logo

иқтисод

ПИСТАПАРВАРӢ. БЕПАРВОӢ БА НОБУДӢ МЕБАРАД

Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба рушди иқтисодиёти миллӣ, дар шароити табиии кишвар, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ҷангал, аз ҷумла писта, маҳсуб меёбад.

Дар асоси тадқиқоти илмӣ маълум гардид, ки шароити Тоҷикистон барои бунёди боғҳои  саноатии писта захираҳои зиёди заминҳои наздикӯҳӣ, минтақаҳои кӯҳсор ва  водиҳои лалмӣ, ки дар баландиҳои 500 – 1400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, истифода бурдан мумкин аст, чунки хусусиятҳои хоси биологию экологии писта, дар шароити гармиҳои хушк ва сардиҳои баланд тобовар будан, имкон  медиҳад, ки майдонҳои зиёд барои бунёду парвариши боғҳои саноатии писта аз худ карда дар тараққиёти соҳаи пистапарварӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии ин  минтақаҳои пистапарварӣ мусоидат намояд. Таҷрибаҳои сершумори мо нишон доданд, ки ҳосилбандии писта, пеш аз ҳама, ба дуруст интихоб намудани навъу шаклҳои серҳосили ояндадор ва иҷро намудани технологияи парвариши он вобаста мебошад.
Корҳои илмию тадқиқотӣ ва мушоҳидаҳои чандинсолаи олимони Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал имконият дод, ки аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ва минтақаҳои Осиёи Миёна 6 навъи пистаи маҳаллӣ, аз қабили  “Албина С - 11”, “Орзу С - 172”,  “Марвориди кӯҳӣ С - 20”, “Октябрск С - 177”, “Данғара С - 21”, “Сабоҳ С И - 5” ва “Хуросон С - 68” ноҳиябандӣ карда шаванд. Ин навъҳо дорои шаҳодатномаи муаллифӣ ва патент буда, дар Боғи коллексионии такягоҳи илмӣ – тадқиқотии «1100 - солагии Исмоили Сомонӣ» - и хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара ва «Манораи телевизион» - и хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон парвариш мешаванд. Ин навъҳои ояндадори серҳосил дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз санҷиш гузаштанд, ба касалӣ, ҳуҷуми ҳашаротҳо ва гармсел тобовар буда, барои бунёди боғҳои писта дар минтақаҳои ба боришот камтаъмин ва ба боришот таъмин тавсия мегарданд. Корҳои илмӣ - тадқиқотии мо дар интихоби навъ ва шаклҳои пистаҳои маҳаллӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки навъи пистаҳои мо  аз ҷиҳати сифат аз навъи пистаҳои дар шакли боғ парваришшавандаи мамлакатҳои Эрон, Туркия, Сурия, Калифорнияи ШМА камӣ надоранд.
Аз тухмӣ кишт намудани писта дар хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир  васеъ  ба роҳ монда шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ 83,5 ҳазор гектар пистазор дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ мавҷуд аст, ки аз он  43 ҳазор гектар дар шакли табиии худрӯй буда, 40,5 ҳазор гектар дар шакли боғ бунёд шудааст. Мутаассифона, ҳосилнокии онҳо на он қадар баланд аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки хоҷагидорон дар вақти кишт ва бунёди боғҳо ба интихоби навъу шаклҳои пурарзиш ва сифати тухмӣ аҳамият  надодаанд. Барои он ки ҳосилнокии пистазорҳоро баланд бардорем, корҳои селексиониро дар бунёди боғҳои писта дуруст ба роҳ монда, аз тухмиҳои босифати донакалони дарахтони навъу шаклҳои пурарзиши ба маҳал мувофиқи минтақабобгардида истифода барем.  Дуруст ба роҳ мондани  интихоби шаклу навъҳои пурарзиши писта дар бунёди боғ ба гирифтани ҳосили баланд мусоидат менамояд.
Ҳалли вазифаҳои мазкур қабули маҷмӯи тадбирҳоеро тоқазо мекунад, ки барои ташкили боғҳо бунёди ниҳолхонаҳо ва тухмипарварии навъҳои бақайдгирифташударо дар хоҷагиҳои ҷангали наҳияҳои Данғара, Хуросон, Фархор, Панҷ, Бохтар, Қубодиён, Шаҳритуз, инчунин, дар дигар шаклҳои хоҷагидорӣ васеъ ба роҳ монем. Айни ҳол дар такягоҳи илмӣ- тадқиқотии «1100 - солагии Исмоили Сомонӣ» - и хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара 70 гектар, дар такягоҳи илмӣ - тадқиқотии хоҷагии ҷангали Хуросон 40 гектар ва дар хоҷагиҳои  деҳқонии “Муҳаммад Эҳсонӣ” - и ноҳияи Темурмалик 15 гектар, хоҷагии деҳқонии “Бобои Хушвахт”, хоҷагии деҳқонии “Бибизуҳро” - и ноҳияи Фархор 10 гектар, ҶДММ “ Хушсифат” - и ноҳияи Восеъ 5 гектар “боғҳои модарӣ” аз навъу шаклҳои пурарзиш бунёд гардидаанд. Барои дар оянда рушд додани боғҳои саноатии писта дар ҷумҳурӣ шароит муҳайёст, ки ҳамасола аз тухму қаламчаи ҳар як навъу шаклҳои пурарзиши ин боғҳо 100 -150 гектар боғҳои навъи саноатӣ  бунёд кардан метавон.
Шароити мусоиди ҷумҳурии  мо имкон медиҳад, ки на фақат талаботи дохилӣ бо ниҳолу тухмии навъу шаклҳои пурарзиши писта таъмин шавад, балки  барои фурӯш берун аз ҳудуди кишвар низ бароварда шавад, чунки тухми навъҳои пистаҳои серҳосили мо дар мамлакатҳои ҳамсоя низ талаботи зиёд дорад.
Дар истеҳсолот васеъ ба роҳ мондани парвариши навъу шаклҳои ояндадори писта имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик  ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 8 – 10 - сентнерӣ расонда шавад.
Шариф ШАРИПОВ, ходими  калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмию  тадқиқотии хоҷагии ҷангал,
Фаридун ШАРИПОВ, аспиранти  Институти иқтисодиёти кишоварзии АИКТ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2019    №: 130    Мутолиа карданд: 329
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед