logo

иҷтимоиёт

РАВАНДҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Фаъолияти устувор ва тараққиёти босуръати кишварҳо аз амнияти миллӣ вобастагӣ дорад. Зеро зуҳури баъзе равандҳои номатлуби замони муосир, ба мисли терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, на танҳо ба амният ва суботи як кишвар ё минтақа, балки ҷаҳон таҳдид менамояд.

Дарёфти роҳу воситаҳои бехатари таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои давлат ба сифати объекти муҳими тадқиқи илмҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Давлат ҳимояи манфиатҳои геополитикӣ ва таъмини амнияти кишварро ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки фаъолияти хеш медонад. Аз ин хотир, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи моҳияту хусусиятҳои ин масъала, зарурати тадқиқ ва таҳлили паҳлуҳои гуногуни назария ва амалияи амнияти давлатӣ ва таъмини бехатариро дар доираи илмҳои сиёсӣ ва низомӣ, донишҳои дигари гуманитарӣ ба миён меорад. Дарки амиқ ва фаҳми васеи масъала имкон медиҳад, ки раванди ташаккулу рушд ва сатҳи таҳдидҳо ба Тоҷикистон дар давраҳои дуру наздики инкишофи ҷомеаи сиёсӣ мавриди тадқиқ қарор гиранд.
Ҳамин тариқ, талабот ва манфиатҳо дар ҳамбастагии қавӣ ва доимӣ қарор доранд. Дар ҷое, ки талабот бошад, он ҷо манфиат низ ҳаст ва ё баръакс. Хусусиятҳои усулии ҷомеа низ аз чунин ҳолати муносибатҳо қувват мегиранд.
Дар ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ ва таъмини бехатарии давлат ҳар як фард ва мақомоти давлатию ҷамъиятӣ масъулияти муайянро ба дӯш доранд. Давлат бояд низоми муташаккил ва мутамарказеро ташаккул диҳад, ки шахс, ҷомеа ва давлатро аз нооромию муқовиматҳо эмин дорад ва он аз ҳар гуна хавфу таҳдидҳо озод бошад, вагарна устувории иқтисодию иҷтимоиву сиёсӣ гирифтори буҳронҳо мегарданд.
Вобаста ба вазъияти инкишофи низоми нави олам, пайвастагиҳо, ҳамгироиҳо ва муносибатҳои мутақобилаи байниҳамдигарии омилҳои гуногуни сиёсати ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки масъалаҳои ҳимояи манфиатҳои миллию геополитикиро маҳз тавассути таъмини амният дар риштаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди инкишоф қарор диҳад.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабори дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои онҳо садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расиданд.
Ҷуғрофияи густариши ин омилҳо маҳдуд ба марзҳои ин ё он минтақаи ҷудогона нест, балки фарогири тамоми минтақаҳо ва ҳатто кишварҳои мутараққӣ низ мебошад. Қудратҳои ҷаҳонӣ бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро мубориза бурда, ҳамзамон, қисми дигари кишварҳои аврупоӣ ҷиҳати амалӣ намудани аҳдофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикии худ, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ин гурӯҳҳои тундравро дастгирӣ менамоянд.
Мавриди зикри хос аст, ки имрӯзҳо бозигарони геополитикӣ дар қиболи  халқиятҳое, ки пайрави дини мубини ислом мебошанд, аз ақидаҳои дин ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода мебаранд. Далелу рақамҳои мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро ба таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст. Вале дар ҳамин ҳол давлатҳои ин минтақа гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми зиёди сокинонашонро мусалмонон ташкил медиҳанд, «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо дар ҷодаи бунёди давлатӣ воқеан ҳам дунявӣ, собитқадам бошанд, зеро замоне, ки чунин кишварҳо рӯй ба дунявият оварданд, аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур мешаванд. Тамоми имконоту захираҳои дар ихтиёри ин мамлакатҳо буда барои амалисозии ниятҳои нек, ки моҳияти бунёдкорию созандагӣ доранд, равона мегарданд.
Бо назардошти авзои минтақа ва ҷаҳон имрӯз ҷомеаи Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, барои таъмини якпорчагии давлату миллат талош варзанд. Қобили зикр аст, ки дар самти баргардондани ҷавонони тоҷик аз ин манотиқи ҷангзада дар қонунгузории миллӣ тағйироти зарурӣ ва сабуккунанда дохил карда шуд, ки ихтиёран баргаштагонро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамоянд.
Сайфидин САЙФИДИНОВ, корманди Вазорати кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2019    №: 129    Мутолиа карданд: 378
16.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 51 КАС ШИФО ЁФТ

САФАРИ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО АБДУЛАЗИЗ МУҲАММАД АЛ-БОДИ

ЁВОН. КОНФЕРЕНСИЯ НАҲЗАТИЁНРО МАҲКУМ КАРД

АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД: «БОЛО БУРДАНИ НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АСОС НАДОРАД»

ТАҚОЗОИ ЗАМОН. БОЯД БА ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРЕМ

ТАҶҲИЗОТИ ПАРМАКУНӢ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ

ДМТ. ТАҚСИМОТ МОҲИ СЕНТЯБР СУРАТ МЕГИРАД

ДДОТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

ЁВОН. ПУЛИ МОШИНГАРД БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДАСТГОҲҲОИ НАФАСДИҲӢ МЕФИРИСТАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед