logo

иқтисод

ҚАРЗ. МУАММОИ САРБАСТАИ БОНКҲО ВА МУАССИСАҲОИ ҚАРЗӢ

Тибқи иттилои шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, қарздиҳии бонкҳо ва ташкилоту фондҳо ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта каме беҳтар шуда бошад ҳам, аммо ҳанӯз ҷавобгӯӣ талабот нест.
Дар ҳудуди вилоят шуъбаҳои 24 бонк, ташкилот ва муассисаҳои қарздиҳӣ амал мекунанд. Онҳо дар 5 моҳи соли ҷорӣ барои дастгирии 9 самти муҳими хоҷагии халқи вилоят дар маҷмӯъ, 559 миллиону 354 ҳазор сомонӣ қарз додаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 94 миллиону 985 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Мутаассифона,  таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 23 бонку муассисаҳои қарзӣ аз имкониятҳои доштаашон пурра истифода накардаанд, аз ҷумла Ориёнбонк бо ин мақсад ягон сомонӣ ҷудо накардааст.
Дар аксар мавридҳо қарзҳои додашуда ҳаҷман хурданд (барои мисол, Фурӯзи ноҳияи Фархор дар 5 моҳ - 2000 сомонӣ), ғайр аз ин, филиалҳои Амонатбонк дар 7, Эсхата дар 5, Имон Интернешнл дар 6, Имконият-Ховар дар 8, Оксус дар 3, Ҳумо дар 1, Финка дар 11, Фурӯз дар 12, Сарвати Вахш дар 13, Меҳнатобод дар 15,  Спитаменбонк ва Аввалин бонки молиявии хурд дар 16 ва Имдоди Хутал дар 19 шаҳру ноҳия ба мизоҷон қарз надодаанд.
Бонки байналмилалии Тоҷикистон, Чилучорчашма ва Рушди кӯҳистон ҳамагӣ дар дутоӣ, Коммерсбонки Тоҷикистон, Фазо-С, Пахтаобод, Мададгори Д., Солеҳин, Деҳқонариқ ва Тугаракиён дар яктоӣ шаҳру ноҳия ба эҳтиёҷмандон қарз додаанд, ки боиси ташвиши ҷиддист.
Ин дар ҳолест, ки аз ҷамъи умумӣ фаъолияти 17 муассиса маҳз аз ҷудо кардани қарз иборат аст, яъне онҳо фақат бо ҳамин мақсад ташкил карда шудаанд.  
Дар вилоят барои фонди дастгирии соҳибкорӣ дар панҷ моҳ аз ҷониби ягон муассиса ягон сомонӣ қарз ҷудо нашудааст. Аз ҷамъи умумии қарзҳои додашуда барои захираҳои фонди бозтамвил ва маблағгузории "иқтисоди сабз" 0,1,   рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 0,5, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва ипотека ҳамагӣ 0,9 дарсади он равона гардидааст, ки куллан ҷавобгӯи талабот нест. Маблағгузории аз ҳама зиёд ба соҳаҳои кишоварзӣ (34,5 %), саноат, сохтмон, нақлиёт (32,6%), савдои яклухт ва чакана (16,9 %) сурат гирифтааст.
Дар навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ, Носирӣ Хусрав, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувон баҳри рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки алҳол аз ҷумлаи соҳаҳои афзали иқтисоди мамлакат маҳсуб меёбанд, аз ҷониби ягон сохтори қарздиҳанда дар тӯли 5 моҳ ягон сомонӣ ҷудо нашудааст.   
Роҳбарону масъулони аксар шуъбаҳои бонк ва муассисаҳои қарзӣ сабаби ин вазъи ташвишоварро ба таъсири буҳрони амиқи иқтисодии ҷаҳонӣ рабт доданд. 
Масъулони ҶСК “Ориёнбонк”, мутаассифона, нахостанд, ки сабабҳои, умуман, ҷудо накардани қарз ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлонро шарҳ бидиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суҳбату вохӯриҳо бо таъкид ба зарурати додани қарз ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, ба  мутасаддиёни бонку муассисаҳои қарзӣ дастур медиҳанд, ки кори худро ба талаботи ҷомеа мувофиқ карда, на фоидаи шахсӣ, балки рушди зина ба зинаи иқтисодиёти мамлакатро дар мадди аввал гузоранд. Аммо чуноне мушоҳида мегардад, ин дастурҳои муфиди Пешвои муаззами миллат дар вилояти калонтарин ва сераҳолитарини кишвар ҳанӯз сари вақт ва ба таври зарурӣ амалӣ намегарданд. Хуб мебуд, агар сабаби инро масъулони идораҳои номбаршуда возеҳ шарҳ диҳанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2019    №: 130    Мутолиа карданд: 330
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед