logo

иҷтимоиёт

БОНК. САФИ БОНУВОНИ ФАЪОЛ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД!

Ба Бонки миллӣ зарур аст, ки тартиби арзёбии фаъолияти кормандони низоми бонкиро мукаммал гардонда, онро дар ҳамаи ташкилотҳои қарзии кишвар татбиқ намояд ва, ҳамзамон бо ин, ба тартиби гузарондани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ тағйироти зарурӣ ворид намояд.
Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки низоми эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии мансабдорон ва кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, бонкҳо ва дигар хизматчиёни давлатиро мукаммал гардонад. Илова бар ин, такроран хотирнишон месозам, ки дар низоми бонкии кишвар кормандон аз ҳисоби занон бояд бештар ба кор қабул карда шаванд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардондани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо доданд, тадбирҳои судманд андешида, зимни баргузории  ҷаласаҳо бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ тамоми масъалаҳои дар вохӯрӣ зикрёфтаро мавриди баррасии амиқ қарор доданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Cарвари давлат бо фармони раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2019, нақшаи чорабиниҳои низоми бонкӣ ва низоми суғурта, ки дар маҷмӯъ, 56 бандро дар бар мегирад, таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар баробари масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ, пешбурди сиёсати пулию қарзӣ, тибқи банди алоҳидаи нақшаи чорабиниҳои мазкур  роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, алалхусус дар самти зиёд намудани шумораи кормандон аз ҳисоби бонувони соҳибтахассус муваззаф гардиданд.
Баъди таваҷҷуҳи зиёди Ҳукумати кишвар ба масъалаи мазкур ва андешидани як қатор тадбирҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон,  таҳлили омории шумораи умумии кормандони бонкҳои ҷумҳурӣ  нишон медиҳад, ки сафи занону духтарон дар низоми бонкӣ тамоюли афзоиш дорад. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2019 аз шумораи умумии кормандони бонкҳои ҷумҳурӣ 5625 нафарро бонувон ташкил додаанд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 фоиз зиёд мебошад.
Сафи бонувон дар ҳайати умумии кормандони бонкҳо дар моҳи майи соли 2019  33,7 фоиз, бонувони роҳбарикунанда 11 фоизро ташкил намуд.
Як нуктаро бояд зикр кард, ки шумораи бонувоне, ки дар фронт - офисҳо  кор мекунанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 дарсад афзуд, аксарияти онҳо дар вазифаҳои хазинадор (1054 нафар), эксперти қарзӣ (761 нафар), амалиётчӣ (811 нафар), нозир оид ба назорат ва коркарди қарзҳо (150 нафар) ва мутахассис оид ба фурӯши хизматрасониҳои бонкӣ (68 нафар) фаъолият доранд.
Бо вуҷуди зиёд шудани теъдоди бонувон дар низоми бонкии мамлакат, ҳанӯз ҳам ин қонеъкунанда нест ва Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти зиёд намудани шумораи бонувон дар бонкҳо андешидани тадбирҳои заруриро идома медиҳад.  Бояд гуфт, ки аз ҷониби бонкҳои ҷумҳурӣ мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тараққиёти иқтисодиёт ва пешрафти соҳаи бонкдорӣ тадбирҳо амалӣ мегарданд, ки дар иҷрои онҳо саҳми бонувони кишвар шоиста арзёбӣ мешавад.
Ин иқдом, дар навбати худ, ба вусъат бахшидани фаъолияти бонкӣ ва беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявию бонкӣ беш аз пеш мусоидат менамояд.
Ҳукумат ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати фаъол дошта бошанд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари бонувон дар низоми бонкӣ, ба ташкилотҳои қарзӣ дар доираи салоҳияти худ пайваста тавсия медиҳад, ки зимни қабули кормандон ва эълони озмун бештар занону духтаронро ба кор қабул ва сафи бонувонро дар низом зиёд намоянд, ки баҳри татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020 ва иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022 саҳм гузошта, барои беҳбудии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии бонувон заминаи воқеӣ гузошта шавад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2019    №: 128    Мутолиа карданд: 168

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед