logo

ҳуқуқ

ҲАМОҲАНГӢ ДАР МУДОФИА. СОХТОРҲОИ МАРБУТА ТАВОНМАНДИҲОИ ХУДРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 5 - 6 июли соли равон дар пойгоҳи Вазорати мудофиаи кишвар бо иштироки роҳбарони мақомоти марказӣ ҷамъомади таълимӣ - методӣ доир гардид.
Тавре Ориф Нозимиён, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар рафти баргузории он котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, роҳбарон ва намояндагони тамоми сохторҳои низомии мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, масъулони вазорату кумитаҳо ва дигар шахсони расмӣ ширкат карданд.
 - Ҳадафи баргузории ҷамъомади таълимӣ - методии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими иқтидори мудофиавии давлат, сайқал додани ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо ҳангоми доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ мебошад, -  гуфт Ориф Нозимиён.
Дар рӯзи нахустини ҷамъомади таълимӣ - методӣ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ баромад намуда, оид ба моҳияти баргузории ин ҷамъомад, самтҳои афзалиятноки  ҳамкорию  ҳамоҳангсозии  мақомоти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои амниятӣ ибрози назар намуд.
Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо дар баромади худ вобаста ба сиёсати дифоии кишвар, вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, таҳдиди хатарҳои замони муосир ҳарф зад. Ба таъкиди Шералӣ Мирзо дар замони авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир зарур аст, ки ҳар шаҳрванди ватандӯст дар канори Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳифзи марзу буми кишвар, суботу оромии ҷомеа иқдом намояд.
Рӯзи дуюми ҷамъомади роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар машқгоҳи ҳарбии Фахрободи вилояти Хатлон идома ёфт. Аз рӯи мавзӯи баргузории ҷамъомади мазкур дар шароити дашту саҳро ва минтақаҳои аҳолинишин, бинову иншооти муҳими давлатӣ, мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ парвозҳои намунавии қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ ба амал бароварда шуд. 
Бахши амалии ин ҷамъомад бо тирпарронии ҷангии ҳайатҳои роҳбарию фармондеҳии сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар иштирокчиёни он бо намунаи тамоми силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ки аз тарафи ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ истифода мешаванд, маҳсуб меёфт.
Қисмати дигари ҷамъомад тариқи назариявӣ ҷараён гирифта, дар охир ба қисме аз иштирокчиёни ҷамъомади таълимӣ - методии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2019    №: 130    Мутолиа карданд: 237

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед