logo

туризм

РОМИТ – МИНТАҚАЕ, КИ БОЯД ДИД

Дараи Ромит бо мавзеъҳои диданӣ, обҳои мусаффову ширин, набототу ҳайвоноти нодир ва иқлими муътадил барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои васеъ дорад. Тибқи арзёбии мутахассисони соҳа, дар дараи Ромит намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла экологӣ, муолиҷавӣ, рекреатсионӣ, кӯҳӣ, сайругаштӣ ва варзишӣ, дар ҳоли рушд қарор доранд. 

Тавре Сулаймон Наҷмиддинов, мудири бахши рушди сайёҳии шаҳри Ваҳдат мегӯяд, айни замон дар минтақа зиёда аз 200 хонаи истироҳатӣ, 40 истироҳатгоҳи оммавӣ, 10 лагери мактабӣ, 4 боғи истироҳатӣ, резервати биосферии “Ромит” ва осоишгоҳу меҳмонхонаҳои муосир мавҷуданд.
Яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ, ки дер боз таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд, парваришгоҳ - резервати “Ромит” буда, дар масофаи 80 км дуртар аз шаҳри Душанбе, байни дарёҳои Сардаи Миёна ва Сорбо, дар масоҳати 16 100 гектар доман паҳн кардааст. Резервати биосферӣ бо мақсади ҳифз ва омӯзиши олами ҳайвоноту наботот, маҳдудсозии таъсирҳои антропегенӣ, гузарондани чорабиниҳои барқарорсозии объектҳои табиӣ соли 1959 таъсис ёфтааст. Роҳ ба сӯи резервати биосферии “Ромит” сайргоҳи ҳақиқиро мемонад. Аз як тараф кӯҳҳои  баланду сарсабз аз сӯи дигар дарёи сертуғёни Кофарниҳон касро ба олами табиии рангорангу  зебо ворид месозад. Дар он дарахтони гуногун, рустаниҳои шифобахш, ҳайвоноти нодир, аз қабили савсор, бабри барфӣ, хирси малла, ҳифз мегарданд.
Мавриди зикри хос аст, ки дараи Ромит барои ривоҷу равнақи  сайёҳии муолиҷавӣ низ имконияту захираҳои зиёд дорад. Минтақа дорои як қатор чашмаҳои шифобахш, ба монанди “Зайрон” ва “Оби шифо” мебошад, ки дар онҳо бемориҳои узвҳои ҳаракат, занона, пӯст ва амсоли инҳо табобат мешаванд.
Мувофиқи маълумотҳо, соли гузашта аз дараи Ромит беш аз 100 ҳазор сайёҳ дидан намуд, ки зиёд аз чор ҳазори онро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.
Чуноне Шамсиддин Холназаров, мутахассиси бахши рушди сайёҳии шаҳри Ваҳдат иброз дошт, бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) ва дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараи Ромит аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи Покрӯд – 2 истироҳатгоҳи оммавӣ, меҳмонхона, мағозаҳои фурӯши армуғон ва маҷмааи варзиш ба истифода дода шуданд. Инчунин, сохтмони дигар иншооти сайёҳӣ идома дорад, ки ба наздикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Зикрулло РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2019    №: 129    Мутолиа карданд: 191

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед