logo

туризм

САЙЁҲӢ. РУШДИ ИН СОҲАИ МУҲИМ ДАР МИНТАҚАҲО БЕҲБУДИРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД

Қариб тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз мавзеъҳои сайёҳӣ ғанианд, вале дар аксари онҳо ақибмондагии инфрасохтори бозори хизматрасонӣ ба мушоҳида мерасад. Ин омили асосиест, ки ба рушди сайёҳӣ дар минтақаҳо монеъ мешавад.

ИНФРАСОХТОРИ БОЗОРИ ХИЗМАТРАСОНӢ– МУШКИЛИ АСОСИИ СОҲА
Бо вуҷуди шумораи зиёди иншооти ёрирасони объектҳои сайёҳӣ, таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки сатҳ ва сифати хизматрасонии танҳо 20 дарсади онҳо ба талаботи сайёҳони хориҷӣ мувофиқат менамоянд. Барои онҳо танҳо мавҷудияти мавзеи табиӣ басанда нест, зеро шароити беҳтари будубош ва хизматрасонии сатҳи муносиб афзалтар аст.
- Дар аксари минтақаҳои мамлакат хизматрасонӣ дар сатҳи паст қарор дорад, - мегӯяд Суҳроб Қурбонов, директори иҷроияи Ширкати сайёҳии «Бунёд Тур». - Масалан, дар шифохонаи «Авҷ»-и ВМКБ биноҳо фарсуда буда, хизматрасонӣ низ дар сатҳи зарурӣ нест. Чанде пеш мо ба ин шифохона сафар доштем, гарчанд мавсими истироҳату табобат оғоз нашуда буд, вале мизоҷони зиёд ба чашм мерасиданд. Утоқҳои қабули меҳмонон сард, шароити будубоши хуб надоштанд. Танҳо дар меҳмонхонаҳои Дарвоз, ки дарвозаи Бадахшон маҳсуб меёбанд, хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва шоёни ибрат аст.

ПОМИР ЧУН БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ШИНОХТА ШУДААСТ, АММО…
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати захираҳои табиӣ ва фарҳангӣ-таърихӣ аз дигар минтақаҳои кишвар тафовут дошта, ҷолибтарин минтақаи мамлакат маҳсуб меёбад. Табиати бою нотакрор, обу ҳавои мусоид, қуллаҳои барфпӯш ва қадимтарин ёдгориҳои таърихии он диққати ҷаҳонгардонро дер боз ҷалб сохтааст. Дар вилоят экосайёҳӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, сайёҳӣ дар деҳот, шикор ва навъҳои дигари туризм то ҷое ривоҷ ёфтаанд.
-Соли 2018 ба вилоят 15 235 сайёҳи дохилию хориҷӣ омадааст, - иттилоъ медиҳад Амринисо Ниёзбекова, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.  -Аммо барои Бадахшон, ки, аслан, бо номи Помир ё “Боми ҷаҳон” байни мардуми Аврупо маълуму машҳур аст, шумораи сайёҳони аз ин вилоят боздиднамуда назар ба дигар минтақаҳои кишвар кам мебошад.
Мувофиқи таҳлилу омӯзиши талаботи бозори сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, яке аз мушкилоте, ки ташрифи сайёҳонро ба ин минтақаи кишвар мушкил мегардонад, гирифтани иҷозатнома мебошад. Тибқи маълумоти раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, дар асоси қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 15 майи соли 1999, таҳти рақами 218) шаҳрвандони хориҷӣ бояд барои сафар ба минтақаҳои наздисарҳадӣ иҷозатнома гиранд. Дар раводиде, ки сайёҳон тариқи интернет дастрас мекунанд, нуқтаи сафар ба ВМКБ ҷой дорад ва агар сайёҳ онро пур намояд, дар баробари гирифтани раводид якбора иҷозатномаро ҳам дастрас мекунад. Дар ҳолати бе раводид ба Тоҷикистон сафар кардан, иҷозатномаро аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои хориҷӣ мегирад, ки раванди сафарро мушкил мегардонад. 
Ҷиҳати бартараф намудани ин монеа, мутахассисон пешниҳод медоранд,  ки иҷозатномаи сайёҳии дукарата ва гурӯҳӣ ба роҳ монда шавад. Яъне, бо як иҷозатнома сайёҳ тавонад ду маротиба ё бо гурӯҳи муайяни сайёҳон ба ВМКБ сафар карда тавонад.
Монеаи дигари рафтуомади озоди сайёҳон ба Тоҷикистон ва гузаштан аз сарҳади кишвар мақоми байналмилалӣ надоштани гузаргоҳи “Кулма”-и ноҳияи Мурғоб мебошад. Аз ин рӯ, мутахассисон зарур мешуморанд, ки гузаргоҳҳои мақоми байналмилалидошта зиёд карда шаванд.
  
ХАТЛОН МЕТАВОНАД МАКОНИ САЙЁҲИИ ТАЪРИХӢ – ФАРҲАНГӢ ГАРДАД
Тавре аз натиҷаҳои омӯзиши иқтидори туристии кишвар бармеояд,  вилояти Хатлон барои рушди сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ захираи кофӣ дорад. Асоси онро мавҷудияти 795 ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ,    монументалӣ, меъморӣ, зиёратӣ ва шароити нодири табиӣ, мероси фарҳангӣ ва этникии мардуми вилоят ташкил медиҳанд. Мувофиқи  иттилои Шамсулло Салимзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соли гузашта 225 ҳазору 846 сайёҳи дохиливу хориҷӣ ба вилоят омадаанд. 
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилоят 581-то буда, тибқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 – 2020 чор ёдгории таърихӣ, аз қабили қалъаи Ҳулбуки Восеъ, шаҳраки Тахти Сангини Қубодиён, мадрасаи Хоҷамашҳади Шаҳритуз ва Дайри буддоии Аҷинатеппаи Вахш ба феҳристи мероси ҷаҳони ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

МЕҲМОНХОНАҲО АЗ УСУЛИ “БОБОӢ” КОР МЕБАРАНД
- Дар вилояти Хатлон меҳмонхонаҳои хуб фаъолият мекунанд, вале онҳо ба шабакаи интернетӣ пайваст нестанд, - мегӯяд Суҳроб Қурбонов.
- Барои бо онҳо дар тамос шудан, лозим меояд, ки рақамҳои телефони мобилии онҳоро дастрас намоед. Дар ҳамин ҳол ҳам, онҳо мегӯянд, ки «вақте утоқҳо холӣ шуданд, мо ба шумо занг мезанем». Яъне, хизматрасонӣ ба таври “бобоӣ” ба роҳ монда шудааст. Вале талаботи рӯз дигар хел аст. Меҳмонхонаҳо бояд сомонаҳои худро дошта, дастрас бошанд ва ширкатҳои сайёҳӣ аз хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо истифода бурда тавонанд.
Дар Сари Хосор, ки яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии минтақаи Хатлон ба ҳисоб меравад, меҳмонхона вуҷуд надошт. Танҳо чанде пеш дар ин мавзеъ ба сохтмони меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасони сатҳи байналмилалӣ шурӯъ намуданд.
 - Чунин ҳолат дар дигар минтақаҳо низ дида мешавад, - гуфт Суҳроб Қурбонов. - Ҷиҳати беҳтар кардани фаъолият дар ин самт, мо бо роҳбарият ва кормандони меҳмонхонаҳо кор мебарем, мефаҳмонем, ки ба мо чӣ лозим аст ва ҳамкориҳо чӣ тавр бояд тавсеа ёбанд.

СУҒД АЗ ҶИҲАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ ПЕШРАФТАТАРИН АСТ
Дар вилояти Суғд инфрасохтори сайёҳӣ рушд карда, хизматрасонӣ нисбатан беҳтар ба роҳ монда шудааст. Бинобар ин, соли гузашта ба вилоят 850 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст. Дар семоҳаи аввали соли 2019 мувофиқи маълумоти гузаргоҳҳои сарҳадӣ 6,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вориди вилоят шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 маротиба зиёд мебошад.   
- Ба ин нишондиҳандаҳо, қабл аз ҳама, густариши муносибатҳо бо кишвари ҳамсоя, ба се забон фаъолият кардани сомонаи сайёҳии вилоят, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ба забонҳои хориҷӣ нашр шудани китоби раҳнамои сайёҳии вилоят бо номи “Туризм и ремесло” (северный Таджикистан) ва маҷаллаи «Tajikistan`s Guide» ва, муҳим аз ҳама, мавҷудияти кӯҳҳои Фон, Ҳафткӯл, Кӯли Калон, Искандаркӯл, Саразми бостон, Панҷакенти Қадим мусоидат карданд, - иброз дошт Абдумаҷид Раҳимов, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд. 
Бо вуҷуди пешравиҳо дар ин минтақаи кишвар камбудиҳо низ ҷой доранд. Дар мавзеъҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ насб нашудани ишораҳои сарироҳӣ ба забонҳои хориҷӣ, ташкил наёфтани сомонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ ҷумлаи онҳо мебошанд.

МЕҲМОННАВОЗӢ ФАРҲАНГИ МИЛЛИРО ТАҶАССУМ НАМОЯД
Хизматрасонии муносиб асоси муваффақият буда, қисми таркибии сайёҳӣ маҳсуб меёбад. Танҳо дар ин сурат  сайёҳӣ метавонад рушд карда, ба манбаи даромади доимӣ табдил ёбад.
Давлат Ҳабибов, раиси созмони ҷамъиятии Ассотсиатсияи шӯрои рушди туризм, дар ин хусус иброз медорад, ки барои он ки хизматрасонӣ дар сатҳи муносиб пешниҳод шавад, бояд, қабл аз ҳама, дар соҳа кадрҳои соҳибтахассус фаъолият баранд. Мардуми маҳаллӣ бо бартариятҳои соҳаи сайёҳӣ шинос карда шаванд.
Суҳроб Қурбонов мегӯяд, ки меҳмоннавозӣ дар баробари овардани манфиат бояд фарҳанги миллиро таҷассум намояд. Ҳарчанд хизматрасонӣ дар кишварҳои Аврупо сатҳу сифати баланд ва қобили қабул дорад, меҳмоннавозии миллии мо бо он рақобат карда метавонад. Дар ин росто, ҳамчунин, намои миллӣ доштани кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Зеро сайёҳон ҳангоми сафар ба кишвари мо дар баробари баҳра бардоштан аз зебоиҳои табиат ва огоҳӣ ёфтан аз таърихи куҳани кишварамон, метавонанд аз ҳунару маҳорати наққошону рассомон ва рангубори миллии тоҷикона таассурот бардоранд. Иҷрои ин ва дигар пешниҳоду тавсияҳо имкон медиҳанд, ки рушди муваффақонаи соҳаро солҳои наздик пешгӯӣ намоем. Дар сурати беҳбуд бахшидани хизматрасонӣ ва пешрафти инфрасохтор, ҳамаи дастоварду дороиҳо имкон медиҳанд, ки соҳа бамаротиб рушд ёбад.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2019    №: 130    Мутолиа карданд: 182

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед