бинобар фаъолияти доимии лагер соли гузашта, дар мавсими таътили зимистона мо наврасонро аз Россия низ қабул кардем, ки барояшон иқлими кишварамон ва шароити муҳайёшуда писанд омад,- мегӯяд Умеда Раҳимова, муовини директори лагери «Шоҳин».
Маркази солимгардонии «Суғд», ки дар тавозуни иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифи вилоят буда, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир мебошад, солҳои охир бо ташаббуси масъулин ба яке аз лагерҳои дӯстдоштаи наврасон табдил ёфтааст. Лагери мазкур дар як мавсим метавонад то 1000 наврасро ба истироҳат фаро гирад. Имсол бо иқдоми иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф ҷиҳати баргузории маҳфилҳо низ гӯшаҳои замонавии муҷаҳҳаз сохта шуданд. Акнун лагер дорои китобхона, асбобҳои мусиқии милливу аврупоӣ мебошад.
- Бо назардошти дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавсими имсола то 100 навраси ятимро аз ҳисоби худи лагер ба фароғат фаро мегирем, -  мегӯяд Мӯсобек Мироватов, раиси иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифи вилояти Суғд. – Ҳамзамон,  ҷиҳати ҷавобгӯй будани барномаҳои фароғатию истироҳатӣ омӯзиши беҳтарин таҷрибаҳои лагерҳои кишварҳои хориҷии дуру наздик ба роҳ монда шуд.
Ғолибони олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ имтиёз доранд, ки дар лагерҳои беруназмактабӣ таътили тобистонаи хешро рангину гуворо гузаронанд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2019    №: 127    Мутолиа карданд: 318
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед