logo

иҷтимоиёт

ИФРОТГАРОӢ. "ТАҚЛИД" - РО БИШНОСЕМ

Агар баъзе аз ҳикмат ва масъалаҳоро бархе дуруст дарк мекунанду ҳамон тавр шарҳу тавзеҳ медиҳанд, то ҳақиқат рӯшани рӯшан бошад, тоифае ё худ гурӯҳе онро қасдан ҷилваи дигар медиҳанд. Бо ин ки медонанд мардумро ба гумроҳӣ мекашанд ва  аз асли худ дур месозанд.
Дар кишвари мо аз ин гурӯҳҳо пайдо шуда буданд ва аз ҳуқуқу озодиҳои демократӣ дар ин маврид суиистифода намудан мехостанд. Агар, воқеан, пеши роҳи онҳо гирифта намешуд ва фаъолияташон расману қонунан манъ намегардид, ҳароина ба бунёди истиқлолу ваҳдати миллии мо рахна ворид месохтанд. Онҳо ғаразҳои сиёсии худро бо ояҳо, ҳадисҳо ва ҳикматҳои бузургони олами ислому адабамон асоснок мекарданд.
Бо фитна, ки бадтар аз қатл ҳукм шудааст, ба ахлоқ ва ҳамаи арзишҳои неки миллӣ, диниву инсонӣ мухолифат меварзиданд.
Бадтар аз ин ҳама миллат ва давлатро аз миён бурдан мехостанд. Албатта, муваффақ нашуданд, чун эҳтироми ин арзишҳо ва арҷгузорияшон аз самтҳои муҳими сиёсати давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб мешуду мешавад. Бешак, ин гурӯҳу ҳаракатҳо чунин сиёсат ва муҳаббату эътиқоди мардумро тақлиди кӯр - кӯрона ва парастиши ниёгону хилофи дини мубини ислом маънидод мекарданд.
Ин гурӯҳ дар пиёда сохтани сиёсату ғаразҳои баду нопоки худ таълимдида, таҷрибаандӯхта буданд ва имкони зиёди ба сӯи худ кашидани мардум, хосса мардуми содаву ноогоҳ ва ҷавононро доштанд. Бо маблағҳои пулӣ баъзе аз дилҳои ноогоҳонрову  имонзаифонро гарм карда низ метавонистанд.
Имрӯз, дар фазои сулҳу субот ва оромии ҷомеа мо бештар ба моҳияту муҳимияти ташаббусҳову суханони пурҳикмату интихоби роҳи дурусту суханони қотеонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарфаҳм меравем. Ҳанӯз шаш сол пеш таъкид доштанд: «Ман бо камоли масъулият мегӯям, ки давлати Тоҷикистон ба ҳамаи динҳо эҳтиром мегузорад, вале ба хотири таъмини амният ва оромиву суботи ҷомеа пеши роҳи ҳама гуна ҷудоиандозиву тафриқаангезиро қотеона хоҳад гирифт».
Ҳамчунин, даҳ сол пеш, яъне соли 2009 Соли бузургдошти пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам эълон гардид. Ба ин муносибат ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» баргузор шуд. Мақсад аз ин таҷлил ва тадбирандешиҳои басо муҳим бедориву рушди тафаккури милливу динӣ, инчунин, шинохти ҳақиқат, муайян кардани мавқеву нагаравидан ба гурӯҳҳову ҳаракатҳои ифротиву тундгаро буд.
Онҳо ва ҳам фирқаҳое, ки муқобили дину мазҳаби мо рӯирост ва низ пинҳон набард эълон карда буданд, нахуст эътирози худро ба тақлидгарони миллат баён медоштанд. Дар назари аввал, чун кас аз ғаразҳои баду бозиҳои пуштипардагӣ огоҳ набошад, ҳатман ба тақлид ва ҳар чи ба он иртибот мегирад, зид мебарояд. Албатта, ба ин тасаввур, ки миллат бояд пеш биравад ва аз монеаи мавҷуда, яъне тақлид дурӣ бигузинад.
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!
Оё андешидем, ки ин байти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ борҳо истифода гардиду ба ҳар бор барғалат тафсир шуд? Байти мазкур барои ин гурӯҳи сиёҳкорон чи қимате дошт, чун ояҳои каломи раббонӣ ва ҳадисҳои набавиро дидаву дониста барои иҷрои мақсадҳои нопокашон чунин тафсир мекарданд? Дар ин сурат падарону бобоён ва ниёгони шарафманди моро бо тақлид гунаҳкор медонистанд ва санги маломат ба сӯяшон меандохтанд. Чи бадбахт мардуме, миллате мебудем, агар онҳо фирӯз мегардиданд ва моро ба куллӣ аз гузаштаи худ ҷудо менамуданд. Агар як шохаи дарахти мевадорро бибурӣ, он боз ҳатман панҷа мезанад, сарсабз мешавад ва бештар мева хоҳад дод. Аммо агар реша кандаву бурида шавад, умед бар самар намемонад. Ин боз дар ҳоле буду ҳаст, ки густариши ҷаҳонишавӣ ба мо ва миллатамон хавфу таҳдиди беандоза дошту дорад.
Ҳукми ояи қуръонӣ дар мавриди тақлиди ноҷои мушрикон аст, на мо. Онҳо ба эътирози паёмбарон ва ҳукми худовандӣ изҳор медоштанд, ки дар роҳи ҳамвору озмудашудаи ниёгон – падарону бобоёни худ ҳастем ва аз он барнамегардем. Мо, бешак, аз ин гурӯҳ нестем. Ниёгонамон ҳақиқати асилу софро дарёфтанд ва моро бо китобу ҳикмат дуруст раҳнамоӣ  карданд. Аз он берун қадам ниҳодану рафтан  гумроҳӣ, дур шудан аз ҳақиқат аст.
Мардуму миллате, ки роҳро нашинохтаанду ҳидояти дуруст наёфтаанд, маҳв гаштанду мегарданд. Аз худ бипурсем, ки оё мо дар пояи  паёмбар, имоми мазҳабамон, имом ал - Бухорӣ ва дигар мутафаккиронамон қарор дорем? Бартару беҳтар аз ҳукми раббонӣ ҳукм карда метавонем? Не, ба ҳеҷ ваҷҳ.
Пас итоат ва пайравӣ ё худ тақлид дар ин маврид мусбат мебошад, на манфӣ. Ин тақлидро наметавон кӯр-кӯрона хонду донист.
Муҷтаҳидон ё худ имомони мо, ки дар дониш ба қуллаҳои баланд расида буданд, ҳамаи тадбирҳои дурустро бароямон андешида ва роҳандозӣ кардаанд. Пас, пайравӣ ба онҳо бояд мояи шараф бошад, на бадномиву қафомондагӣ.
Аллома Муҳаммад Иқбол, ки худро аз шогирдони Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ меҳисобад, бо арзи муҳаббат ва ҳақиқат фармудааст:
Пири Румӣ хокро иксир кард,
Аз ғуборам ҷилваҳо таъмир кард.
Ӯ мавқеи тақлидро дар замонаи инҳитот, яъне таназзул аз иҷтиҳод авлотар медонад:
Музмаҳил (маҳвшаванда) гардад чу тақвими ҳаёт,
Миллат аз тақлид мегирад субот.

Роҳи обо рав, ки ин ҷамъият аст,
Маънии тақлид забти миллат аст.

Дар хазон, эй бенасиб аз баргу бор,
Аз шаҷар магсил ба уммеди баҳор...

Нақш бар дил маънии тавҳид кун,
Чораи кори худ аз тақлид кун...

Ақли обоят ҳавасфарсуда нест,
Кори покон аз ғараз олуда нест.

Фикрашон ресад ҳаме бориктар,
Варъашон бо Мустафо наздиктар.

Ҳамин тавр, мо, хоса ҷавонон, бояд зираку ҳушёр бошем, то ба ҳар васила роҳамонро назананду дар банди ҷаҳолат асирамон насозанд. Махсусан, дар ин рӯзгор, ки ба фитна ҳама дарҳоро мешикананд, бояд бештар огоҳ бошему ҳақиқатро бишносем. Аз хатарҳои ифротгароиву терроризм биандешем, барои ҳастии худ, миллат, истиқлолият, ваҳдати миллӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро биандешему амалӣ бинамоем.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2019    №: 129    Мутолиа карданд: 156

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед