logo

Хабарҳо

Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз раванди корҳои сохтмонӣ ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар дидан кард.

Бояд гуфт, ки шоҳроҳ пойтахти мамлакатро бо маркази вилояти Хатлону ноҳияҳои он ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои минтақа пайваст менамояд.
Марҳилаи аввали сохтмон ва навсозии он 33, 2 километрро дар бар гирифта, баъди баистифодадиҳӣ роҳ аз категорияи III ба категорияи 1-Б гузаронда мешавад. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.
Тибқи нақша, дар ҷараёни таҷдид ва навсозӣ сохтмони 4 пул, 69 лӯлаи обгузар, васеъ кардани роҳ ва дар минтақаҳои аҳолинишин чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар аст.
Дар доираи сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дар иншооти гуногуни сохташаванда бештар ҷалб кардани сокинони маҳаллӣ, дар татбиқи марҳилаи якуми лоиҳа  аз шумораи умумии кормандон 482 нафарашро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳад.
Марҳилаи дуюми сохтмон ва навсозӣ 39, 6 километрро фаро гирифта, дар ин қитъа  як пул, 46 лӯлаи обгузар, мавзеи чорвогузар,  18 истгоҳ ва 3 гузаргоҳ бунёд гардида, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ карда мешавад.
Айни замон корҳои омодасозӣ бо суръат ҷараён дошта, мувофиқи нақша соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Аснои шиносоӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои сохтмону навсозиро вусъат бахшида, ин иншооти муҳимро дар муҳлати муайяншуда, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба истифода диҳанд.
АМИТ "Ховар"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 164

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед