logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИ ВАҲДАТ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОР

Тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат барои пайдо намудани ҷойи кор 4328 нафар муроҷиат карда, 1305 кас дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин гашт. Тибқи нақша, то охири сол боз 1495 ҷойи кори нав таъсис меёбад.

Бо ибтикори раёсат панҷ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуда, дар онҳо 58 корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва хоҷагиҳо ба корҷӯён ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намуданд. Аз ин ҳисоб 42 нафар бо кори доимӣ таъмин ва нафарони зиёд, хусусан бонувону ҷавонон, соҳиби роҳхат барои касбомӯзӣ гардиданд.
Баробари ин, ба 41 шаҳрванд барои пешбурди соҳибкорӣ 73 ҳазору 600 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд ва онҳо айни замон дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд.
Турсуналӣ Қурбонализода, сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, гуфт, ки талаботи бозори меҳнат ва номгӯи корҳои ҷамъиятиро омӯхта, дар асоси шартномаи тарафайн 150 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуд.
Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бонувон ба омӯзиши касбу ҳунар ва дар оянда бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 258 нафар ба курсҳои омӯзишӣ, аз ҷумла ба қолинбофӣ 30, бофандагӣ 49, адрасбофӣ 20, сабадбофӣ 15, дӯзандагӣ 114 ва қуроқдӯзӣ 30 кас ҷалб шуда, 500 нафар тариқи худмаблағгузорӣ соҳибкасб гардид. Ҳамчунин, 150 нафар, аз ҷумла аскарони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргашта ва шаҳрвандони аз маҳбас озодшуда, ба маблағи 20 ҳазору 700 сомонӣ кумакпулии яквақта гирифтанд.
- Дар ин давра 91 шаҳрванди эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонистанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷойи кор таъмин шуданд, - гуфт Т. Қурбонализода.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2019    №: 129    Мутолиа карданд: 338
16.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 51 КАС ШИФО ЁФТ

САФАРИ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО АБДУЛАЗИЗ МУҲАММАД АЛ-БОДИ

ЁВОН. КОНФЕРЕНСИЯ НАҲЗАТИЁНРО МАҲКУМ КАРД

АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД: «БОЛО БУРДАНИ НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АСОС НАДОРАД»

ТАҚОЗОИ ЗАМОН. БОЯД БА ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРЕМ

ТАҶҲИЗОТИ ПАРМАКУНӢ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ

ДМТ. ТАҚСИМОТ МОҲИ СЕНТЯБР СУРАТ МЕГИРАД

ДДОТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

ЁВОН. ПУЛИ МОШИНГАРД БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДАСТГОҲҲОИ НАФАСДИҲӢ МЕФИРИСТАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед