logo

маориф

Барои татбиқи лоиҳа боз 338 мактаб интихоб гардид

Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ» аз 28 августи соли 2009 миёни Бонки олмонии рушд (KFW), Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон қарордод ба имзо расидааст.
Мақсади ин барнома беҳтар намудани шароити таълим дар мактабҳои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ дар минтақаи фарогирии барнома бо роҳи қисман бунёд кардани инфраструктураи  васеи мактабӣ бо истифода аз сифати мувофиқ мебошад.
-Марҳилаи дуюми барнома 14 ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппа ва шаш ноҳияи минтақаи Кӯлобро фаро мегирад ва маблағгузории он аз тарафи Ҳукумати Олмон -11 ҳазор евро, Ҳукумати ҷумҳурӣ бештар аз 2440 евро ва саҳми аҳолии минтақа қариб 140 евроро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки дар марҳилаи мазкур маблағҳои барнома пурра ба соҳаи маориф равона гардидааст, -гуфт Саидаҳмад Мирзоев, директори иҷроияи БМИМТ дар нишасти матбуотӣ барои хабарнигорон ва афзуд, ки се навъи мактабҳои дар вагонҳо, дар хонаҳои шахсӣ ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта маблағгузорӣ мешаванд. Барои татбиқи лоиҳа 38 мактаб интихоб шудааст, ки 26 мактаб дар минтақаи Қӯрғонтеппа ва 12 мактаб дар минтақаи Кӯлоб қарор дорад.
-Айни замон се лоиҳа дар марҳилаи тарҳрезӣ қарор дорад ва шурӯъ аз моҳи феврал сохтмончиёни кишварро тариқи даъватномаи иштирок дар озмун ба азнавсозӣ ва таъмири мактабҳо даъват менамоем, -гуфт Солиҷон Дадабоев, менеҷери шӯъбаи хариди БМИМТ.

Муҳаммади НУРУЛЛОҲ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 624

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед